ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қабул шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июни соли 2024, № 505 ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Нишондиҳанда барои ҳисобҳо
1. Нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, ҷарима ҳамчун ҷазо, ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзишӣ (ҳадди ақал ва ё ниҳоӣ), кумакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.
2. Муқаррар намудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, чун қоида, бо назардошти сатҳи таваррум, ки тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи дарпешистодаи банақшагирӣ муқаррар шудааст, сурат мегирад.
Моддаи 2. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» аз 5 январи соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ.2, мод. 15; с. 2012, №8, мод. 825) аз эътибор соқит дониста шавад.
...