ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
- Лоиҳаи Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон маъқул дониста шавад.
- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли баимзорасонии Созишномаи мазкурро бо ҷониби Покистон мувофиқа намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2024, № 840
Лоиҳа
Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон
Муқаддима
Дар асоси руҳияи муносибатҳои ибратбахш ва деринаи байни ҳукуматҳо ва мардуми Тоҷикистон ва Покистон;
бо тасдиқи пайвандҳои тағйирнопазири мазхаби умумӣ, таърихи муштарак, мансубияти фарҳангӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ дар асоси принсипҳои Оинномаи СММ;
бо таъкид ба иродаи табдил додани муносибатҳои самимии дуҷониба ба шарикии устувор, дарозмуддат ва мутақобилан судманди стратегӣ;
бо изҳори азму талош барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи Тарафҳо ба дидгоҳи умумӣ барои таҳкими сулҳ, шукуфоӣ ва рушди халқҳои худ ва минтақа;
ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Покистон дар бораи ба роҳ мондани шарикии стратегӣ ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1. Сиёсӣ
а)Ҳавасмандгардонии рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба
дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи Тарафҳо тавассути мубодилаи мунтазам ва
назарраси дуҷониба, ҳамкорӣ ва робитаҳо дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла сафарҳои сатҳи
олӣ ва табодули парлумонӣ;
б) таъсиси Шурои муколамаи стратегии мудирият миёни роҳбарони ду кишвар, ки дар ду сол як маротиба вохӯрда, самтҳои стратегӣ ва масири муносибатҳои дуҷонибаро муайян менамоянд; баъд аз он баргузории ҷаласаи солонаи Форуми муколамаи вазирони корҳои хориҷӣ бо мақсади баррасии вазъият ва пешрафт дар тамоми доираи муносибатҳои дуҷониба, пайгирии мунтазам ва татбиқи қарорҳои дар сатҳи роҳбарон қабулшуда;
в) идома додани ҳамкорӣ ва таҳкими кӯшишҳои мутақобила дар қолабҳои бисёрҷониба, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва созмонҳои дигари глобалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳама масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, бахусус дар робита ба таъмину таҳкими сулҳ, амният ва суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ; ҳамсозии динӣ, исломхаросӣ, тағйирёбии иқлим, ҳадафҳои рушди устувор, ҳифзи сулҳ, мубориза бо терроризм ва дастгирии мутақобилаи номзадҳо ба созмонҳои гуногуни минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин мақомоти бисёрҷониба.
Моддаи 2. Савдо ва сармоягузорӣ
а) Такмили равобити дуҷонибаи тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва бонкӣ, аз ҷумла тавассути диверсификатсияи тиҷорат ва муайян кардани бахшҳои нав ва эҳтимолӣ, роҳандозии тамоси соҳибкорон, баргузории намоишгоҳҳои тиҷоратӣ ва барқарор намудани робитаҳо байни мақомоти рушди тиҷорат ва палатаҳои савдои ҳарду кишвар;
б) таҳкими механизми институтсионалии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ тавассути гузаронидани ҷаласаҳои мунтазами Комиссияи муштараки вазирони корҳои хориҷӣ, гурӯҳҳои муштараки корӣ (дар соҳаи савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт, ҳамкории саноатӣ, кишоварзӣ, маориф, илм ва технология, сайёҳӣ, энергетика ва инфрасохтор, нафту газ ва мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ) ва Шурои муштараки соҳибкорон ва фаъолона иҷро кардани қарорҳои онҳо;
в) такмили заминаи ҳуқуқӣ тавассути бастани Созишномаи мазкури савдои имтиёзнок ва Созишномаи тиҷорати транзитӣ, ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва сарҳадӣ, мусоидат ба фазои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла энергетика, инфрасохтор, нақлиёт, технологияҳои коммуникатсионӣ, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ ва чорводорӣ ва муҳити зист.
Моддаи 3. Амният ва мудофиа
а) Ташкил намудани Форуми муколамаи фармондеҳони артиши ду кишвар, ки ҳар сол ҷамъ омада, ҳамкории дуҷониба дар соҳаи мудофиаро ба таври ҳамаҷониба баррасӣ менамоянд ва оид ба вазъи сулҳу амнияти минтақавӣ табодули афкор мекунанд. Форум метавонад дар самтҳои зарурии ҳамкориҳои мудофиавӣ иртибот дошта бошад;
б) густариши ҳамкориҳои мудофиавӣ тавассути идомаи табодули мудофиавӣ, вохӯриҳои мунтазами чаҳорчӯби институтсионалӣ, омӯзиш ва таҳкими иқтидори ҳайати шахсӣ, тамринҳои муштараки ҳарбӣ, таъмини таҷҳизоти низомӣ ва суръатбахшии раванди татбиқи шартномаҳои бахши мудофиавӣ;
в) омӯзиши самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мубориза бар зидди терроризм, табодули иттилоот, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва одамон, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардашуда ва киберҷиноятҳо.
