ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №6, мод. 153; с. 2001, №7, мод. 508; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 170; с. 2005, №3, мод. 125; с. 2006, №4, мод. 193; с. 2007, №5, мод. 356; с. 2010, №3, мод. 156) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 24:
- дар қисми 1 калимаи "бақайдгирӣ" ба калимаҳои "бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ" иваз карда шавад;
- қисми 2 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 6 калимаҳои "қонунгузории андоз" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- қисмҳои 3, 4, 5 ва 6 мутаносибан қисмҳои 2, 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
2. Матни моддаи 51 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Шахси ҳуқуқӣ бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Маълумот дар бораи бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла бақайдгирии ташкилотҳои тиҷоратӣ, номи фирма ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дохил карда мешавад, ки барои шиносоии умум дастрас мебошад.
Асосҳои рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муайян карда мешаванд. Рад кардани бақайдгирӣ бо далели мувофиқи мақсад набудани таъсиси шахси ҳуқуқӣ манъ аст.
Дар сурати рад кардани бақайдгирии давлатӣ, инчунин саркашӣ кардан аз он ба суд шикоят намудан мумкин аст.
2. Шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш таъсисгардида дониста мешавад.
3. Шахси ҳуқуқӣ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун аз нав ба қайд гирифта мешавад.".
3. Қисми 3 моддаи 53 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
...