Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2011, № 252
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1) Хадамоти алоқаи назда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдХадамоти алоқа) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, сиёсати ягонаи давлатии идора, назорат, танзим ва баамалбарории хизматрасонии соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почтавӣ ва иттилоотониро (минбаъд алоқа ва иттилоотонӣ) таҳия мекунад ва ба амал мебарорад.
2) Хадамоти алоқа дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.
2. Ваколатҳо
3) Хадамоти алоқа иҷрои тадбирҳои зеринро таъмин менамояд:
- иштирок дар таҳия ва амаликунии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди алоқаи барқӣ, алоқаи почтавӣ ва иттилоотонӣ;
- таҳия ва тасдиқи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- идора, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва танзими давлатии фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- иштирок дар таҳия ва татбиқи пешниҳодҳо оид ба сиёсати давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- муайян намудани самтҳои асосии рушди соҳаи мазкур ва пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодии хориҷии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- муайян ва ба баррасии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгӯи хизматрасонӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ мувофиқи қонунгузорӣ, инчунин назорати иҷрои шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ;
- назорати тарофаҳои соҳаи алоқа;
- ба мақомоти дахлдор ирсол намудани пешниҳодҳо ҷиҳати баланд ва ё паст намудани тарофаҳо дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- таъмин ва назорати дастрасии баробари ҳамаи истифодабарандагон ба шабакаҳои алоқаи барқӣ, почта ва курерӣ дар асоси хизматрасонии хушсифат ва риояи маҳрамиятӣ ахбор, инчунин махфӣ нигоҳ доштани сирри ахбори хусусӣ дар бораи истифодабарандагон;
- иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатии фелдъегерӣ;
- муқаррар намудани тартиби пайвастшавии байнишабакавӣ, тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, меъёри сифати хизматрасонии соҳаи алоқаи барқӣ, почта, иттилоотонӣ;
- ташкили системаи сертификатсияи соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- идоракунии Нақшаи миллии рақамгузории алоқаи барқӣ;
- идоракунӣ ва таъминоти ташкилию техникии фаъолияти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -КДРБ);
- омодасозӣ ва пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи тақсим ва истифодабарии захираҳои радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иштирок дар таҳия ва мувофиқасозии тарофаҳои хизматрасонии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- иштирок дар хусусигардонии корхонаҳои давлатии соҳа.
4) Вазифаҳои Хадамоти алоқа:
- таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мансуби соҳа;
- тартиб додани Нақшаи миллии рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идоракунии он, чудо намудани рақамҳо ё диапазони рақамҳо (аз ҷумла рамзҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, рақамҳои кӯтоҳи хизматрасонии универсалӣ, IP суроғаҳо);
- таҳияи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, додан, дароз намудан, боздоштан, қатъ ва аз эътибор соқит кардани иҷозатномаҳои ҳуқуқдиҳанда барои амалигардонии фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ;
- бо тартиби муқарраргардида намояндагӣ кардан аз манфиатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои алоқа ва иттилоотонӣ ҳангоми анҷом додани фаъолияти байналмилалӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилалии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- амалигардонии назорати талаботи қонунҳо, стандартҳо, қоидаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, регламентҳои техникӣ, шарту талаботи иҷозатномавӣ, риояи тартиби истифодабарии радиобасомадҳои ҷудогардида ва воситаҳои техникии истифодашаванда, тартиби истифодаи рақамҳои ҷудогардида;
- тасдиқи шартномаҳои пайвасти байнишабакавии операторони алоқаи барқӣ;
- иштирок дар кори Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ, Иттиҳоди минтақавии алоқаи барқӣ, Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта ва дигар ташкилотҳои байналмилалии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- гузаронидани ташхиси лоиҳаю барномаҳо оид ба бунёд ва рушди воситаҳои барномавию техникӣ, система ва шабакаҳои иттилоотонӣ, технологияҳои иттилоотӣ аз ҷиҳати техникӣ ва додани хулосаҳо;
