Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2024, № 424 "Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории разведкавӣ байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати разведкаи умумии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ"

Санаи амалкуни: 27.07.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории разведкавӣ байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати разведкаи умумии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории разведкавӣ байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати разведкаи умумии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ маъқул дониста шавад.
  2. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
  3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сана ва маҳалли баимзорасонии Ёддошти тафоҳуми мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 июли соли 2024, № 424

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории разведкавӣ байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати разведкаи умумии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати разведкаи умумии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (минбаъд «Тарафҳо» ва дар алоҳидагӣ «Тараф» номида мешаванд) бо хоҳиши таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи разведка мутобиқи қонун, қоида ва дастурҳои дар ҳарду кишвар татбиқшаванда ва аз рӯйи имкониятҳои мавҷуда,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1 Мақсад 

Ҳадафи Ёддошти тафоҳуми мазкур фароҳам овардани замина барои ҳамкории Тарафҳо дар мубодилаи иттилооти разведкавӣ ва таҷриба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи умумӣ мебошад.

Моддаи 2 Соҳаҳои ҳамкорӣ

Ҳамкории Тарафҳо дар самтҳои зерин сурат мегирад:

- мубодилаи иттилооти разведкавӣ дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисодиёт, ки ба манфиати Тарафҳо вобастагӣ дорад;

- мубодилаи иттилооти разведкавӣ оид ба терроризм, гурӯҳҳои экстремистӣ, ҷиноятҳои муташаккил, пулшӯӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, савдои одамон, истисмори кӯдакон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ, ҷиноятҳое, ки ба шабакаҳои телекоммуникатсионии беноқил нигаронида шудаанд, инчунин маълумот оид ба усулҳои нави ошкор ва мубориза ба муқобили шахсоне, ки дар чунин ҷиноятҳо иштирок доранд;

- мубодилаи гузоришҳои таҳлилӣ оид ба таҳаввулоти амниятӣ дар минтақа, ки метавонад ба амнияти миллии ҳарду Тараф таъсир расонад;

- гузарондани чорабиниҳои муштарак доир ба муайян намудан, огоҳонӣ ва пешгирии ҷиноятҳое, ки ба амнияти кишварҳои Тарафҳо хатар эҷод мекунанд;

- пешгирӣ намудани таҳсили ғайриқонунии шаҳрвандони Тарафҳо дар ҳудуди якдигар ва мубодилаи маълумот дар ин хусус;

- мубодилаи маълумот дар бораи таҷҳизоти техникӣ ва технологияҳои муосири разведка;

- ҳамоҳангсозӣ ва табодули маълумот дар бораи шахсоне, ки аз ҷониби суд дар ҷустуҷӯ қарор дошта, дар ҳудуди яке аз Тарафҳо будубош мекунанд;

- расондани кумакҳои моддию техникӣ;

- табодули коршиносон, мубодилаи таҷриба ва баргузор кардани давраҳои омӯзишӣ;

- самтҳои дигаре, ки Тарафҳо дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур ба мувофиқа расидаанд.

Моддаи 3 Махфият
  1. Тарафҳо уҳдадоранд, ки маълумоти гирифташударо бе розигии хаттии Тарафи пешниҳодкунанда ба ҷониби сеюм ифшо накунанд.
  2. Маълумоти табодулшуда танҳо бо мақсадҳое истифода мешавад, ки Тарафи пешниҳодкунандаи он муайян кардааст.
  3. Тарафе, ки маълумотро пешниҳод мекунад, бояд Тарафи қабулкунандаро дар бораи истифодаи он огоҳ намояд.
  4. Ҳар яке аз Тарафҳо барои нигоҳ доштани махфияти маълумоти аз шахсони ваколатдор гирифташуда масъул буда, барои сари вақт расонидани маълумоти дахлдор ба Тарафҳо уҳдадор мебошад.
  5. Дар сурати ифшо гардидани маълумоти мубодилашаванда, ки метавонад маълумоти мубодилашавандаро зери хатар гузорад, Тарафи ифшонамуда фавран Тарафи дигарро огоҳ мекунад ва барои пешгирӣ кардани оқибатҳои он бозсанҷии ифшошавӣ анҷом медиҳад.
  6. Муқаррароти дахлдор оид ба махфияти маълумот, ҳуҷҷатҳо дастгоҳҳо, таҷҳизот ва маводди техникӣ ҳатто пас аз ба охир расидани муҳлат ё қатъи амали Ёддошти тафоҳуми мазкур эътибори худро нигоҳ медоранд, агар Тарафҳо дар шакли хаттӣ оид ба тартиби дигар ба мувофиқа нарасанд.
Моддаи 4 Хароҷоти молиявӣ

