Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2024, № 398 "Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ"

Санаи амалкуни: 01.07.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ маъқул дониста шавад.

2. Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми иловагиро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо ҷониби Покистон сана ва маҳалли ба имзо расондани Ёддошти тафоҳуми иловагии мазкурро мувофиқа намояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2024, № 398

Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ

Ҳайатҳои намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон, Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон (минбаъд - «Тарафҳои Аҳдкунанда»).

бо хоҳиши ворид намудани тағйирот ба Ёддошти тафоҳум, ки моҳи октябри соли 2009 байни Тарафҳо ба имзо расонида шудааст ва Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ (минбаъд - «Созишнома»), ки моҳи марти соли 2010 байни ду Тараф ба имзорасонида шуда ва баъд аз он муваққатан то эътибор пайдо кардани он ба таври расмӣ татбиқ карда мешаванд,

ҷиҳати мусоидат намудан ба густариш додани ҳамкориҳо байни ширкатҳои ҳавопаймоии таъйингардида, муқаррароти зеринро оид ба истифода намудан аз ҳуқуқҳои 5-уми ҳаракати фазои озод, хизматрасонии КОД-ШЕРИНГ ва Созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба хатсайрҳои байналмилалии ҳавоӣ дар ҳудудҳои ҳудуди дахлдори худ ва берун аз он ба мувофиқаи зерин расиданд;

Истифодаи дараҷаи 5-уми фазои озод

Ширкатҳои ҳавопаймоии таъингардидаи ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда ҳуқуқ доранд, ки истифодаи дараҷаи 5-уми ҳаракати фазои озодро ба таври зерин истифода баранд:

1. Барои ширкатҳои ҳавопаймоии таъингардидаи Тоҷикистон

Ширкатҳои ҳавопаймоии таъингардидаи Тоҷикистон метавонанд дараҷаи 5-уми фазои озодро дар ҳама нуқтаҳои дохилӣ ва берун аз он (ба истиснои нуқтаҳо дар кишварҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Уммон, Қатар, Баҳрайн, Кувайт, Чин, Британияи Кабир, Италия, Фаронса, Скандинавия, Испания ва Канада) ҳангоми иҷрои хатсайрҳои байналмилалии ҳавоӣ ба/аз Покистон истифода намоянд.

2. Барои ширкатҳои ҳавопаймоии таъингардидаи Покистон

Ширкатҳои ҳавопаймоии таъингардидаи Покистон метавонанд дараҷаи 5-уми фазои озодро дар ҳама нуқтаҳои фосилавӣ ва берун аз он (ба ғайр аз иҷрои парвозҳо ба/аз самти Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой) ҳангоми иҷрои хатсайрҳои байналмилалии ҳавоӣ ба/аз Тоҷикистон истифода намоянд.

3.Истифодаи дараҷаи 5-уми ҳаракати фазои озод, ки дар бандҳои (1) ва (2) дар боло зикргардида барои ширкатҳои ҳавопаймоии ҳарду Тарафи Аҳдкунанда танҳо то охири мавсими банақшагирии IATA Зимистони-2024/25 дастрас боқӣ мемонад, то замоне ки яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда бо созишномаи мушаххас ба муҳлати муайян тамдид карда нашавад.

Код-шеринг/ Ҳамкориҳои муштарак (мубодилаи кодҳо) 

4. Ҳангоми истифода ё иҷрои хизматрасониҳои иҷозатдодашуда дар хатсайрҳои муайяншуда ҳар як ширкати ҳавопаймоии таъиншудаи яке Тарафи Аҳдкунанда бо риояи қонунҳо ва қоидаҳое, ки Тарафи Аҳдкунандаи дигар муайян кардааст, метавонад оид ба маркетинги муштарак, аммо бо ин маҳдуд шуда, оид ба корхонаҳои муштарак, фазои басташуда ё мубодилаи код бо;

а) ширкат ё ширкатҳои ҳавопаймоии як Тарафи Аҳдкунанда;

б) ширкат ё ширкатҳои ҳавопаймоии Тарафи Аҳдкунандаи дигар ва ё;

в ) ширкат ё ширкатҳои ҳавопаймоии кишвари сеюм созишнома ба имзо расонад. 

5. Ҳуқуқҳое, ки дар банди (4) дар боло зикр шудаанд, танҳо дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

а) ҳама намуди ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳуқуқҳо ва иҷозатномаҳои мақомоти дахлдори ҳаракати нақлиёти ҳавоӣ, ки барои амалӣ намудани парвозҳо дар самтҳо ва қитъаҳои дахлдор вобаста аст, дошта бошанд; ва

б) дар робита ба ҳама намуди билетҳои фурӯхташуда ширкати ҳавопаймоии фурӯшанда нисбат ба ҳар як билети фурӯхташуда бояд дар нуқтаи фурӯш ба харидор дақиқ шарҳ диҳад, ки ин як хизмати муштарак (код-шэйр) (мубодилаи кодҳо) аст ва кадом ширкат воқеан ҳар як бахши хизматрасониро иҷро мекунад ва он бо кадом ширкат ё ширкатҳои ҳавопаймоӣ шартнома мебандад.

6. Иқтидори ширкати ҳавопаймоии таъингардида, ки ҳамчун ширкати ҳавопаймоии маркетингӣ оид ба хизматрасонӣ пешниҳод шудааст, набояд иқтидори Тарафи Аҳдкунандае, ки ширкати ҳавопаймоии маркетингиро таъин кардааст, ҳисоб карда шавад.

Муқаррароти хотимавӣ

7. Муқаррароти дар боло овардашуда то андозае қисми ҷудонашавандаи Созишнома ба ҳисоб рафта, онро пурра мекунад ва аз ҷониби ҳарду Тарафи Аҳдкунанда пас аз ба имзо расондан ё ба хулосае омадан ин Созишномаи байни Тарафҳои Аҳдкунанда муваққатан татбиқ карда мешавад.

8. Ин муқаррарот ба ҳамон шакл ва тарзҳое, ки дар моддаи 28 «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба алоқаи ҳавоӣ» муайян шудааст ё ба тариқи дигаре, ки байни Тарафҳои Аҳдкунанда мувофиқа шудааст, ба таври расмӣ эътибор пайдо мекунанд. 

9. Ёддошти тафоҳуми мазкур пас аз ба имзорасонидан эътибор пайдо мекунад ва Ёддошти тафоҳумро, ки моҳи октябри соли 2009 байни Покистон ва Тоҷикистон имзо шуда буд, то ҳадди имкон пурра мекунад.

Дар сурати ба миён омадани ихтилофот дар тафсири муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкур, Тарафҳои Аҳдкунанда бояд нусхаи англисиро истифода баранд.

Дар шаҳри Душанбе 2 июли соли 2024 дар ду нусха бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба имзо расонида шуд, зимнан ҳарду матн эътибори ҳуқуқии якхела дорад.

____________________

Директори Агентии

авиатсияи граждании

назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

____________________

Котиби иловагии корҳои хориҷии

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии

Исломии Покистон


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Дополнительного меморандума о взаимопонимании между Агентством гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан и Управлением гражданской авиации Правительства Исламской Республики Пакистан по услугам воздушного сообщения

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Одобрить проект Дополнительного меморандума о взаимопонимании между Агентством гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан и Управлением гражданской авиации Правительства Исламской Республики Пакистан по услугам воздушного сообщения.

2. Директору Агентства гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан подписать настоящий Дополнительный меморандум о взаимопонимании и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с пакистанской стороной дату и место подписания настоящего Дополнительного меморандума о взаимопонимании.

Председатель Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон  

г.Душанбе от 1 июля 2024 года №398