Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 25 июни соли 2024, № 365 "Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти байниидоравии разведкаи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм"

Санаи амалкуни: 25.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти байниидоравии разведкаи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти байниидоравии разведкаи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм маъқул дониста шавад.
  2. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
  3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо Ҷумҳурии Исломии Покистон сана ва маҳалли имзои Ёддошти тафоҳуми мазкурро мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 июни соли 2024, № 365
Лоиҳа

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти байниидоравии разведкаи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти байниидоравии разведкаи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм, ки минбаъд «Тарафҳои Аҳдкунанда» номида мешаванд,

робитаи дӯстонаи ду кишварро ба инобат гирифта,

аҳамияти тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалӣ доир ба масъалаҳои амният ва мубориза бо терроризмро дарк намуда,

манфиатҳои миллии Тарафҳои аҳдкунандаро дар таъмини амният дар ҳудуди ҷуғрофии худ, ҳамеша ҳифз намудани соҳибихтиёрӣ, амнияти миллӣ ва манфиатҳои миллии онҳо, бе таъсир ба ягон қисмати Ёддошти тафоҳуми мазкур, ки ба ҳуқуқҳои дар боло зикргардидаи давлатҳои соҳибихтиёр тобеъ мемонанд, эътироф намуда,

дар асоси эҳтиром ба соҳибихтиёрии миллӣ, тамомияти арзӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳои якдигар, инчунин риоя ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ду кишвар,

қонунгузории миллии худ ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби давлатҳои Тарафҳо эътирофшударо ба роҳбарӣ гирифта,

ба мувофиқаи зайл расиданд:

Моддаи 1

Мақсади Ёддошти тафоҳуми мазкур ҳамоҳанг ва рушди ҳамкорӣ байни Тарафҳои Аҳдкунанда дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм мебошад.

Моддаи 2

Тарафҳои Аҳдкунанда дар самтҳои зерин ҳамкорӣ менамоянд:

а) ҳамкорӣ оид ба мубодилаи маълумоти разведкавӣ, ки дар асоси санадҳои меъёрии дохилидавлатӣ иҷозат дода шудааст ва инчунин ҳамкориҳои дуҷониба дар самти разведка, ташкили тренингҳои омӯзишӣ дар самти мубориза бо терроризм;

б) муқовимат ба терроризм, экстремизм (ифротгароӣ), сепаратизм ва маблағгузории онҳо;

в) пешгирии фаъолияти харобиовари ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки ба амнияти Тарафҳои Аҳдкунанда таҳдид мекунанд ва аз тарафи давлатҳои сеюм бармеоянд;

г) мубориза ва пешгирӣ ба фаъолияти эҳтимолии хадамотҳои разведкавӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ, ки ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон равона шуданд;

д) пешгирии истеҳсоли ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, силоҳи қатли ом, бахусус ядроӣ, радиоактивӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, инчунин технологияи ба истеҳсоли онҳо алоқаманд;

е) муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хариду фурӯши одамон ва узвҳои бадани онҳо, инчунин дигар навъҳои истисмори инсон;

ё) маҳв кардан ва мубориза бурдан бо ҷиноятҳое, ки тавассути технологияи иттилоотӣ ё киберӣ содир шудаанд, инчунин муайян намудани фаъолияти сомонаҳои интернетии дохилии мамнӯъшуда, ки ба зарари манфиатҳои миллии Тарафҳои Аҳдкунанда маълумотро паҳн мекунанд;

ж) пешгирии барасмиятдарории (қонунигардонии) даромадҳои бо роҳи терроризм бадастомада;

з) дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур ва инчунин ваколати Тарафҳои Аҳдкунанда пешгирӣ намудани намудҳои дигари терроризм;

к) ташкили давраҳои омӯзишӣ барои ниҳодҳои марбута ҷиҳати мубодилаи таҷриба.

