Низомнома оид ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 № 387

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз "2" августи соли 2010 № 387

тасдиқ шудааст

Низомнома оид ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1) Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати асосӣ ва маҷмӯи ҳама гуна мавод оид ба ҳолати намуди ҳайвонот ва набототи нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мувофиқи он тавсияҳои илман асоснок ва чорабиниҳои мушаххасу амалӣ оид ба ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи оқилонаи ҳайвоноту наботот таҳия мегардад.

2) Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи хифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пеш бурда мешавад.

3) Маблағгузории корҳо вобаста ба пешбурд ва аз нав нашр намудани Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар доираи маблағҳои буҷетии тасдиқшудаи соли ҳисоботӣ барои соҳаи ҳифзи муҳити зист ва лоиҳаҳои инвеститсионии дар ин соҳа татбиқшаванда ба амал бароварда мешавад.

4) Ҳалли масъалаҳои вобаста ба пешбурди Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муштараки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро Комиссия оид ба ҳайвоноту набототи нодир ва дар зери хавфи маҳвшавӣ қарордоштаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.

2. Сохтори Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон

5) Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду бахш, ки ба ҳайвонот ва наботот тааллуқ доранд иборат аст. Барои ҳар як намуди (зернамуди) алоҳидаи ҳайвонот ва набототе, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст мақоми ҳифз, мавзеи сукунат дар ҳудуди ҷумҳурӣ (харитаи паҳншавӣ), маълумот оид ба шумора, хусусиятҳои афзоиш, омилҳои тағйирёбии шумора ва мавзеи паҳншавӣ, таназзул ёфтани мавзеъи сукунат, чораҳои андешидашуда баҳри ҳифзи онҳо ва пешниҳодот ҷиҳати барқарор намудани шумора ва беҳдошти мавзеъҳои сукунат ва ғайра нишон дода мешавад.

6) Китоби сурхи Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия карда мешавад ва метавонад бо дилхоҳ забони хориҷӣ тарҷума шавад.

3. Тартиби ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудани объектҳои олами ҳайвонот ва наботот

7) Ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон объектҳои олами ҳайвоноту наботот дохил карда мешаванд, ки ҳифзи онҳо андешидани чораҳои зарурӣ ва фавриро тақозо менамояд. Алалхусус:

- намудҳои (зернамудҳои) ҳайвоноту растаниҳое, ки ба рӯйхати Китоби сурхи Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат дохил карда шудаанд;

- намудҳои (зернамудҳои) ҳайвонот ва растаниҳое, ки дар зери таъсири фаъолияти хоҷагидории инсон ва ё ба сабабҳои дигар дар ҳолати маҳвшавӣ қарор доранд;

- намудҳои (зернамудҳои) эндемикӣ, реликтӣ, нодир, ва осебпазири ҳайвоноту растаниҳо, ки мавзеи сукунат ва майдони табиии афзоишашон маҳдуд гашта, шумораи онҳо кам шудааст;

- намудҳои (зернамудҳои) нодир ва зери хавфи маҳшавӣ қарордоштаи ҳайвоноту наботот, ки таҳти фаъолияти конвенсияҳо ва созишномаҳои байналхалқӣ қарор доранд.

8) Барои ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудани объектҳои олами ҳайвонот ва наботот маълумот оид ба маҳдуд гардидани шумора, масоҳати паҳншавӣ, бад гардидани мавзеъҳои сукунат ва ё шароитҳои номусоиди зисти онҳо, ки ба омилҳои антропогенӣ ва омилҳои дигар вобаста мебошанд ва ҳифзу барқароркунии шумора ва беҳдошти мавзеъҳои сукунати онҳо кор карда баромадани чораҳои махсусро тақозо менамояд ҳамчун асос гирифта мешавад.

9) Пешниҳод барои ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудани объектҳои олами ҳайвонот ва наботот аз ҷониби муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва олимони алоҳида баррасӣ мешаванд. Чунин пешниҳод аз ҷониби Комиссия оид ба ҳайвоноту набототи нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад, ки он дар асоси омӯзиши ҳаматарафаи мавод оид ба ҳолати ин объектҳо ҷиҳати ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудани онҳо қарор қабул менамояд.

10) Аз Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ намудани намудҳои (зернамудҳои) ҳайвонот ва растаниҳо дар сурате имконпазир аст, ки майдони табиии афзоиш ва шумораи онҳо барқарор карда шуда, хавфи такроран кам гардидани шумораашон аз байн равад ва ба мавҷудияти босуботи онҳо барои солҳои дурудароз кафолат дода шавад. Пешниҳод барои аз Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ намудани намудҳои (зернамудҳои) ҳайвонот ва растаниҳое, ки шумораашон дар сатҳи мувофиқ барқарор гардидааст, бо ҳамон тартибе, ки онҳо ба Китоби сурх дохил мешаванд, баррасӣ карда мешавад.