- ҷиҳати аз тарафи техникӣ таъмин намудани ҳукумати электронӣ, тиҷорати электронӣ, телетиб, рушд, истифодаи технологияҳои иттилоотонию коммуникатсионӣ, гузаронидани ташхиси шабакаҳои мавҷуда ва анҷом додани назорати онҳо;
- гузаронидани ташхиси шабакаи алоқаи барқӣ ҷиҳати муайян намудани имконияти пайвастшавии байнишабакавӣ ва қабули қарорҳои дахлдор;
- назорат ва бозрасии ҳолат ва рушди шабакаҳои алоқа, фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ ва фурӯши дастгоҳу таҷҳизоти алоқа, сифати хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, почта ва иттилоотонӣ, пардохти саривақтии хироҷҳои муқарраршуда ба буҷети давлатӣ;
- назорат ва бозрасии тартиби аз хориҷа ворид намудани воситаҳои техникии алоқа, тартиб ва дурустии пешниҳоди ҳисоботи молиявию оморӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ фаъолияткунанда, тартиб додани санадҳои муқоисавӣ, андешидани чораҳои маъмурӣ нисбати вайронкунандагони тартибу қоидаҳои дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ муқарраргардида;
- гузаронидани мувофиқаи дархостҳои техникӣ ҷиҳати коркарди шартҳои техникии истеҳсоли сериявии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомади истифодабарии шаҳрвандӣ дар қисми параметрҳои мутобиқати электромагнитӣ;
- барои КДРБ таҳия намудани пешниҳодҳо, тавсияҳо оид ба масъалаҳои муқаррар намудани сиёсати истифодаи радиобасомадҳо, воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомади истифодабарии шаҳрвандӣ бо дарназардошти таъмини мутобиқати электромагнитии онҳо ва қабули меъёрҳои тақсими басомадҳо;
- гузаронидани радиомониторинги шабонарӯзӣ ва таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;
- тибқи тартиби муқарраршуда таъмин намудани ҳамоҳангии таъиноти басомадҳо бо маъмурияти алоқаи давлатҳои хориҷӣ ва бақайдгирии таъиноти басомадҳо ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;
- ширкат дар кори омодасозии лоиҳаҳои созишномаҳо байни Хадамоти алоқа ва маъмурияти алоқаи давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, ҳамкорӣ бо маъмурияти алоқаи давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- ташаккул додан ва пешбурди махзани маълумоти таъиноти басомадҳо ба воситаҳои радиоэлектронии истифодабарии шаҳрвандӣ;
- таҳия ва татбиқи консепсияҳо, самтҳои асосии рушди шабакаҳои алоқаи барқӣ, алоқаи почтавӣ, системаҳои иттилоотонӣ дар заминаи мониторинги ҳолати пешгӯиҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати рушди соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ андешидани чораҳои дахлдор барои таъмини мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар истеъмолкунандагон бо хизматрасонии алоқаи барқӣ, алоқаи почтавӣ ва иттилоотонӣ;
- муайян кардани вазифаҳо, ҳадафҳо, стандартҳо ва тартиби назорати таъминкунии сифати дахлдори хизматрасонии алоқа ва иттилоотонӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда ва анҷом додани чунин назорат;
- муайян кардани талаботи техникӣ ба таҷҳизоти алоқа ва иттилоотонӣ, ки дар шабакаи алоқа ва иттилоотонӣ истифода мешаванд;
- амалӣ гардонидани танзими истифодабарӣ ва ҳифзи ҳуқуқии захираҳои радиобасомадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, тақсими (таъини) спектри радиобасомадҳо, гузаронидани ташхиси мутобиқати электромагнитӣ;
- мусоидат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;
- таъмини татбиқи консепсияи давлатии таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии алоқа ва иттилоотонӣ;
- назорати тарофаҳои тасдиқ ва мувофиқанамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, якҷоя бо мақомоти дахлдор нисбати рақобати бевиҷдонона андешидани чораҳои дахлдор;
- тибқи тартиби муқарраргардида назорати риояи шарту талаботи ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, бартарафкунии сигналҳои иҷозатдоданашуда ва радиохалалҳо;
- назорати риояи талаботи сохтмони шабакаҳои алоқа ва васеъкунии онҳо, новобаста аз шакли шабака;
- амалигардонии ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати идораи шабакаҳои алоқаи барқӣ ва иҷрои тадбирҳо оид ба барқароркунии онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, инчунин таҳия ва татбиқи нақшаҳои омодагии мобилизатсионии шабакаҳои мазкур дар ҳолатҳои фавқулодда;
- муқаррар кардани намунаҳо, қимат (номинал), теъдоди нашр ва мӯҳлати амали аломатҳои давлатии пардохти почта, намунаҳои лифофаҳои (конвертҳои) почтавии маркадор, ташкили нашр ва ба гардиш баровардани онҳо;
- ташкили таъини индексҳои почтавӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули коллексияи давлатии аломатҳои пардохти почта;
