Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои боғу токзори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегия ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи замимагардидаи мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасони боғу токзори Ҷумҳурни Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад.
2) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молия ва Вазорати рушдн иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини маблағгузории "Барномаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои боғу токзори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015" аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ, қарзҳои бонкӣ, ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва сарчашмаҳои худӣ чораҳои зарурӣ андешад.
3) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо татбиқи Барномаи мазкурро таъмин намуда, ҳар сол то 15 декабр аз ҷараёни иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 декабри соли 2010 № 625
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Программы по борьбе с вредителями и болезнями садов и виноградников Республики Таджикистан на 2011-2015 годы
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1) Утвердить прилагаемую Программу по борьбе с вредителями и болезнями садов и виноградников Республики Таджикистан на 2011-2015 годы.
2) Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов и Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан принять необходимые меры в целях обеспечения финансирования "Программы по борьбе с вредителями и болезнями садов и виноградников Республики Таджикистан на 2011-2015 годы" из средств бюджета в рамках Программы среднесрочных государственных расходов, кредитов банков, привлечения грантов международных организаций и внутренних источников.
3) Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, председателям Горно- Бадахшанской автономной области, областей и районов ежегодно до 15 декабря представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию об исполнении настоящего постановления.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 3 декабря 2010 года № 625
г. Душанбе