Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 660 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 991 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 11, мод. 687) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми чоруми моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Кооператив бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.".

2. Қисми сеюми моддаи 21 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Узви кооператив вазифадор аст, ки дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии кооператив сад фоизи саҳмпулии худро супорад.".

3. Дар қисми дуюми моддаи 28:

- дар ҷумлаи якум калимаҳои "акти супоридан ва ё тавозуни ҷудокунӣ" ба калимаҳои "санади супурдан ё баланси тақсимот" иваз карда шаванд;

- ҷумлаи дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Санади супурдан ё баланси тақсимот аз ҷониби маҷлиси умумии аъзои кооператив, ки дар хусуси азнавташкилдиҳии кооператив қарор қабул намудааст, тасдиқ гардида, ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои бақайдгирии давлатии кооперативи навтаъсис ва ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо пешниҳод карда мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

29 декабри соли 2010 № 660

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе,

 1 октябри соли 2010, № 172

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе,

16 декабри соли 2010 № 94

3АКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О производственных кооперативах"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 2 декабря 2002 года "О производственных кооперативах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2002 г., №11.ст. 687) следующие изменения:

1. Часть четвёртую статьи 7 изложить в следующей редакции:

"Государственная регистрация кооператива осуществляется в порядке, предусмотренном Законом Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей".".

2. Часть третью статьи 21 изложить в следующей редакции:

"Член кооператива обязан внести в течение одного года со дня государственной регистрации кооператива сто процентов своих паевых взносов.".

3. Второе предложение части второй статьи 28 изложить в следующей редакции: "Передаточный акт или разделительный баланс утверждаются общим собранием членов кооператива, принявшим решение о реорганизации кооператива, и представляются в орган, осуществляющий государственную регистрацию, для государственной регистрации вновь образованного кооператива и для внесения изменений и дополнений в Единый государственный реестр юридических лиц и индивидуальных предпринимателей.".

Статья 2. Настоящий  Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                            Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

29 декабря 2010 года № 660

ПОСТНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О производственных кооперативах"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в  Закон  Республики Таджикистан "О производственных кооперативах".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                  Ш. Зухуров

г. Душанбе, 1 октября 2010 года, № 172

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О производственных кооперативах"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О производственных кооперативах", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О производственных кооперативах".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                     М. Убайдуллоев

г. Душанбе, 16 декабря 2010 года, № 94