ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи гирифтан ва ба Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров додани қитъаи замин
Мутобиқи моддаҳои 261, 29, 30 ва 41 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзии Ҷамияти саҳомии кушодаи ба номи С.Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони 2,0 гектар замини боғи обӣ гирифта, ба истифодаи бемуҳлат бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ ба Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои васеъ намудани оромгоҳи «Гунбаз» дода шавад.
2. Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:
- то гирифтани китъаи замин товони зарари заминистифода- барандаро дар хаҷми пурра ҷуброн намояд;
- қитъаи замини додашударо тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода намояд.
3. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷатҳои кадастри замин тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 июли соли 2024, № 439
...