- муқаррар кардани принсипҳои ҳисоббаробаркунии байни ташкилотҳои алоқаи почтавӣ, аз ҷумла оид ба амалиёти интиқоли маблағҳои пулӣ, ташкили гузаронидани ҳисобу китоб бо ташкилотҳои почтавии давлатҳои хориҷӣ барои интиқоли муросилоти почтавии байналмилалӣ;
- танзими фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳо оид ба масъалаҳои алоқа ва иттилоотонӣ;
- муқаррар кардани тартиби интиқоли сарбории шабакаҳои алоқаи барқӣ, ҳаллу фасли баҳсҳо дар доираи ваколати худ;
- муайян намудани тартиби истифодабарии сертификатҳои дигар давлатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқат ба стандартҳои муқарраршуда, шартҳои техникӣ ва дигар меъёрҳо, аз ҷумла стандартҳои байналмилалӣ ва миллии дигар мамлакатҳо бо тартиби муқарраршуда дар асоси шартномаҳои дуҷонибаи эътирофи сертификатҳо;
- додани сертификати мутобиқат ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, хизматрасонии алоқаи барқӣ, воситаҳо, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ниҳоии соҳаи алоқаи барқӣ, аз ҷумла таъминоти барномавие, ки аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд;
- ба манфиати мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти шаҳрвандон ва дар ҳолатҳои фавқулодда таъмини иҷрои ӯҳдадориҳое, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" ба зиммаи операторони алоқаи барқӣ гузошта шудаанд;
- амалигардонии корҳо оид ба ҳисобу китоб ва таъминоти тақсими паҳноии минтақавии басомадҳо ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, мутобиқати электромагнитӣ, дар ҳолати омодабошии доимӣ нигоҳ доштани захираҳои радиобасомадҳо, ҳамоҳангсозии онҳо ва гузаронидани назорати радиотехникӣ, радиомониторинг ва ташхис дар асоси шартнома ва нархномаи тибқи тартиби муқарраршуда бо мақомоти ваколатдори давлатӣ мувофиқагардида;
- ташкил ва гузаронидани озмун барои додани иҷозатнома, ҷудо намудани радиобасомад ва рақамгузорӣ дар соҳаи алоқа;
- ташкили қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтии муроҷиати онҳо ва фиристодани ҷавоб бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;
- ташкили касбомӯзӣ ва бозомӯзии кормандон, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаҳосилкунӣ;
- иҷрои дигар вазифаҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ.
5) Барои иҷрои ваколатҳои худ Хадамоти алоқа ҳуқуқ дорад:
- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ва иттилоотониро пешниҳод намояд;
- мақомоти идораи давлатӣ, ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, барои амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почтавӣ ва иттилоотонӣ ҷалб намояд;
- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамоти алоқа гузошташуда аз мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар соҳаи мазкур фаъолият менамоянд ва ё истифодабарандаи воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад мебошанд, ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумоти заруриро (аз ҷумла маълумоти биллингиро) талаб намояд ва ба даст орад;
- амвол ва воситаҳои пулии дар тавозун ва суратҳисобҳои худ доштаашро истифода ва ихтиёрдорӣ намояд;
- марказҳои ташхисӣ ва таҳлилии техникию иқтисодиро таъсис диҳад;
- дар таъсис додан, азнавтаъсисдиҳӣ, барҳам додан ва хусусигардонии корхонаҳои соҳаи мазкур иштирок намояд ва хулоса диҳад;
- фаъолияти истифодабарандагони воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомадро бо мақсади риояи тартиби истифодабарӣ санҷиш ва бозрасӣ намояд;
- барои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир намудан, истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ, дастгоҳҳои баландбасомад ва дигар таҷҳизоти алоқа ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, аз ҷумла барои истифодабарии озмоишӣ иҷозат диҳад, истифодабарии онҳоро, ки ба стандартҳо ва меъёрҳои техникӣ мувофиқат намекунанд, манъ намояд;
- барои истифодабарии спектри радиобасомадҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ иҷозат диҳад, радиобасомадҳоро ҳангоми риоя накардани тартиби истифодабарии онҳо бозпас гирад;
- таҷҳизоти дахлдорро, ки аз санҷиши давлатӣ гузаштаанд, ҳангоми гузаронидани озмоишҳо, ченкуниҳо, бозрасиҳо ва санҷишҳо истифода намояд;
- ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда семинару конференсия ва дигар чорабиниҳо гузаронад;
- дастур, қоидаҳо, шартҳои техникӣ ва дигар маводи хусусияти меъёрии ҳуқуқӣ доштаро таҳия ва тасдиқ намояд;