Ҳамкорӣ дар самти экстремизми таҷовузкорона, ки ба он дохил мешавад:

а) назорат ва баҳогузории тамоюлҳои тағйирёбандаи экстремизм;

б) гузарондани чорабиниҳои профилактикӣ бар зидди экстремизми таҷовузкорона дар асоси таҷрибаи пешқадам;

в) роҳандозии ҳамкориҳои муштарак дар мубориза ба таҳдидҳои идеологӣ, ки ба таҷовуз даъват менамояд;

г) рушди барномаҳои устувори ҷамъиятӣ ба муқобили тундгароӣ;

д) мубориза бар зидди тундгароӣ ва маводе, ки дар фазои киберӣ омили барангезандаи кинаву адоват мебошанд.

Моддаи 3

Сарфи назар аз ягон ихтилоф вобаста ба матни Ёддошти тафоҳуми мазкур, Тарафҳо пеш аз ҳама амнияти миллии кишварҳои худ, манфиатҳои миллӣ ва соҳибихтиёриро ҳифз намуда, бар зарари он фаъолият наменамоянд. Бо ба инобат гирифтани масъалаҳои номбурда, Тарафҳои аҳдкунанда ҷиҳати амалисозии Ёддошти тафоҳуми мазкур чораҳои зеринро меандешанд:

а) мубодилаи маълумот дар доираи ҳамкориҳо, ки дар моддаи 1 Ёддошти тафоҳуми мазкур нишон дода шудааст, инчунин мубодилаи таҷриба, маводи илмию таълимӣ, ба истиснои маълумот ё маводе, ки ифшои онҳо тибқи қонунгузории дохилӣ манъ шудааст ё эҳтимол ба амнияти миллӣ ва соҳибихтиёрии тарафи равонкунанда зарар мерасонад;

б) мубодилаи иттилоот ва таҷриба оид ба мустаҳкам намудани идоракунии нуқтаҳои назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ;

в) иҷрои дархостҳо оид ба гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;

г) гузарондани чорабиниҳои муштарак доир ба муайян намудан, огоҳонидан ва пешгирии ҷиноятҳои дар моддаи 2 ҳамин Ёддошти тафоҳум пешбинигардида, инчунин ташкили чорабиниҳо вобаста ба кофтуков, дастгиркунӣ ва истирдоди шахсони ин ҷиноятҳоро содиркарда;

д) расондани ёрии моддӣ-техникӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори дохилидавлатӣ, дар сурати истирдод дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Тарафҳои Аҳдкунанда, ки тавассути расмиёти дохилидавлатӣ қабул шудаанд;

е) Тарафҳои Аҳдкунанда бо мақсади коркарди механизми муфассал оид ба ҳамкории минбаъда ва муносибатҳои дуҷониба, ҳайатҳои сатҳи коршиносонро мубодила мекунанд.

Моддаи 4
  1. Бо мақсади ҳамкории самаранок ва бо дар назар доштани қонунгузории миллӣ, Тарафҳои Аҳдкунанда мубодилаи маълумотро дар самтҳои зерин ба роҳ мемонанд:

а) оид ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, гурӯҳҳо, шахсон, инчунин гурӯҳҳои трансмиллии террористӣ;

б) мубодилаи таҷриба оид ба пешгирии ҷиноятҳое, ки хусусияти террористӣ ва экстремистӣ доранд;

в) мақсаду ниятҳои разведкавӣ-таҳрибии хадамотҳои махсус ва ташкилотҳои хориҷӣ, ки бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон равона шудаанд;

г) санадҳои меъёрии дохилидавлатии худ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризм;

д) таълими касбӣ ва истифодаи воситаҳои муосири фаннӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм;

е) оид ба шаҳрвандони яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта дар ҳудуди Тарафи дигар дастгир шуда, дар марҳилаи тафтиш ё иҷрои ҷазо қарор доранд;

ё) доир ба масъалаҳои дигаре, ки моддаи 2 Ёддошти тафоҳуми мазкур пешбинӣ кардааст.

