×

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2024, № 389 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ"

Санаи амалкуни: 01.07.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ маъқул дониста шавад.

2. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷониби Чин сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро мувофиқа намояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2024, № 389

СОЗИШНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ОИД БА ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ВА ҲИФЗИ МУТАҚОБИЛАИ САРМОЯГУЗОРӢ

Муқаддима

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,

бо хоҳиши мусоидат ба ҳамкории минбаъдаи иқтисодӣ байни онҳо дар соҳаи сармоягузорӣ;

бо азми он, ки Созишнома дар бораи тартиби муқарраршуда ба сармоягузорӣ ба гардиши сармоя ва рушди иқтисодии Тарафҳо мусоидат мекунад;

бо изҳороти розигӣ ба он, ки чаҳорчӯбаи устувор, шаффоф ва бидуни табъиз барои сармоягузорӣ истифодаи самараноки захираҳои иқтисодиро таъмин намуда, сатҳи зиндагии мардумро баланд мебардорад;

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Китайской Народной Республики о поощрении и взаимной защите инвестиций

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить проект Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Китайской Народной Республики о поощрении и взаимной защите инвестиций.

2. Председателю Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджкистан в установленном порядке согласовать с китайской стороной дату и место подписания настоящего Соглашения.

Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 1 июля 2024 года №389

Прилагается на тадж.яз

...