- бо тартиби муқарраргардида ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои иҷрои ҳуқуқи фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ иҷозатнома диҳад, мӯҳлати оғози фаъолиятро дар асоси иҷозатнома дароз намояд, пешбурди феҳрасти иҷозатномаҳои дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ додашударо анҷом диҳад;
- ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, хизматрасонии алоқа, воситаҳо, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ниҳоии соҳаи алоқаи барқӣ, аз ҷумла таъминоти барномавие, ки аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд, сертификати мутобиқат диҳад;
- фаъолияти операторони алоқаи почтаро бо мақсади риояи қоидаҳои хизматрасонии алоқаи почтавӣ ва курерӣ санҷиш ва бозрасӣ намояд;
- барои истифодаи рақамҳо ё диапазони рақамҳо (аз ҷумла рамзҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, рақамҳои кӯтоҳи хизматрасонии универсалӣ, IP суроғаҳо) иҷозат диҳад;
- стандартҳо, меъёрҳо, қоидаҳо, шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ва тартиби истифодабарии спектри радиобасомадро муқаррар намояд;
- ҷиҳати муайян намудани оператори хизматрасонии беҳтарин барои намудҳои хизматрасонӣ ва стандартҳо дар алоҳидагӣ озмунҳоро гузаронад;
- шартномаҳои пайвастшавии байнишабакавӣ, пайвастшавии байнишабакавӣ барои пешниҳод намудани хизматрасонии байналмилалӣ, пайвастшавии байналмилалиро барои пешниҳод намудани хизматрасонии алоқа ба қайд гирад;
- нақшаи ташкили шабакаи алоқаи дохилӣ, хориҷӣ ва барномаи рушди шабакаро тасдиқ ва риояи онро назорат менамояд;
- барои истифодабарии басомадҳо, аз ҷумла барои истифодабарии якҷояи басомадҳои таъиноти шаҳрвандӣ иҷозат диҳад;
- барои истифодабарии якҷояи шабакаи алоқа иҷозат диҳад, роуминги дохилӣ ва хориҷиро мувофиқа намояд;
- барои гузариши сарҳади давлатӣ тавассути воситаҳо ва ноқилҳои алоқа иҷозат диҳад;
- ташхиси воситаҳои алоқа ва иттилоотонии ба ҷумҳурӣ воридшаванда ва дар ҷумҳурӣ истеҳсолшавандаро гузаронад;
- фаъолияти назоратии соҳаи алоқа ва иттилоотониро анҷом диҳад;
- ба мақомоти судӣ бо даъвоҳо муроҷиат намояд ва дар ҷараёни баррасии онҳо иштирок кунад;
- дар доираи ваколатҳояш ҷиҳати гузаронидани ташхис ва додани тавсияҳо, экспертҳо, мутахассисон ва ҳамчунин кормандони дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро ҷалб намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида субъектҳои хоҷагидорӣ ташкил намояд;
- дар ҳалли масъалаҳои сармоягузорӣ, (аз ҳисоби буҷет) аз ҷумла буҷетӣ барои рушди объектҳои алоқа ва иттилоотонӣ иштирок намояд;
- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрӣ ва дастурҳои иҷроияшон ҳатмиро барои тамоми субъектҳои хоҷагидории соҳаи алоқа ва иттилоотонии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намояд;
- дар муҳокимаи масъалаҳои ҳисоботдиҳии омории давлатӣ, андозбандӣ, қарздиҳӣ, илмию техникӣ ва ғайра, ки ба фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ дахл дорад, иштирок ва ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳо манзур намояд;
- ҷиҳати иҷрои стандартҳо, меъёру қоидаҳо, шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ санҷиш ва бозрасии фаъолияти субъектҳои хоҷагадор ва соҳибкорони инфродиро, ки дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ хизматрасонӣ мекунанд, гузаронад ва вайронкунандагонро ба ҷавобгарӣ кашад.
3. Ташкили фаъолият
6) Хадамоти алоқаро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
7) Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамоти алоқа гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ масъулияти шахсӣ дорад.
8) Сардор дорои ду муовин мебошад, ки онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
9) Шумораи ниҳоии кормандон ва теъдоди муовинони Сардори Хадамоти алоқаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
10) Сардор дорои ваколатҳои зайл мебошад:
- таъин ва озод намудани роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳои системаи Хадамоти алоқа;
- манфиатҳои Хадамоти алоқаро дар мақомоти давлатӣ ҳимоя мекунад ва роҳбарии умумии фаъолияти Хадамоти алоқаро амалӣ месозад;
- дар доираи салоҳияти худ фармоиш ва супориш медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони Дастгоҳи марказӣ, сохторҳои минтақавӣ ва корхонаҳои системаи Хадамоти алоқа ҳатмӣ мебошанд;
- вазифаҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ тақсим менамояд;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва минтақавиро тасдиқ мекунад;
- кормандони Хадамоти алоқаро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- ҳайати мушовараро роҳбарӣ мекунад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Хадамоти алоқа ҳал менамояд;
- дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.
