ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишномабайни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо ҷониби Чин сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2024, № 390
СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин (минбаъд – Тарафҳо),бо дарназардошти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба, бо хоҳиши дар асоси баробарӣ ва ба манфиати тарафайн рушд додани алоқаи байналмилалии автомобилии мусофирбарию боркашонии байни ду кишвар,ба мувофиқаи зерин расиданд:
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи татбиқ
1. Созишномаи мазкур нисбат ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии дуҷонибаи мусофирон ва бор, транзит ва аз/ба кишварҳои сеюм, ки тавассути интиқолдиҳандагон ва воситаҳои нақлиёти дар ҳудуди яке аз давлатҳои Тарафҳо ба қайд гирифта анҷом дода мешаванд, татбиқ мегардад.
2. Созишномаи мазкур ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳо, ки аз муқаррароти дигар шартномаҳо ё созишномаҳои дигари байналмилалӣ бармеоянд, таъсир намерасонад.
Моддаи 2. Мафҳумҳо ва тавзеҳот
Мафҳумҳое, ки дар Созишномаи мазкур истифодашуда шудаанд:
...