Ҳар яке аз Тарафҳо хароҷоти худро, ки дар рафти амалисозии Ёддошти тафоҳуми мазкур ба миён меояд, аз ҳисоби имкониятҳои мавҷудааш ба уҳда мегирад, агар Тарафҳо оид ба тартиби дигаре ба мувофиқа нарасонад.

Моддаи 5 Ҳалли баҳсҳо

Ҳама гуна баҳсҳо байни Тарафҳо вобаста ба шарҳ ва амалисозии Ёддошти тафоҳуми мазкур бо роҳи гуфтушуниди Тарафҳо ва роҳҳое, ки ба манфиати ҳарду Тараф мебошанд, дӯстона ҳал карда мешаванд.

Моддаи 6 Шахси масъул 

Ҳар яке аз Тарафҳо афсари алоқаро, ки барои осон кардани расмиёт ва назорати иҷрои фаъолият дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур масъул мебошад, ба таври хаттӣ таъин менамояд.

Моддаи 7 Моликияти зеҳнӣ

Тарафҳо ба ҳуқуқи моликияти зеҳнии дар натиҷаи ҳама гуна лоиҳаи муштарак ё фаъолияти дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур бамиёномада эҳтиром мегузоранд.

Моддаи 8 Муқаррароти ниҳоӣ
  1. Ёддошти тафоҳуми мазкур аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ дар хусуси иҷрои расмиёти дохилидавлатии барои тасдиқи он зарурӣ, ки байни Тарафҳо тавассути афсари алоқа мубодила шудааст, эътибор пайдо мекунад.
  2. Ёддошти тафоҳуми мазкур аз санаи эътибор пайдо кардан се сол эътибор дорад. Он худ аз худ ба як давра ё чунин давраҳо тамдид мегардад, агар яке аз Тарафҳо ба Тарафи дигар дар бораи хоҳиши қатъ кардан ё тамдид накардани муҳлати он на камтар аз се моҳ қабл аз анҷоми давраи эътибори он ба таври хаттӣ тавассути афсари алоқа хабар надиҳад.
  3. Ба Ёддошти тафоҳуми мазкур бо розигии хаттии Тарафҳо метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Тағйиру иловаҳо мувофиқи тартиби пешбининамудаи банди 1 моддаи мазкур эътибор пайдо намуда, бо протоколҳои алоҳида, ки қисми ҷудонашавандаи Ёддошти тафоҳуми мазкур мебошанд, ба расмият дароварда мешаванд.
  4. Дархости қатъи амали Ёддошти тафоҳуми мазкур, лоиҳаҳо ва барномаҳои дар доираи он амалкунанда эътибори худро нигоҳ медоранд, агар Тарафҳо дар шакли хаттӣ оид ба тартиби дигар ба мувофиқа нарасанд.

Ёддошти тафоҳуми мазкур дар шаҳри «____» ________ соли ____ дар ду нусхаи аслӣ бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ ба имзо расонида шуд, зимнан ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд. Дар сурати ба миён омадани ихтилоф дар тафсир ё амалисозии он, бартарӣ ба матни англисӣ дода мешавад.


Аз ҷониби

Кумитаи давлатии амнияти

миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби

Раёсати разведкаи умумии

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Меморандума о взаимопонимании в области разведывательного сотрудничества между Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан и Генеральным разведывательным управлением Королевства Саудовской Аравии

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

  1. Одобрить проект Меморандума о взаимопонимании в области разведывательного сотрудничества между Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан и Генеральным разведывательным управлением Королевства Саудовской Аравии.
  2. Председателю Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан подписать настоящий Меморандум о взаимопонимании и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.
  3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с Королевством Саудовской Аравии дату и место подписания настоящего Меморандума о взаимопонимании.
 Председатель Правительства Республики Таджикистан        Эмомали Рахмон
Г.Душанбе от 27 июля 2024 года №424

Прилагается на тадж.яз