ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Регистри корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463)
Бо мақсади танзими механизми назорати омори фаяъолияти корхонаю ташкилотҳо Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад, ки Регистри ҷумҳурии корхонаю ташкилотҳоро (минбаъд Регистри корхонаҳо) таъсис диҳад ().
Низомномаи Регистри корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро (замима мегардад) тасдиқ кунад.
Дорандаи Регистри омори корхонаҳо маркази эҳсоияи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад ().
2. Роҳбарони корхонаю ташкилотҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда то 15 январи с.1992, корхонаю ташкилотҳо ва дигар воҳидҳои сохтории берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ филиалҳо дошта бошанд, то 1 феврали с.1992 ӯҳдадор карда шаванд, то маълумоти заруриеро, ки мақомоти омори маҳаллии аз тарафи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ё шаҳрӣ таъингардида барои дохил намудан ба Регистри корхонаҳо медиҳанд, пешниҳод кунанд.
Пешниҳод кардани маълумотҳое, ки барои дохил намудан ба Регистри корхонаҳо заруранд, барои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии корхонаю ташкилотҳои амалкунанда, инчунин воҳидҳои сохтории онҳо ва ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ асос шуда наметавонанд.
3. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалӣ (ҳукуматҳо) назоратро аз болои сари вақт пешниҳод гардидани маълумот дар бораи корхонаю ташкилотҳои таъсисдодашаванда ё амалкунанда воҳидҳои сохтории онҳо), инчунин додани онҳо ба дорандаи Регистри корхонаҳое, ки ба Регистри корхонаҳо дохил карда мешаванд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи низомномаи мазкур ба роҳ монда, дар мавриди зарурат ҷорӣ кардани мансабҳои дахлдори штатӣ ва маблағҳои бопултаъминкунии хароҷоти нигоҳдории онҳоро пешбинӣ кунанд ().
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар буҷети Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои бопултаъминкунии хароҷоти таъсису нигоҳдории Регистри корхонаҳоро аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намояд ().
5. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон (, аз 05.10.2001 № 463):
а) роҳбарии методӣ ва ташкилиро дар бобати таъсис ва бурдани Регистри корхонаҳо таъмин кунад;
...