Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, № 2071 «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд»

Санаи амалкуни: 20.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 апрели соли 2024, № 1281
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июни соли 2024, № 511
ҷонибдорӣ карда шуд


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» аз 16 апрели соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 266; с. 2019, №6, мод. 30) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.

2. Дар қисми 6 моддаи 3 калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд.

  1. Дар моддаи 14:

- дар сархатҳои якум ва даҳуми қисми 3 ва қисми 6 калимаҳои «дархост», «ҳаққи хизмати баррасии дархост» ва «дархосткунандаро» мувофиқан ба калимаҳои «ариза», «хироҷи баррасии ариза» ва «аризадиҳандаро» иваз карда шаванд;

- ба қисми 3 пас аз калимаи «зеринро» калимаҳои «дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ» илова карда шаванд.

  1. Моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 17. Пардохти хироҷ

Ташкилотҳои маблағгузории хурд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба буҷети давлатӣ хироҷ пардохт менамоянд.».

  1. Дар қисми 3 моддаи 29 калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 20 июни соли 2024, № 2071

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О МИКРОФИНАНСОВЫХ ОРГАНИЗАЦИЯХ»
Принят постановлением МН МОРТ от 24 апреля 2024 года, №1281
Одобрен постановлением ММ МОРТ от 19 июня 2024 года, №511

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О микрофинансовых организациях» от 16 апреля 2012 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №4, ст. 266; 2019 г., №6, ст. 330) следующие изменения и дополнение:

1. В части 6 статьи 3 слова «уполномоченный орган по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма» заменить словами «уполномоченный орган по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения».

2. В части 3 статьи 14:

- вводную часть после слова «документы» дополнить словами «в письменной форме или через электронную систему»;

- в абзацах первом и десятом слова «ходатайство» и «ходатайства» заменить соответственно словами «заявление» и «заявления».

3. Статью 17 изложить в следующей редакции:

 «Статья 17. Оплата сборов

Микрофинансовые организации в соответствии с Законом Республики Таджикистан «О разрешительной системе» уплачивают в государственный бюджет сбор.»

4. В части 3 статьи 29 слова «лицензировании отдельных видов деятельности» заменить словами «разрешительной системе».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 20 июня 2024 года №2071