ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод.19) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 3 моддаи 13 хориҷ карда шуда, қисми 4 қисми 3 ҳисобида шавад.
2. Дар қисмҳои 1, 2, 6 ва 7 моддаи 18 рақами "2011" ба рақами "2013" иваз карда шавад.
3. Моддаи 53 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 53. Таъминоти нафақавии касбӣ
1. Бо мақсади таъминоти нафақавии касбии шахсоне, ки рӯзи пурраи корӣ ба корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин ба корҳои дорои шароити махсуси меҳнат машғул мебошанд, корфармо ӯҳдадор аст, ки дар давраи иҷрои чунин корҳо пардохти саҳмҳоро барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ то таъини нафақаи касбӣ таъмин намояд. Шартҳо ва тартиби суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро қонун муайян менамояд.
2. Тартиби таъминоти нафақавии касбӣ ва таъини нафақаҳои касбӣ, рӯйхати истеҳсолот, корҳо, касбҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин номгӯи корҳо ва касбҳои дорои шароити махсуси меҳнатро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.".
4. Дар моддаи 59:
- дар қисми 3 рақамҳои "1952", "1957", "2011" ва "2015" мутаносибан ба рақамҳои "1954", "1959", "2013" ва "2017" иваз карда шаванд;
- дар қисми 6 рақамҳои "1952" ва "1957" мутаносибан ба рақамҳои "1954" ва "1959" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 62 рақами "2011" ба рақами "2013" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
25 марти соли 2011 № 708
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҳУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.ЗУҲУРОВ
ш.Душанбе, 12 январи соли 2011, № 275
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 11 марти соли 2011 № 148
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СТРАХОВЫХ И ГОСУДАРСТВЕННЫХ ПЕНСИЯХ"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 12 января 2010 года "О страховых и государственных пенсиях" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2010 г., №1, ст. 19) следующие изменения:
1. Часть 3 статьи 13 исключить, часть 4 считать частью 3.
2. В частях 1, 2, 6 и 7 статьи 18 число "2011" заменить на число "2013".
3. Статью 53 изложить в следующей редакции:
"Статья 53. Профессиональное пенсионное обеспечение
1. В целях профессионального пенсионного обеспечения лиц, которые заняты полный рабочий день на подземных работах, на работах с особо вредными и особо тяжёлыми, вредными и тяжёлыми условиями труда, а также на работах с особыми условиями труда, работодатель обязан в период выполнения таких работ обеспечить оплату взносов на обязательное профессиональное пенсионное страхование до назначения им профессиональной пенсии. Условия и порядок профессионального пенсионного страхования определяется законом.
2. Порядок профессионального пенсионного обеспечения и назначения профессиональных пенсий, списки производств, работ, профессий, должностей и показателей подземных работ, работ с особо вредными и особо тяжёлыми, вредными и тяжёлыми условиями труда, а также перечни работ и профессий с особыми условиями труда утверждает Правительство Республики Таджикистан.".
4. В статье 59:
- в части 3 числа "1952", "1957", "2011" и "2015" соответственно заменить на числа "1954", "1959", "2013" и "2017";
- в части 6 числа "1952" и "1957" соответственно заменить на числа "1954" и"1959".
5. В статье 62 число "2011" заменить на число "2013".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2011 года.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе, 25 марта 2011 года № 708
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О страховых и государственных пенсиях"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О страховых и государственных пенсиях".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. Зухуров
г.Душанбе, 12 января 2011 года, №275
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О страховых и государственных пенсиях"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О страховых и государственных пенсиях", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О страховых и государственных пенсиях".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе, 11 марта 2011 года №148