Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 № 709 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1004 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАОРИФ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи маориф" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 345; с. 2005, №12, мод. 655; с. 2006, №12, мод. 546; с. 2008, №6, мод. 465; с. 2009, №3, мод. 81; №5, мод. 336; №7-8, мод. 500; с. 2010, №7, мод.566) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати дуюми моддаи 5 калимаҳои "муҳайё сохтани" ба калимаи "таъмини" иваз карда шаванд.

2. Дар қисми ҳафтуми моддаи 8 калимаи "меъёри" ба калимаи "меъёрии" иваз карда шавад.

3. Дар сархати сеюми қисми якуми моддаи 9 калимаи "навъҳои" ба калимаи "шаклҳои" иваз карда шавад.

4. Қисми шашуми моддаи 11 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Муассисаҳои давлатии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар шаҳраку деҳот танҳо бо розигии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти дахлдор пас аз ба охир расидани соли хониш барҳам дода мешаванд.".

5. Ба қисми якуми моддаи 15 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- маълумот оид ба филиалу намояндагиҳо;".

6. Дар қисми даҳуми моддаи 17 рақами "16" ба рақами "17" иваз карда шавад.

7. Дар қисми сеюми моддаи 19 пеш аз рақамҳои "4" ва "2" аломати (-) дефис хориҷ карда шуда, калимаи "то" илова карда шавад.

8. Дар қисми ҳафтуми моддаи 22 калимаи "Низомномаи" ба калимаи "Оинномаи" иваз карда шавад.

9. Дар қисми сеюми моддаи 27 баъд аз калимаи "Низомномаи" калимаи "намунавии", баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва Оинномаи муассиса" илова карда шаванд.

10. Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 28 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "Академияи илмҳои педагогӣ" ба калимаҳои "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

25 марти соли 2011 № 709

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 12 январи соли 2011, № 283

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 11 марти соли 2011 № 149

Утратил силу в редакции Закона РТ от 22.07.2013г. №1004

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОБРАЗОВАНИИ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "Об образовании" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004г., №5, ст.345; 2005г., №12, ст.655; 2006г., №12, ст.546; 2008г., №6, ст.465; 2009г., №3, ст.81; №5, ст.336; №7-8, ст.500; 2010г., №7, ст. 566) следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце втором статьи 5 слово "подготовка" заменить словом "обеспечение".

2. Часть шестую статьи 11 изложить в следующей редакции:

"Государственные дошкольные учреждения и учреждения общего образования в поселках и селах ликвидируются только по согласию соответствующего органа самоуправления поселков и сёл по завершении учебного года."

3. Часть первую статьи 15 дополнить абзацем четвертым следующего содержания:

"- сведения о филиалах и представительствах;".

4. В части десятой статьи 17 число "16" заменить на число "17".

5. В части третьей статьи 19 перед числами "4" и "2" исключить знак (-) дефис и дополнить словом "до", слово "года" заменить словом "лет".

6. В части седьмой статьи 12 слова "положение об" заменить словами "устава учреждения".

7. Часть третью статьи 27 перед словом "положением" дополнить словом "примерным", после слова "Таджикистан" дополнить словами "и Уставом учреждения".

8. В абзаце втором части первой статьи 28 и далее по всему тексту Закона слова "Академия педагогических наук" заменить словами "Академия образования Таджикистана".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                Эмомали Рахмон

г.Душанбе, 25 марта 2011 года №709

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об образовании"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об образовании".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                    Ш. Зухуров

г. Душанбе, 12 января 2011 года, №283

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об образовании

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об образовании", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об образовании".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                М.Убайдуллоев

г.Душанбе,11 марта 2011 года №149