ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои зиддикоррупсионии Гурҷистон дар самти муқовимат ба коррупсия
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои зиддикоррупсионии Гурҷистон дар самти муқовимат ба коррупсия маъқул дониста шавад.
2. Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо ҷониби Гурҷистон сана ва маҳалли ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 июни соли 2024, № 366
Лоиҳа
Ёддошти тафоҳумбайни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои зиддикоррупсионии Гурҷистон дар самти муқовимат ба коррупсия
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои зиддикоррупсионии Гурҷистон, ки минбаъд дар алоҳидагӣ «Тараф» ва дар якҷоягӣ «Тарафҳо» номида мешаванд:
бо изҳори ташвиш аз ҷиддияти мушкилот ва хатарҳои коррупсия ба субот ва амнияти ҷомеа, ки институт ва арзишҳои демократӣ, ахлоқӣ ва адолатро вайрон намуда, ба рушди устувор ва волоияти қонун таҳдид менамоянд;
бо дарки алоқаи байни коррупсия ва дигар шаклҳои ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои муташаккил ва иқтисодӣ;
бо огоҳӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ, ки қисми бештари дороиҳоро дар бар мегиранд ва метавонанд миқдори зиёди захираҳои давлатҳоро ташкил дода, ба суботи сиёсӣ ва рушди устувори ин давлатҳо таҳдид кунанд;
бо ибрози боварӣ ба он, ки коррупсия мушкилии маҳаллӣ набуда, балки падидаи фаромиллие мебошад, ки ба тамоми ҷомеа ва иқтисодиёт таъсир мерасонад ва ҳамкории байналмилалӣ барои пешгирӣ ва назорати он яке аз чораҳои муҳим арзёбӣ мегардад;
инчунин, бо итминон ба он ки барои муқовимат ба коррупсия механизми ҳамаҷониба ва бисёрсоҳавӣ зарур аст;
бо мақсади боз ҳам самараноктар пешгирӣ, ошкор ва қатъ намудани интиқоли байналмилалии дороиҳои ғайриқонунӣ бадастовардашуда ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи баргардонидани дороиҳо ва муқовимат ба коррупсия;
бо мақсади тақвияти мубодилаи таҷриба ва донишҳои касбӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;
бо дарназардошти он, ки Ёддошти тафоҳуми мазкур баҳри густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки махсусан дар моддаи 48 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия пешбинӣ шудааст ва давлатҳои аъзои Конвенсияро барои бастани созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба оиди ҳамкории мустақим байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳавасманд мекунад, баста мешавад;
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1. Муқаррароти умумӣ
Тарафҳо бо дарназардошти талаботи Ёддошти тафоҳуми мазкур, қонунгузорӣ ва сиёсати зиддикоррупсионии амалкунандаи ҳар як кишвар қарор карданд, ки ҳамкориҳои байни ду давлатро дар асоси баробарӣ ва манфиатҳои тарафайн такмил ва тақвият диҳанд.
Моддаи 2. Мақсадҳо
Мақсади ҳамкорӣ инҳоро дар бар мегирад:
а) ташкил ва таҳкими кўшишҳои муштараки Тарафҳо оид ба муқовимат ба коррупсия;
б) баланд бардоштани иқтидор ва заминаи институтсионалии Тарафҳо ҷиҳати муқовимат ба коррупсия.
Моддаи 3. Доираи ҳамкориҳо
Тарафҳо бо дарназардошти иқтидор, қонунгузорӣ ва сиёсати миллии амалкунандаи ҳар як кишвар кўшиш менамоянд, ки дар доираи мавзўи Ёддошти тафоҳуми мазкур барои тақвият ва рушди ҳамкории мутақобила дар соҳаҳои зерин чораҳои зарурӣ андешанд:
1. Таъмини курсҳои такмили ихтисос, табодули таҷриба ва рушди захираҳои инсонӣ;
2. Мубодилаи иттилоот ва маводи касбӣ оид ба корҳои муқовимат ба коррупсия (ба истиснои маводи махфӣ, ки қонунгузории Тарафи дахлдор пешбинӣ кардааст);
3. Мубодилаи таҷриба оид ба ошкор намудани кирдорҳои коррупсионӣ, инчунин усулу воситаҳое, ки ҷинояткорони содиркунандаи кирдорҳои коррупсионӣ истифода мебаранд;
4. Баргузор ва иштирок дар форумҳо, машғулиятҳо, семинарҳо, вохӯриҳо ва конфронсҳо дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ оид ба муқовимат ба коррупсия;
5. Мубодилаи иттилоот оид ба таълими ҷомеа бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, аз ҷумла воситаҳои ахбори омма ва чорабиниҳои таблиғу ташвиқотӣ ва пурзӯр намудани иштироки ҷомеа дар муқовимат ба коррупсия;
6. Мусоидат ба табодули иттилоот ва ҳамоҳангсозии чораҳои маъмурӣ ва дигар чораҳои зарурӣ бо мақсади муқовимат ба коррупсия;
7. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самтҳои дигар.