11) Маблағгузории Дастгоҳи марказии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дар Нақшаи идоракунии Хадамоти алоқаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номбаршуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
12) Хадамоти алоқа шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ, мӯҳру штампҳои дахлдор, бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
13) Хадамоти алоқа дорои амволи махсус ва маблағҳо мебошад, ки дар тавозун ва суратҳисобҳои Хадамоти алоқа қарор мегиранд. Амволи ба Хадамоти алоқа додашуда ба амволи ҷумҳуриявӣ марбут мебошад.
14) Суроғаи ҳуқуқии Хадамоти алоқа: 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 57.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2011, № 252
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ
Раёсати танзим
Раёсати назорат
Шӯъбаи муҳосибот ва молия
Бахши муносибатҳои байналмилалӣ
Бахши ҳуқуқ
Бахши кадрҳо ва корҳои махсус
Бахши умумӣ
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2011, № 252
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Бахши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Шӯъбаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Шӯъбаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Бахши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2011, № 252
тасдиқ шудааст
Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Тоҷиктелеком"
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг"
Корхонаи воҳиди давлатии "Почтаи Тоҷик"
Корхонаи воҳиди давлатии "Алоқаи махсус"
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази марка"
Муассисаи давлатии "Хадамоти давлатии фелдъегерӣ"
Муассисаи давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"
Редаксияи газетаи "Ҳафтаномаи "Алоқа"
Дастаи ҳифозоти идорӣ
Приложение 1
Утверждена
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 11 мая 2011 года, № 252
Положение о Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан
1. Общие положения
1) Служба связи при Правительстве Республики Таджикистан (далее-Служба связи), являясь центральным органом государственной исполнительной власти, осуществляет организацию управления, контроля, регулирования и предоставления услуг в отрасли электрической связи, почтовой связи и информатизации (далее- связи и информатизации).
2) Служба связи в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, также другими нормативными правовыми актами, относящимися к отрасли связи и информатизации и настоящим Положением.
2. Полномочия
3) Служба связи обеспечивает выполнение следующих мер:
- участие в подготовке и реализации единой государственной политики в отрасли электрической связи, почтовой связи и информатизации;
- разработка и утверждение законодательных проектов и других нормативных правовых актов отрасли связи и информатизации;
- управление, согласование, контроль и государственное регулирование деятельности в отрасли связи и информатизации;
- участие в подготовке и реализации предложений по государственной инвестиционной политике в отрасли связи и информатизации;
- определение основных направлений развития данной отрасли и направление предложений в Правительство Республики Таджикистан;
- координация внешнеэкономической деятельности юридических и физических лиц в отрасли связи и информатизации;
- определение и представление на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан перечня услуг в отрасли связи и информатизации;
- лицензирование деятельности в отрасли связи и информатизации согласно законодательству, а также контроль исполнения условий и требований лицензирования;
- контроль тарифов отрасли связи;
- направление в соответствующие органы предложений по повышению или понижению тарифов отрасли связи и информатизации;
- обеспечение и контроль равного доступа всех пользователей к сетям электрической связи общего пользования, почты и курьерской службы на основе качественного обслуживания и соблюдения конфиденциальности, а также неразглашения секретов частной информации о пользователях;
- участие в разработке и проведении политики государственной в области фельдъегерской деятельности;
- определение порядка межсетевых соединений, порядка выдачи разрешительных документов в отрасли связи и информатизации, качества норм обслуживания в сфере электрической связи, почты, информатизации;
- организация системы сертификации отрасли связи и информатизации;
- управление Национальным планом нумерации электрической связи;
- управление и обеспечение организационно- технической деятельности Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан (далее ГКРЧ);
- подготовка и ведение единой государственной политики в области распределения и использования резервов радиочастот Республики Таджикистан;
- участие в подготовке и согласовании тарифов услуг в отрасли связи и информатизации;
- участие в приватизации государственных предприятий отрасли.
