Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, № 375 "Дар бораи нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2024"

Санаи амалкуни: 29.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2024

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2024 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар пешниҳоди лоиҳаи қарорҳоро аз рӯйи масъалаҳои дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда чилу панҷ рӯз пеш аз муҳлати дар нақшаи кор муқарраргардида таъмин намуда, ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 июни соли 2024, № 375


Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 июни соли 2024, №375
тасдиқ шудааст

Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2024

 

   Р/т

 

Номгӯйи масъалаҳо ва чорабиниҳо

 

 Муҳлат

Иҷрокунандагон

Масъулон

                          Масъалаҳое, ки ба баррасии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешнҳод мегарданд

1.      

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ѓайрисироятӣ  ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то  давраи соли 2040»

Август

 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президент

 

 

 

 

 

2.      

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии бехатарии авиатсионии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030»

 

Август

 

 

 

 

 

Агентии авиатсияи гражданӣ

 

 

 

 

Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент

 

 

 

 

3.      

Лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028

 

Сентябр

 

 

 

 

 

 

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президент

 

 

 

 

4.      

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027»

 

Октябр

 

 

 

 

 

 

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президент

 

 

 

 

 

5.      

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029»

 

 

Ноябр

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президент

6.      

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025»

 

Ноябр

 

 

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президент

 

7.      

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2025»

 

Декабр

Агентии омори назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президент

 

 

                                                          Чорабиниҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ

 

8.      

Сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июл

 

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

9.      

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август

 

 

 

 

 

 

 

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

10.  

Таҷлили Рӯзи дониш

Сентябр

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раёсатҳои маориф, фарҳанг ва иттилоот, кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

11.  

Таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябр

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раёсатҳои маориф, фарҳанг ва иттилоот, кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

12.  

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ

Октябр

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

13.  

Таҷлили 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябр

Вазоратҳои фарҳанг, адлия, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раёсатҳои ҳуқуқ, маориф, фарҳанг ва иттилоот, кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

14.  

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябр

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.  

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябр

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О плане работы Правительства Республики Таджикистан на второе полугодие 2024 года

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

  1. Утвердить план работы Правительства Республики Таджикистан на второе полугодие 2024 года (прилагается).
  2. Руководителям министерств и ведомств, предприятий, учреждений и других организаций обеспечить представление проектов решений по рассматриваемым на заседаниях Правительства Республики Таджикистан вопросам за сорок пять дней до установленных планом работы сроков и принять конкретные меры по подготовке и проведению на высоком организационном уровне мероприятий республиканского и международного значения.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 29 июня 2024 года №375