ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №12, мод. 816; с.2010, №7, мод. 551), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати дувоздаҳуми қисми 1 моддаи 35 пас аз калимаи "алоқа" калимаҳои "ва ё хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд" илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 37 калимаҳои "тафтишоти фаврӣ" ба калимаҳои "оперативӣ-тафтишотӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 1 моддаи 39:
- дар сархати ҳаштум калимаҳои "оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти таҳқиқ" ба калимаҳои "оперативӣ-ҷустуҷӯие" иваз карда шаванд;
- дар сархати нӯҳум калимаҳои "амалҳои фаврӣ ва тафтишӣ" ба калимаҳои "чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва пешбурди амалҳои тафтишӣ" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 41:
- дар сархати сеюми қисми 1 калимаҳои "амалҳои фаврии тафтишӣ ё таҳқиқиро" ба калимаҳои "чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтиширо" иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми қисми 4 калимаҳои "чораҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ андешад" ба калимаҳои "чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад" иваз карда шаванд.
5. Дар сархати чоруми қисми 2 моддаи 60 калимаи "амалҳои" ба калимаи "чорабиниҳои" иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 84:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 84. Истифодаи натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ";
...