ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» ва моддаи 396 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
2. Номгӯйи фаъолияти инноватсионию технологӣ тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 июли соли 2024, № 440
...