4) Задачи Службы связи:
- подготовка нормативных правовых актов Республики Таджикистан относительно деятельности отрасли;
- составление Национального плана нумерации Республики Таджикистан и управление им, выделение номеров или диапазона номеров (в том числе междугородных и международных кодов, коротких чисел универсальных услуг, IР адресов);
- подготовка условий и требований лицензирования, выдачи, продления, приостановления, прекращения и аннулирования разрешительных лицензий по претворению в жизнь деятельности в отрасли связи и информатизации согласно законодательству;
- в установленном порядке представление интересов Правительства Республики Таджикистан по вопросам связи и информатизации при исполнении международной деятельности, а также координация международной деятельности юридических и физических лиц в отрасли связи и информатизации;
- осуществление контроля требований законов, стандартов, правил, нормативных правовых актов, технических регламентов, лицензионных условий и требований, соблюдения правил пользования выделенными радиочастотами и используемой техники, порядка пользования выделенными номерами;
- утверждение договоров по внутрисетевому подключению операторов электрической связи;
- участие в работе Международного союза электрической связи, Регионального союза электрической связи, Всемирного почтового союза и других международных организаций отрасли связи и информатизации;
- проведение экспертизы проектов и программ по созданию и развитию программных технических средств, систем и сетей информатизации, технических сторон информационных технологий и дача заключений;
- диагностика и контроль с целью технического обеспечения электронного правительства, телемедицины, развития и использования информационно - коммуникационных технологий;
- проведение диагностики сетей электрической связи для определения возможностей внутрисетевого подключения и принятие необходимых решений;
- контроль и инспектирование состояния и развития сетей связи, деятельности пунктов обслуживания, продаж оборудования и средств связи, качества услуг в отрасли электрической связи, почты и информатизации, своевременной оплаты установленных налогов в государственный бюджет;
- контроль и инспектирование порядка ввоза из-за границы технических средств связи, порядка и правильности представления финансово - статистических отчетов юридическими и физическими лицами, осуществляющими деятельность действующих в отрасли связи и информатизации, составление сличительных актов, принятие административных мер в отношении нарушителей порядка и правил, установленных в отрасли связи и информатизации;
- проведение согласования технических предложений относительно разработки технических условий серийного производства радиоэлектронных средств и высокочастотных устройств гражданского пользования относительно параметров электромагнитного соответствия;
- подготовка предложений, рекомендаций по вопросам установления политики пользования радиочастотами, радиоэлектронными средствами и высокочастотными устройствами гражданского пользования для ГКРЧ с учетом обеспечения их электромагнитного соответствия и принятия норм распределения частот;
- проведение круглосуточного радиомониторинга и обеспечение электромагнитного соответствия радиоэлектронных средств и высокочастотных устройств;
- в установленном порядке обеспечение согласования назначения частот с администрациями соответствующих органов зарубежных государств и регистрация назначенных радиоэлектронным средствам и высокочастотным устройствам частот;
- участие в подготовке проектов соглашений между Службой связи и администрациями соответствующих органов иностранных государств по вопросам, относящимся к отрасли связи и информатизации, сотрудничество с администрациями соответствующих органов иностранных государств, региональными и международными организациями отрасли связи и информатизации;
- формирование и ведение базы данных назначения частот радиоэлектронных средств гражданского пользования;
- подготовка и внедрение концепций, основных направлений развития сетей электрической связи, почтовой связи, информационных систем на основе мониторинга среднесрочного и долгосрочного прогноза развития отрасли связи и информатизации;
- в соответствии с действующим законодательством отрасли связи и информатизации регулирование, полное удовлетворение потребности органов государственной власти, местных исполнительных органов государственной власти и других потребителей услугами электрической связи, почтовой связи и информатизации;
- определение задач, целей, стандартов и порядка контроля по обеспечению надлежащего качества услуг связи и информатизации согласно действующему законодательству и осуществление такого контроля;
- определение технической потребности в оборудовании связи и информатизации, используемой в сетях связи и информатизации;
- осуществление регулирования пользования и правовой защиты резервов частот Республики Таджикистан, распределение (назначение) спектров частот, проведение экспертизы электромагнитной совместимости;
- содействие развитию предпринимательства в сфере связи и информатизации;
- обеспечение реализации государственной концепции всеобщей доступности услуг связи и информатизации;
- контроль утвержденных и согласованных полномочными государственными органами тарифов в сфере связи и информатизации, совместно с соответствующими органами принятие соответствующих мер в отношении недобросовестной конкуренции;
- контроль в установленном порядке за соблюдением условий и требований разрешительных документов в отрасли связи и информатизации, устранение несанкционированных сигналов и радиопомех;
- контроль за соблюдением требований строительства сетей связи и ее расширения, независимо от вида сети;
- осуществление сотрудничества с другими государственными органами по управлению сетями связи и выполнение мер по их восстановлению в чрезвычайных ситуациях, а также подготовка и приспособление планов по мобилизационной готовности данных сетей при чрезвычайных ситуациях;