Моддаи 5

Тарафҳои Аҳдкунанда вазифадор мешаванд:

а) қонунгузорӣ, соҳибихтиёрӣ, амнияти миллиро дар баробари ҳуқуқҳои алоҳида ва мустақили якдигар дар робитаҳои дуҷониба риоя намоянд;

б) дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳо, ки аз тарафи мақомоти кишварҳои яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда террористӣ ва экстремистӣ эълон гардидаанд, манъ намоянд, инчунин аз дастгирӣ ва ёрӣ расонидан ба ҳамин гуна ташкилотҳо худдорӣ намоянд;

в) ҷиҳати нобудсозии фаъолияти гурӯҳҳои таҳрибкор, ки мақсади бо роҳи зӯроварӣ ва ғайриқонунӣ нест кардани сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Исломии Покистонро доранд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Моддаи 6

Барои ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба чорабиниҳои муштарак ва ҳалли мушкилиҳо, ки дар раванди ҳамкорӣ ба вуҷуд меоянд, Тарафҳои Аҳдкунанда метавонанд намояндагии доимӣ ва гурӯҳҳои кории муваққатӣ ташкил диҳанд, ки онҳо механизми амалӣ кардани Ёддошти тафоҳумро дар самтҳои алоҳидаи фаъолияти оперативӣ муайян менамоянд.

Моддаи 7

Тарафҳои Аҳдкунанда маълумоти дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур табодулшударо махфӣ нигоҳ медоранд. Тарафҳои Аҳдкунанда чунин маълумотро бе розигии хаттии дигар Тарафи Аҳдкунанда ба тарафи сеюм ирсол намекунад ва ё намедиҳад. Тарафҳо дар сурати қатъ кардан ё ба охир расидани муҳлати амали Ёддошти тафоҳуми мазкур, татбиқи муқаррароти ҳамин моддаро идома медиҳанд.

Қабл аз ифшои маълумот ба ҷониби сеюм ва ҳангоми дархости иҷозат барои чунин ифшокунӣ Тарафи қабулкунанда ба Тарафе, ки маълумотро омода кардааст, бояд маълумоти пурраро дар бораи ҷониби сеюм ҳамроҳ бо нусхаи дархости аз ҷониби сеюм гирифташуда, аз ҷумла мақсади истифодаи он ва қисмати мушаххаси иттилооти дархостшуда барои баррасӣ пешниҳод намояд. Илова бар ин, иҷозат барои дастрасӣ ба маълумот ё мавод, ки Тарафи омодакунанда мутобиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур мубодила кардааст, бояд ба он кормандони хадамоти разведкавӣ дода шавад, ки зарурати хизматӣ доранд ва тибқи қонунгузории миллии Тарафи қабулкунанда ваколати дастрасӣ ба маълумоти махфӣ ё дараҷаи махфияти баробарро доранд.

Моддаи 8

Дараҷаҳои ҳифзи махфияти мукотибот байни Тарафҳои Аҳдкунанда ба таври зерин муайян шудаанд:

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

Хадамоти байниидоравии разведка

Фавқулода муҳим

Комилан махфӣ

Комилан махфӣ

Махфӣ

Махфӣ

Моддаи 9

Тарафҳои Аҳдкунанда бояд истифодаи ҳуҷҷатҳо, мавод ва маълумоте, ки дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур мубодила мешаванд, танҳо бо мақсадҳои иҷозатдодашуда ба роҳ монанд ва низоми амнияти иттилоотиро, аз ҷумла чораҳои оқилонаи маъмурӣ, техникӣ ва ҷисмонӣ, ки барои таъмин ва муҳофизати махфияти маълумоти дар ихтиёри яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда қарордошта, аз дастрасии беиҷозат, ғайриқонунӣ ё тасодуфӣ, ошкор кардан ё интиқоли ӯ пешбинӣ шудаанд, ҳифз намоянд.

