Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2024, № 397 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растаниҳо"

Санаи амалкуни: 01.07.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растаниҳо

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растаниҳо маъқул дониста шавад.

2. Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он таѓйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо ҷониби Покистон сана ва маҳалли ба имзо расондани Созишномаи мазкурро мувофиқа намояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2024, № 397

СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растаниҳо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон (минбаъд дар алоҳидагӣ «Тараф» ва дар якҷоягӣ «Тарафҳо» номида мешаванд),

муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишварро бори дигар тасдиқ намуда, бо хоҳиши таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона,

ҷиҳати мусоидат намудан ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи карантини растанӣ ва пурқувват намудани муҳофизат дар ҳудуди давлатҳо аз интиқоли организмҳои зараррасони карантинӣ кам кардани талафоти эҳтимолии аз онҳо расонидашуда мусоидат намуда,

содагардонии савдо ва мубодилаи тухмиҳо, маҳсулоти растанӣ ва маводҳои дигарро, ки таҳти таъсири қоидаҳои карантини растаниҳои ҳарду давлат қарор дорад, ба инобат гирифта, ба мувофиқаи зерин расиданд.

Моддаи 1
...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Исламской Республики Пакистан о сотрудничестве в области карантина растений

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Одобрить проект Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Исламской Республики Пакистан о сотрудничестве в области карантина растений

2. Председателю Комитета продовольственной безопасности при Правительстве Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с пакистанской стороной дату и место подписания настоящего Соглашения.

Председатель Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г.Душанбе от 1 июля 2024 года №397
...