Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, № 2066 «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи амалкуни: 01.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июни соли 2024, № 1355
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июни соли 2024, № 506
ҷонибдорӣ карда шуд


Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №12, қ.1, мод. 681; с. 2022, №1,2-3, мод.18, №12, қ.2, мод. 774; с. 2023, №1-3, мод. 8, №11, мод. 472) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Ба сархати сездаҳуми қисми 4 моддаи 251 пас аз калимаи «молҳо» калимаҳо ва рақамҳои «, ба истиснои гандуми навъҳои 1-4,» илова карда шаванд.

2. Дар қисми 7 моддаи 397 рақам ва калимаҳои «2023 амал мекунанд» ба рақамҳо ва калимаҳои «2025 амал намуда, имтиёзҳои муқаррарнамудаи низоми андозбандии мазкур аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 50 дарсади меъёри андозҳои дар Кодекси мазкур муқарраршуда татбиқ карда шуда, ҳангоми ошкор гардидани ҳолатҳои суиистифода шудани имтиёзҳо ва ё рӯйпӯшкунии андозҳои озодкардашуда ба андозаи дукаратаи меъёри муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳисоб карда мешаванд» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2024 мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон               Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 20 июни соли 2024, № 2066

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В НАЛОГОВЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят постановлением МН МОРТ от 12 июня 2024 года, №1355
Одобрен постановлением ММ МОРТ от 19 июня 2024 года, №506

Статья 1. Внести в Налоговый кодекс Республики Таджикистан от 23 декабря 2021 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2021 г., №12, ч.1, ст. 681; 2022 г., №1,2-3, ст. 18, №12, ч. 2, ст. 774; 2023 г., №1-3, ст. 8, №11, ст. 472) следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце тринадцатом части 4 статьи 251 после слов «товаров» дополнить словами и цифрами «, за исключением пшеницы 1-4 сортов,».

2. В части 7 статьи 397 цифру и слово и «2023 года» заменить цифрами и словами «2025 года, льготы, установленные настоящей системой налогообложения, будут применяться с 1 января 2024 года в размере 50 процентов ставки налога, установленной настоящим Кодексом, а при выявлении случаев злоупотребления льготами или покрытия освобожденных налогов, они будут исчисляться по двукратным ставкам, установленным настоящим Кодексом».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2024 года.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 20 июня 2024 года №2066