Моддаи 4. Маблагузорӣ
Ёддошти тафоҳуми мазкур ягон уҳдадории молиявиро аз ҷониби як Тараф дар назди Тарафи дигар муқаррар наменамояд.
Моддаи 5. Ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ
1. Ҳифзи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ мутобиқи қонунгузории миллии дахлдори Тарафҳо ва дигар созишномаҳои байналмилалии байни Тарафҳо татбиқшаванда амалӣ карда мешавад.
2. Истифодаи ном ва/ё нишони расмии яке аз Тарафҳо дар ҳама гуна нашрия, аснод ва/ё ҳуҷҷат бе иҷозати пешакии Тарафи дигар, ки тибқи тартиби дар моддаи 9 Ёддошти тафоҳуми мазкур муқаррар карда шудааст, манъ аст.
3. Сарфи назар аз муқаррароти банди 1 ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ нисбати ҳама гуна рушди технологӣ, коркарди маҳсулот ва хизматрасонӣ, ки:-
(1) Тарафҳо дар якҷоягӣ анҷом медиҳанд ё натиҷаҳои тадқиқоте, ки зимни фаъолияти муштараки Тарафҳо ба даст оварда шудааст, тибқи шартҳои мувофиқашавандаи тарафайн моликияти муштараки Тарафҳо эътироф хоҳанд шуд;
(2) Як Тараф танҳо ва дар алоҳидагӣ анҷом медиҳад ё натиҷаҳои тадқиқоте, ки бо кӯшиши танҳо ва алоҳидаи як Тараф ба даст оварда шудаанд, танҳо моликияти Тарафи мазкур дониста мешавад.
Моддаи 6. Махфият
1. Ҳар як Тараф уҳдадор мегардад, ки махфӣ ва пинҳонӣ будани ҳуҷҷатҳо, маълумот ва иттилооти дигари аз Тарафи дигар гирифташуда ё ба Тарафи дигар додашударо дар давраи татбиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур риоя намояд. Ҳеҷ кадоме аз Тарафҳо ҳуқуқ надорад бе иҷозати Тарафе, ки ин маълумотро пешниҳод кардааст, ба шахси сеюм интиқол ё манзур намояд, ба истиснои тартиби дар моддаи 9 ҳамин Ёддошти тафоҳуми мазкур пешбинишуда.
2. Ҳарду Тараф розӣ ҳастанд, ки муқаррароти банди 1 сарфи назар аз қатъ шудани Ёддошти тафоҳуми мазкур барои онҳо ҳатмӣ боқӣ монад.
Моддаи 7. Боздошти амали Ёддошти тафоҳум
Ҳар як Тараф ҳуқуқ дорад, ки бо мақсади таъмини амният ва манфиатҳои миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё саломатии аҳолӣ муваққатан, пурра ё қисман иҷрои Ёддошти тафоҳуми мазкурро боздорад, ки чунин боздорӣ фавран пас аз ирсоли огоҳиномаи хаттӣ бо роҳҳои дипломатӣ ба Тарафи дигар эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 8. Тағйиру иловаҳо
1. Ҳар як Тараф метавонад тариқи роҳҳои дипломатӣ барои тағйиру иловаи пурра ё як қисми Ёддошти тафоҳуми мазкур дархости хаттӣ манзур намояд ва ин гуна тағйиру иловаҳо қисми таркибии Ёддошти тафоҳуми мазкурро ташкил медиҳанд.
2. Чунин тағйиру иловаҳо дар санае, ки Тарафҳо муқаррар менамоянд ва бо тартиби пешбининамудаи моддаи 12 Ёддошти мазкур эътибор пайдо мекунанд.
