ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»
Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2024, №2189 «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 июли соли 2024, № 418
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 июли соли 2024, №418
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»-ро, ки бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2024, №2189 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, баррасӣ карда, вобаста ба моддаи 1 чунин пешниҳод менамояд:
- қисми 4 таҷдиди назар карда шавад, зеро бо ворид намудани тағйири мазкур ҷумла коста ва душворфаҳм мешавад;
- дар қисми 5:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- дар қисмҳои 1 ва 3 калимаҳои «қаламрави» ва «мӯҳлатҳои» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди» ва «муҳлатҳои» иваз карда шаванд;»;
- сархатҳои чорум, панҷум, ҳаштум, нуҳум ва даҳуми қисми 2 иловашаванда таҷдид карда шаванд, зеро сархатҳои зикршуда ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист набуда, дар амалия гуногунфаҳмиро ба миён меорад;
- дар сархати сеюм пас аз калима ва рақами «ва 4» калимаи «мувофиқан» илова карда шавад.
Дар лоиҳа хатоҳои имлоию техникии дигар ислоҳ карда шуда, матни забони русӣ ба матни забони давлатӣ мутобиқ карда шавад.
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «Об экологическом мониторинге»
Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 6 мая 2024 года, №2189 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «Об экологическом мониторинге», Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «Об экологическом мониторинге».
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 27 июля 2024 года №418
Прилагается на тадж.яз