Моддаи 4. Энергетика ва пайвастагӣ
а) Тақвият додани ҳамкориҳои пайваста дар соҳаи энергетика бо тамаркуз ба нафт, гази табиӣ, ангиштсанг, гидроэнергетика, захираҳои геотермалӣ ва барқароршаванда, энергияи шамол/офтоб, татбиқи саривақтии лоиҳаи энергетикии CASA-1000, муайян кардани самтҳои нави ҳамкорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои нафт, газ, об ва энергетика;
б) такмили ҳамгироӣ ва пайвастагии минтақавӣ тавассути таҳкими робитаҳои нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ, муайян кардани долонҳои сершумори пайвастшавӣ ва лоиҳаҳои муштарак, фаъолият ва татбиқи заминаи ҳуқуқии мавҷуда, аз ҷумла Созишномаи чорҷонибаи ҳамлу нақли тарнзитӣ (QTTA), Конвенсияи TIR ва рушди робитаҳои роҳи оҳанӣ тавассути пайваст кардани Тоҷикистон бо Роҳи оҳани фароафғонӣ;
в) густариши ҳамкориҳо дар соҳаи ҳамлу нақли баҳрӣ ва фаъолияти муштарак ҷиҳати пешниҳод намудани иншооти берун аз бандарӣ/анбор барои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва транзитӣ;
г) ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои коммуникатсионӣ ва рақамӣ, хизматрасониҳои фарогир ва почта дар доираи усули баробарӣ, мутақобила ва манфиатҳои умумӣ мутобиқи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ, қоидаҳо ва муқаррарот.
Моддаи 5. Фарҳанг, сайёҳӣ на табодули инсонӣ
а) Тақвият додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, аз ҷумла тавассути роҳандозӣ намудани робитаҳои доимии институтсионалӣ байни ташкилотҳои миллии фарҳангӣ, гузаронидани намоишгоҳхои фарҳангии солонаи муштарак ва ҳафтаҳои фарҳангӣ, табодули дастаҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои калон ва намоиши филмҳо/драмаҳо, филмҳои мустанад (ҳуҷҷатӣ) бо тарҷума ба забонҳои маҳаллӣ;
б) гузаронидани барномаҳои муштараки таҳкими иқтидори тадқиқотӣ ва табодули иттилоот дар соҳаҳои бостоншиносӣ, барқарорсозӣ ва ҳифзи мерос, ёдгориҳо, ҷойҳои бостоншиносӣ ва осорхонаҳо;
в) густариши робитаҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла тавассути роҳандозии ҳамкориҳо байни донишгоҳҳои пешқадам, муассисаҳои академикӣ, тадқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ, пешниҳоди бурсияҳо ба донишҷӯён ва табодули омӯзгорон ва муайян намудани лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ;
г) густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ тавассути ваколатдорони мақомоти ваколатдори сайёҳии Тарафҳо мусоидат ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар рушди инфрасохтор, саёҳати тандурустӣ ва осон кардани раванди гирифтани раводид ва расмиёти сайёҳон, донишҷӯён, соҳибкорон ва беморон.
Моддаи 6. Накшаи чорабиниҳо (2021-2023)
а) Инчунин тасмим гирифта шуд, ки дар доираи ин Созишномаи мазкур дар давоми ду сол барои татбиқи он «Нақшаи амал»-и фарогир омода карда шуда, робитаҳои дуҷониба дар доираи панҷ самти зерин густариш дода шаванд:
I. Сиёсӣ;
II. Тиҷорат ва сармоягузорӣ;
III. Энергия ва пайвастагӣ;
IV. Амният ва мудофиа;
V. Тамоси инсонӣ.
Моддаи 7. Баҳсҳо ва эътибор пайдо кардани санади мазкур
а) Ҳама гуна баҳсҳо тавассути машварат ва гуфтушунидҳо ҳал карда мешаванд.
б) Созишномаи мазкур пас аз гузаронидани расмиёти дохилидавлатии Тарафҳо эътибор пайдо мекунад.
в) Созишномаи мазкур ба уҳдадориҳои Тарафҳо, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, дахл намекунад.
Созишномаи мазкур дар ________ «__»________соли 2024 дар ду нусхаи аслӣ, ҳар кадоми он ба забонҳои тоҷикӣ, ва англисӣ ба имзо расонида шуд.
Дар сурати ихтилофот дар тафсири муқаррароти Созишномаи мазкур, ба матни англисӣ афзалият дода мешавад.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон |