Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2015 "Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистои ва бо мақсади татбиқи Лоиҳаи "Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ" аз 30 июли соли 2014 (Н964-ТJ), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ" таъсис дода, Оинномаи он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Муассисаи давлатии "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ" дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор, рӯйхати мансабҳо ва сметаи хароҷоти барои нигоҳдории Муассисаи давлатии "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ"-ро таҳия ва тасдиқ намояд.

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ"-ро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳал намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 16 январи соли 2015 № 4

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного учреждения "Развитие предпринимательства в сельском хозяйстве"

В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и в целях реализации Проекта "Коммерциализация сельского хозяйства" от 30 июля 2014 года (H964-TJ), Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Государственное учреждение "Развитие предпринимательства в сельском хозяйстве" и утвердить его Устав (прилагается).

2. Государственному учреждению "Развитие предпринимательства в сельском хозяйстве" по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан и Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан разработать и утвердить структуру, штатное расписание и смету расходов на содержание Государственного учреждения "Развитие предпринимательства в сельском хозяйстве".

3. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан и Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан в порядке, установленном законодательством, решить организационно - правовые вопросы Государственного учреждения "Развитие предпринимательства в сельском хозяйстве".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                       Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 16 января 2015 года, № 4