ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2024, №2152 «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 июли соли 2024, № 415
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 июли соли 2024, № 415
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон»
...