ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва иттилоотикунонии Ҷумҳурии Мардумии Чин
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2024, № 388
Лоиҳа
СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ИТТИЛООТИКУНОНИИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
2024
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва иттилоотикунонии Ҷумҳурии Мардумии Чин (минбаъд - Тарафҳо) бо мақсади таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни ду кишвар ва мусоидат ба рушди ҳамкорӣ байни Тарафҳо дар соҳаи саноат, Созишномаи мазкурро оид ба ҳамкорӣ ба имзо расониданд:
Моддаи 1
Созишномаи мазкур ҷиҳати истифодаи имкониятҳои ҷаҳонии такмили саноатӣ, навсозӣ ва таъмини платформа барои муошират, машварат ва мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки ба Тарафҳо дар соҳаи саноат манфиатдор мебошанд, равона гардидааст.
Моддаи 2
Дар доираи Созишномаи мазкур Тарафҳо ҳамкориро дар соҳаҳои зерин роҳандозӣ менамоянд:
...