- определение образцов, стоимости (номинала), количества издания и сроков действия государственных знаков почтовой оплаты, образцов почтовых маркированных конвертов, организация их печати и распространения;
- организация назначения почтовых индексов на территории Республики Таджикистан, организация коллекции государственных знаков почтовой оплаты;
- определение принципов взаиморасчетов между организациями почтовой связи, в том числе по операциям перевода денежных средств, организация проведения взаиморасчетов с почтовыми организациями иностранных государств за пересылку международных почтовых отправлений;
- усовершенствование рынка услуг связи и информатизации;
- регулирование деятельности государственных предприятий, организаций и учреждений по вопросами связи и информатизации;
- определение порядка распределения нагрузки сетей электрической связи, решение споров в пределах своей компетенции;
- определение порядка пользования сертификатами других государств в Республике Таджикистан относительно соответствия установленным стандартам, техническим условиям и другим нормам, в том числе международным и национальным стандартам других стран определенному порядку на основании двусторонних договоров по признанию сертификатов;
- выдача сертификатов соответствия радиоэлектронным средствам и высокочастотным устройствам, услугам связи, средствам, установкам и оконечному оборудованию отрасли электрической связи, в том числе программным обеспечениям, ввозимым из-за рубежа;
- в интересах обороны и безопасности Республики Таджикистан, охраны правопорядка, безопасности граждан и в чрезвычайных ситуациях обеспечение обязательств, возложенных согласно Закона Республики Таджикистан "Об оперативно-розыскной деятельности" на операторов электрической связи;
- осуществление работ по учету и обеспечению зонального распределения частот радиоэлектронным средствам и высокочастотным устройствам, электромагнитной совместимости, содержанию радиочастотных запасов в постоянной готовности, их согласованию и проведению радиотехнического контроля, радиомониторинга и диагностики согласно договора и прейскуранта, согласованного в установленном порядке с компетентными государственными органами;
- организация и проведение тендеров и аукционов по выдаче лицензий, выделение радиочастот и нумерации в сфере связи;
- организация приема граждан, своевременное рассмотрение их обращений и дача ответа в порядке, установленном законодательством;
- организация обучения работников, их переобучения, повышения их квалификации и навыков;
- выполнение иных задач, предусмотренных законодательством.
5) Для выполнения своих полномочий Служба связи имеет право:
- представлять на рассмотрение в Правительство Республики Таджикистан проекты нормативных правовых актов отрасли связи и информатизации;
- привлекать органы государственного управления, организации, предприятия и учреждения, независимо от форм собственности и подчинения, для выполнения государственной политики в отрасли электрической связи, почтовой связи и информатизации;
- для выполнения возложенных на Службу связи задач затребовать и получать от государственных органов, юридических и физических лиц, действующих в данной сфере или являющихся пользователями радиоэлектронных средств и высокочастотных установок, документы и другую информацию (в том числе биллинговую информацию);
- использовать технические средства, распоряжаться имуществом и денежными средствами, имеющимися на балансе и в своих счетах;
- учреждать аналитико-технические, диагностические и экономические центры;
- участвовать и давать заключение по учреждению, реорганизации, ликвидации и приватизации предприятий данной отрасли;
- проверять и инспектировать деятельность пользователей радиоэлектронных средств и высокочастотных устройств с целью соблюдения порядка пользования;
- давать разрешение юридическим и физическим лицам на ввоз на территорию Республики Таджикистан и вывоза из неё радиоэлектронных средств и высокочастотных устройств и другого оборудования связи, в том числе для испытания, запрещать их использование при несоответствии стандартам и техническим нормам;
- давать разрешение на использование спектра радиочастот юридическим и физическим лицам, отзывать радиочастоты при нарушении порядка их пользования;
- при испытаниях, измерениях, инспектировании и проверках пользоваться оборудованием, прошедшим государственную проверку;
- для выполнения возложенных на нее задач проводить семинары, конференции и прочие мероприятия;
- разрабатывать и утверждать инструкции, правила, технические условия и прочие материалы нормативной правового характера;
- в установленном порядке давать юридическим и физическим лицам лицензии на право деятельности в сфере связи и информатизации, продлевать срок начала деятельности на основании лицензии, вести реестр выданных лицензий в отрасли связи и информатизации;
- давать сертификат соответствия радиоэлектронным средствам и высокочастотным устройствам, услугам связи, средствам, установкам и оконечным оборудованиям отрасли электрической связи, в том числе ввозимым из зарубежья программным обеспечениям;
- проверять и инспектировать деятельность операторов почтовой связи с целью соблюдения правил услуг почтовой связи и курьеров;
- давать разрешение на использование номеров и диапазонов номеров (в том числе междугородных и международных кодов, коротких номеров универсальных услуг, 1Р адресов);
- устанавливать стандарты, нормы, правила, условия и требования лицензирования и порядок использования спектров радиочастот;
- проводить конкурсы для определения лучшего оператора связи оказания услуг и стандартов в отдельности;
- регистрировать договора по межсетевым соединениям, межсетевым соединениям по оказанию международных услуг, международным соединениям по предоставлению услуг связи;
