ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПАРДОХТӢ ВА НИЗОМИ ПАРДОХТӢ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
аз 24 апрели соли 2024, №1287 қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июни соли 2024, № 514 ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» аз 24 феврали соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №1-2, мод. 20; с. 2020, №7-9, мод. 629) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- Дар қисми 17 моддаи 4 калимаҳои «муштарии маблағгирандаро санҷиш ва мушаххас намоянд» ба калимаҳои «муштарӣ – интиқолдиҳандаи маблағ ва шахси маблағгирандаро мушаххас ва санҷиш намоянд» иваз карда шаванд.
- Дар қисми 12 моддаи 7, қисми 6 моддаи 8, қисмҳои 21 ва 22 моддаи 9, сархати сеюми қисми 1, сархати дуюми қисми 3, сархати дуюми қисми 4 ва қисми 13 моддаи 13 калимаҳои «қонунигардонии (расмикунонии)» ба калимаҳои «қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и» иваз карда шаванд.
- Дар моддаи 14:
- дар муқаддимаҳои қисмҳои 9 ва 10 калимаи «дархостро» ба калимаи «аризаро» иваз карда шуда, пас аз калимаи «зерин» калимаҳои «дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ» илова карда шаванд;
- қисми 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«11. Аз нав ба расмият даровардан, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва бекор кардани амали иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.»;
- қисмҳои 11-29 мувофиқан қисмҳои 12-30 ҳисобида шаванд.
- Ба қисми 2 моддаи 30 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амали иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро ба муҳлати дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда боздошт намояд;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 20 июни соли 2024, № 2074
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ПЛАТЁЖНЫХ УСЛУГАХ И ПЛАТЁЖНОЙ СИСТЕМЕ»
Принят постановлением МН МОРТ от 24 апреля 2024 года, №1287 Одобрен постановлением ММ МОРТ от 19 июня 2024 года, №514 Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О платёжных услугах и платёжной системе» от 24 февраля 2017 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2017 г., №1-2, ст. 20; 2020 г., №7-9, ст. 629) следующие изменения и дополнения:
1. В части 17 статьи 4 слова «проверить и идентифицировать личность клиента, получающего денежный перевод» заменить словами «идентифицировать и проверить личность клиента – отправителя денежного перевода и лица, получателя денежных средств».
2. В статье 14:
- в преамбулах частей 9 и 10 слово «заявку» заменить словом «заявление», а после слово «документов» дополнить словами «в письменной форме или через электронную систему»;
- дополнить частью 11 следующего содержания:
«11. Переоформление, выдача второго экземпляра (дубликата) и прекращение действия лицензии осуществляются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.»;
- части 11-29 соответственно считать частями 12-30.
3. Часть 2 статьи 30 дополнить абзацем пятым следующего содержания:
«- приостановить действие лицензии оператора платежной системы на срок, установленный законодательством Республики Таджикистан;».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 20 июня 2024 года №2074