ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2024, №2153 «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 июли соли 2024, № 416
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 июли соли 2024, № 416
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2024, № 2153 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, нисбат ба моддаи 1 таклифҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- оид ба қисми 1 лоиҳа, қисми 2 ба моддаи 7 иловашаванда дар иртибот бо номи моддаи 7 Кодекси мазкур хориҷ карда шавад, зеро он мавзуи танзими моддаи мазкур намебошад;
- дар қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 3973 иловашаванда калимаҳои «дахлдори аз ҷониби давлатҳои хориҷии вакилкунанда додашуда», «дахлдор, ки давлати хориҷии вакилкунанда додааст» ва «дахлдоре, ки давлати хориҷии вакилкунанда додашуда ба намояндаи ин давлати хориҷӣ додааст» ба калимаи «тасдиқкунанда» иваз карда шавад;
- вобаста ба моддаи 3975 иловашаванда:
- қисми 1 бинобар номушаххас ифода ёфтан ва ба миён овардани гуногунфаҳмӣ таҷдид гардида, зарурати он дар иртибот бо муқаррароти қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур бознигарӣ карда шавад;
- аз қисми 2 калимаҳои «бошанд» ва «накашида бошад» мувофиқан ба калимаҳои «аст» ва «накашидааст» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «накашида бошад» ба калимаи «накашидааст» иваз карда шавад;
- қисми 3 ба моддаи 3977 иловашаванда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Агар маводи дар парванда мавҷудбуда ба суд барои баровардани хулоса дар маҷлиси пешакии судӣ оид ба мавҷуд будани масунияти судии давлати хориҷӣ нисбат ба баҳси баррасишаванда имкон надиҳад, ин масъала бояд дар рафти муҳокимаи судӣ ҳал карда шавад.»;
- қисми 1 моддаи 3978 ба Кодекси мазкур иловашаванда бо дар назар доштани муқаррароти моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷдид ва такмил дода шавад;
- оид ба моддаи 3979 иловашаванда:
- аз қисми 1 калимаҳои «дар» ва «, суд» хориҷ карда шаванд;
- ба қисми 3 пеш аз калимаи «мутақобила» калимаи «принсипи» илова карда шавад;
- оид ба моддаи 39710 иловашаванда:
- қисми 1 равшану возеҳ набуда, мушаххас ва дақиқ ифода карда шавад;
- аз қисми 2 калимаҳои «ба сифати» ва «ва» хориҷ карда шаванд.
Ҳамзамон хатоҳои имлоӣ, грамматикӣ ва техникии дигари лоиҳа ислоҳ гардида, матни забони русӣ ба матни забони тоҷикӣ мутобиқ карда шавад.
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Гражданский процессуальный кодекс Республики Таджикистан»
Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 22 апреля 2024 года, №2153 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Гражданский процессуальный кодекс Республики Таджикистан», Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Гражданский процессуальный кодекс Республики Таджикистан».
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 27 июля 2024 года №416
Прилагается на тадж.яз