Моддаи 10

Хароҷот вобаста ба буду боши ҳайатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда дар ҳудуди давлатҳои якдигар, аз ҷумла гирифтани раводид, таъмин бо ҷойи хоб ва хурока, ҳамлу нақл, хизмати тарҷумон ва дигар масъалаҳо ба зиммаи Тарафи равонкунанда вогузор мебошад. Тарафи қабулкунанда метавонад бо розигии Тарафи равонкунанда хароҷоти вобаста ба будубоши ҳайати Тарафи равонкунандаро пурра ва ё қисман ба уҳдаи худ гирад.

Моддаи 11

Ҳамаи баҳсҳое, ки вобаста ба тафсир ва татбиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкур байни Тарафҳои Аҳдкунанда ба вуҷуд меоянд, тавассути машварат ҳаллу фасл мегарданд.

Забони англисӣ забони кории Тарафҳои Аҳдкунанда мебошад.

Моддаи 12

Тарафҳои Аҳдкунанда бо розигии ҳамдигар метавонанд ба Ёддошти тафоҳуми мазкур тағйиру иловаҳо ворид кунанд, ки бо протоколи алоҳида ба расмият дароварда шуда, қисми ҷудонашавандаи он ба ҳисоб мераванд ва мутобиқи моддаи 13 Ёддошти тафоҳуми мазкур эътибор пайдо менамоянд.

Моддаи 13

Ёддошти тафоҳуми мазкур пас аз сӣ рӯзи бо роҳҳои дипломатӣ гирифтани огоҳномаи охирини хаттӣ дар хусуси ба анҷом расондани расмиёти дохилидавлатӣ аз ҷониби Тарафҳои Аҳдкунанда эътибор пайдо мекунад.

Ёддошти тафоҳуми мазкур ба муҳлати панҷ (5) сол амал мекунад ва худ аз худ ба (5) соли дигар тамдид карда мешавад, агар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда шаш моҳ қабл аз анҷоми муҳлати он Тарафи дигарро ба таври хаттӣ дар бораи хоҳиши худ оид ба қатъ кардан ё тамдид накардани муҳлати он хабардор накунад.

Ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда метавонад амали Ёддошти тафоҳуми мазкурро ҳар вақт бо ирсоли огоҳиномаи расмӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ ба Тарафи Аҳдкунандаи дигар қатъ намояд. Ёддошти тафоҳум шаш (6) моҳ пас аз санаи аз ҷониби Тарафи Аҳдкунандаи дигар гирифтани чунин огоҳинома қатъ мегардад.

Дар сурати қатъ намудан ё тамдид накардани Ёддошти тафоҳум, муқаррароти он нисбат ба корҳои анҷомдодашуда ё ҷорӣ, ки дар асоси Ёддошти тафоҳуми мазкур таҳия шудаанд, ҳуқуқҳое, ки тибқи муқаррароти он танзим нашудаанд ё дархосте, ки дар давоми амали он оғоз шудаанд, эътибори худро нигоҳ медорад.

Ёддошти тафоҳум дар шаҳри ______________ «___»________соли ________ дар ду нусхаи аслӣ бо забонҳои тоҷикӣ, урдуӣ ва англисӣ, ки ҳамаи матнҳо эътибори баробар доранд, ба имзо расонда шуд.

Дар сурати ба миён омадани ихтилофот дар тафсири муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкур, ба матни забони англисӣ афзалият дода мешавад.


Аз ҷониби

Кумитаи давлатии

амнияти миллии

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Аз ҷониби

Хадамоти байниидоравии

разведкаи Ҷумҳурии Исломии

Покистон

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Меморандума о взаимопонимании между Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан и Службой межведомственной разведки Исламской Республики Пакистан о сотрудничестве в области безопасности и борьбы с терроризмом

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

  1. Одобрить проект Меморандума о взаимопонимании между Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан и Службой межведомственной разведки Исламской Республики Пакистан о сотрудничестве в области безопасности и борьбы с терроризмом.
  2. Председателю Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан подписать настоящий Меморандум о взаимопонимании и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.
  3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с Исламской Республикой Пакистан дату и место подписания настоящего Меморандума о взаимопонимании.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 25 июня 2024 года №365

Прилагается на тадж.яз