ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»
Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2024, №2166 «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 июли соли 2024, № 419
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 июли соли 2024, № 419
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намуданн тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»-ро, ки бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2024, №2166 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст, баррасӣ карда, оид ба моддаи 1 пешниҳоди зеринро манзур менамояд:
- Ба қисми 1:
- сархатҳои якум ва сеюм хориҷ карда шаванд, зеро мафҳумҳои иловашаванда дар матни Қонуни мазкур истифода нашудаанд:
- сархати дуюм таҷдиди назар карда шавад, зеро таҳрири нави мафҳуми «муҳоҷирати экологӣ» бо мафҳуми «муҳоҷири экологӣ» номутобиқ мебошад, ки ин боиси ба миён омадани гуногунфаҳмӣ ва мушкилот мегардад.
- Қисми 3 дар тақрири зерин ифода карда шавад:
«3. Қисми 4 моддаи 8:дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Дароз кардани муҳлати раводид барои рафтуомади кормандони муҳоҷир тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.».».
- Дар қисми 6:
- дар сархати якум калимаи «фарзандхондишудаҳо» ба калимаи «фарзандхондшудагон» иваз карда шавад;
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- дар қисми 2 калимаҳои «кӯдакони то синни ҳаждаҳсола бо розигии падару модар ва падархонди (модархонд, васиён ё сарпарасторони)» ба калимаҳои «кӯдакон бо розигии падару модар, фарзандхондагон, васиён ё парасторони» иваз карда шаванд.».
- Қисми 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«7. Қисми муқаддимавии моддаи 21 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«7. Асосҳои рад намудани додани иҷозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд:».».
- Дар қисми 8 калимаи «фарзандхондишудаҳо» ба калимаи «фарзандхондшудагон» иваз карда шавад.
Ҳамзамон дар лоиҳа хатоҳои имлоӣ, грамматикӣ ва техникии дигари ҷойдошта ислоҳ гардида, матни забони русии он ба матни забони тоҷикӣ мутобиқ карда шавад.
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О миграции»
Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 29 апреля 2024 года, №2166 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О миграции». Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О миграции».
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 27 июля 2024 года №419
Прилагается на тадж.яз