3. Ҳама гуна тағйиру илова ҳуқуқ ва уҳдадориҳои дар асос ва аз рӯйи Ёддошти тафоҳуми мазкур, ки то ё дар санаи чунин тағйиру илова ба вуҷуд омадаанд, вайрон намекунанд.
Моддаи 9. Мукотибот
Ҳама гуна муошират дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур дар шакли хаттӣ бо забони русӣ ва англисӣ сурат гирифта, тавассути почтаи фармоишӣ ба суроға ё ба почтаи электронӣ ё рақами факсималии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Бюрои зиддикоррупсионии Гурҷистон сурат мегирад, вобаста ба ҳолат, ба суроғаи дар зер пешбинигардида ё суроғаи дигар ё почтаи электронӣ ё рақами факсимилӣ, ки ҳар кадоме аз Тарафҳо ирсолкунандаро огоҳ кардааст ва агар тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, чунин суроға ё почтаи электронӣ ё рақами факсималӣ ба таври дахлдор тасдиқ карда шудааст, мактуби мазкур ирсолкарда эътироф мешавад:
Ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Воҳиди масъул: шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Агентӣ
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, х. А.Сино, 126/1
Email: info@anticorruption.tj
Website: https://anticorruption.tj
Ба Бюрои зиддикоррупсионии Гурҷистон:
Воҳиди масъул: шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Бюро
Суроға: Гурҷистон, Тблиси, кӯчаи Павле Ингороква, 7
Почтаи электронӣ: info@acb.gov.ge
Website: https://acb.gov.ge
Моддаи 10. Ҳалли баҳсҳо
Ҳама гуна ихтилоф, даъво ё баҳс байни Тарафҳо вобаста ба тафсир, амалисозӣ ва ё татбиқи ҳама гуна муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкур тавассути машваратҳои мутақобила ва ё гуфтушуниди мустақим байни Тарафҳо ҳал карда мешаванд.
Моддаи 11. Амали Ёддошти тафоҳум
Ёддошти тафоҳуми мазкур, ба истиснои моддаи 6 ҳамчун сабти ниятҳои Тарафҳо ба ҳисоб меравад ва тибқи қонунҳои дохилӣ ё ҳуқуқи байналмилалӣ уҳдадориҳоро ташкил ё ба вуҷуд намеорад ва ташкил ё ба вуҷуд омадани уҳдадориро пешбинӣ намекунад ва асоси ҳеҷ гуна баҳсҳои ҳуқуқӣ намегардад ва уҳдадориҳои аз ҷиҳати қонунӣ ҳатмӣ ё иҷрошаванда, возеҳ ё дар назар доштаро ташкил ё муқаррар намекунад.
Моддаи 12. Муҳлат ва мавриди амал қарор гирифтан
Ёддошти тафоҳуми мазкур аз санаи ба имзо расиданаш эътибор пайдо мекунад ва дар давоми панҷ (5) сол амал мекунад. Ёддошти тафоҳуми мазкур бевосита ба муҳлати зикргардида тамдид карда мешавад, агар яке аз Тарафҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи ворид намудани тағйирот, илова ё бекор кардани он Тарафи дигарро огоҳ накунад.
Сарфи назар аз талаботи муқаррароти банди мазкур, ҳар як Тараф метавонад Ёддошти тафоҳуми мазкурро бо роҳи огоҳ кардани Тарафи дигар дар бораи нияти қатъ кардани он қатъ кунад. Огоҳинома дар шакли хаттӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ на камтар аз се (3) моҳ пеш аз нияти қатъ кардани Тарафи дигар фиристода ва тасдиқ карда мешавад.
Бо дарназардошти муқаррароти болозикр, намояндагони ваколатдори Тарафҳо Ёддошти тафоҳуми мазкурро дар шаҳри _____________ «____» __________ соли ____ дар ду нусха бо забонҳои тоҷикӣ, гурҷӣ ва англисӣ ба имзо расониданд, зимнан ҳамаи матнҳо баробар эътибор доранд. Дар сурати ба миён омадани нофаҳмиҳо дар матн ё гуногунфаҳмӣ дар тафсири матн, матни англисӣ бартарӣ хоҳад дошт.
Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон | Намояндаи Бюрои зиддикоррупсионии Гурҷистон |
______________________ | _____________________ |