- утверждать и контролировать схему организации сети внутренней, внешней связи и программу развития сети и ее соблюдения;
- давать разрешение на пользование частотами, в том числе для совместного пользования частотами гражданского назначения;
- давать разрешение на совместное использование сети связи, согласовать внутренний и внешний роуминг;
- давать разрешение на переход государственной границы посредством средств электрической связи и кабелей связи;
- проводить техническую экспертизу ввозимых в республику и производимых в республике средств связи и информатизации;
- выполнять контрольную деятельность в отрасли связи и информатизации;
- обращаться с исками в судебные органы и принимать участие в ходе их разбирательства;
- в рамках своей компетенции для проведения экспертизы и выдачи рекомендаций привлекать экспертов, специалистов, а также других работников государственных органов и организаций;
- организовывать в установленном порядке хозяйствующие субъекты;
- принимать участие в решении вопросов инвестирования, в том числе бюджетного, развития объектов связи и информатизации;
- в пределах своей компетенции принимать нормативные акты и инструкции, выполнение которых является обязательным для всех хозяйствующих субъектов отрасли связи и информатизации Республики Таджикистан;
- участвовать при обсуждении вопросов государственной статистический отчетности, налогообложения, кредитования, научно-технической и прочих вопросов, касающихся деятельности в отрасли связи и информатизации, и представлять соответствующим органам свои предложения;
- в целях выполнения стандартов, норм, правил, условий и требований лицензирования, проводить проверку и инспектирование деятельности хозяйствующих субъектов и индивидуальных предпринимателей, оказывающих услуги в сфере связи и информатизации, и привлекать нарушителей к ответственности.
3. Организация деятельности
6) Службу связи при Правительстве Республики Таджикистан возглавляет Начальник, назначаемый и освобождаемый от должности Правительством Республики Таджикистан.
7) Начальник несет персональную ответственность за выполнение возложенных на Службу задач и реализацию государственной политики в отрасли связи и информатизации.
8) Начальник имеет двух заместителей, которые назначаются и освобождаются от должности Правительством Республики Таджикистан.
9) Предельную численность работников и количество заместителей Начальника Службы определяет Правительство Республики Таджикистан.
10) Начальник:
- защищает интересы Службы связи в органах власти и осуществляет общее руководство деятельностью Службы;
- в пределах своих полномочий издает распоряжения и дает указания, обязательные для исполнения сотрудниками Центрального аппарата, региональных структур и предприятий системы Службы связи;
- распределяет обязанности между своими заместителями и руководителями структурных подразделений Центрального аппарата;
- утверждает положения о структурных подразделениях Центрального аппарата и региональных структур;
- в установленном порядке назначает на должность и освобождает от должности работников Службы связи;
- руководит коллегиальным советом;
- в установленном, законодательством Республики Таджикистан о государственной службе порядке решает вопросы, связанные с прохождением государственной службы в Службе связи;
- осуществляет другие полномочия в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
11) Финансирование Центрального аппарата и структур, перечисленных в Схеме управления Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан, осуществляется за счет республиканского бюджета и других средств по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.
12) Служба связи при Правительстве Республики Таджикистан является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан со своим наименованием на государственном и русском языках, соответствующие печати и штампы, бланки и финансируется из единого казначейского счета Министерства финансов Республики Таджикистан.
13) Служба связи имеет специальные имущество и денежные средства, которые находятся на балансе и лицевых счетах. Имущество, переданное Службе связи, является республиканским имуществом.
14) Юридический адрес Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан: 734025, г. Душанбе, проспект Рудаки, 57.
Приложение 2
Утверждена
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от II мая 2011 года, № 252
Структура Центрального аппарата Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан
Руководство
Управление связи и информатизации
Управление регулирования
Управление контроля
Сектор международных отношений
Отдел бухгалтерии и финансов
Правовой сектор
Сектор кадров и специальных работ
Общий сектор
Приложение 3
Утверждена
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от II мая 2011 года, № 252
Схема управления Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан Центральный аппарат
Сектор Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан в Горно - Бадахшанской автономной области
Отдел Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан в Согдийской области
Отдел Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан в Хатлонской области
Сектор Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан по Кулябской зоне
Приложение 4
Утверждена
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от II мая 2011 года, №252
Перечень предприятий, учреждений и организаций Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан
Открытое акционерное общество "Точиктелеком"
Государственное унитарное предприятие "Центр электромагнитной совместимости и радиомониторинга"
Государственное унитарное предприятие "Почтаи Точик"
Государственное унитарное предприятие "Алокаи махсус"
Государственное унитарное предприятие "Маркази марка"
Государственное предприятие "Государственная фельдъегерская служба"
Государственное предприятие "Жилищно-коммунальное хозяйство"
Редакция газеты "Хафтаномаи "Алока"
Вневедомственная охрана