11) Барои гузаронидани корҳои омодагӣ барои ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудани объектҳои олами ҳайвонот ва наботот бонки маълумот оид ба шумораи намудҳои (зернамудҳои) олами ҳайвоноту наботот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд ташкил дода шуда, ба он мунтазам маълумоти нав дохил карда мешавад.

12) Ҷамъоварӣ, таҳлил ва нигаҳдории маълумоти илмӣ оид ба объектҳои олами ҳайвонот ва набототе, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд, ташкил ва мукаммал намудани бонки маълумот оид ба онҳо аз ҷониби ташкилотҳои пешбаранда, аз рӯи усули ягона, ки аз тарафи Комиссия оид ба ҳайвоноту набототи нодир ва зери хавфи маҳвшавӣ қарордоштаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва дар доираи системаи иттилоотӣ-таҳлилии амалкунандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

13) Мақоми ҳифзи намудҳои (зернамудҳои) ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида аз рӯи категорияҳои Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат (рӯйхати Сурхи Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат, 2001, тафсири 3.1) муайян карда мешавад.

14) Объектҳои олами ҳайвонот ва наботот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд таҳти муҳофизати махсус қарор дода мешаванд. Аз муҳити табиӣ доштан (ҷамъоварӣ) ва истифода намудани онҳо танҳо дар ҳолатҳои махсус ва тибқи муқаррароти муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

15) Барои расонидани осеб ба ҳайвонот ва растаниҳое, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд, гунаҳкорон мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

4. Чорабиниҳои асосӣ ҷиҳати пешбурди Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон

16) Пешбурди Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чорабиниҳои зерин иборат аст:

- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот оид ба объектҳои олами ҳайвонот ва наботот;

- ташкили мониторинги ҳолати объектҳои олами ҳайвонот ва наботот;

- ташкил ва васеъ намудани бонки маълумотҳо оид ба объектҳои олами ҳайвонот ва наботот;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудан (ё хориҷ намудани) намудҳои (зернамудҳои) олами ҳайвонот ва наботот;

- омода намудан ва аз нав нашр кардан, нашр ва паҳн намудани Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- омода намудан ва амалӣ намудани пешниҳод оид ба чораҳои махсуси ҳифз, аз ҷумла ташкили ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ва бонкҳои генетикӣ бо мақсади нигаҳдории намудҳои (зернамудҳои) олами ҳайвонот ва наботот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд.

17) Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи объектҳои олами ҳайвонот ва набототе, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои миллӣ ва нақшаҳои фаъолият таҳия менамояд.

18) Ҳамоҳангсозии корҳои ташкилӣ ва ҷорӣ оид ба такмил додани Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ба зиммаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.

19) Ташкил ва гузаронидани мониторинги ҳолати олами ҳайвонот ва набототро сохторҳои минтақавии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимоти олӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, истифодабарандагони табиат ва аз рӯи зарурият ташкилоти дигар ва шахсони алоҳида, ки ҳамчун коршиносон ба ин мақсад аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб мегарданд, таъмин менамоянд.

5. Аз нав нашр намудан, нашр ва паҳн намудани Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон

20) Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои аз нав нашр намудан омода менамоянд, инчунин оид ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод паҳн мекунанд ва дар асоси он ахбору мақолаҳои алоҳида нашр менамоянд.

21) Омодагӣ барои аз нав нашр намудани Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зеринро дар бар мегирад:

- тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ ва тасдиқ намудани номгӯи (рӯйхати) объектҳои олами ҳайвонот ва наботот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд ё аз он хориҷ карда мешаванд;

- омода намудани нусхаи дастхати Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла расму ороиш ва харитаҳо.

22) Теъдоди муайяни нашри Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои минтақавии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ташкилотҳои манфиатдор ва инчунин мақомоти қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.

23) Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ҳар як даҳ сол аз нав нашр карда мешавад.

6. Омода намудани пешниҳод ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои махсуси ҳифзи объектҳои олами ҳайвонот ва наботот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, аз ҷумла ташкили ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ва бонкҳои генетикӣ

24) Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои манфиатдор оид ба андешидани чораҳои махсуси ҳифзи намудҳои олами ҳайвонот ва наботот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд, аз он ҷумла ташкил намудани ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда (мамнӯъгоҳҳо, паркҳои миллӣ ва табиӣ, парваришгоҳҳо, ёдгориҳои табиӣ) ва ташкили бонкҳои генетикӣ пешниҳод омода менамоянд ва дар сурати зарурият онро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои андешидани чораҳои зарурӣ манзур менамоянд.

25) Ташкил додани ҳудудҳои табиии махсус хифзшаванда бо мақсади ҳифзи намудҳои (зернамудҳои) олами ҳайвонот ва наботот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

26) Чорабиниҳо оид ба нигаҳдории объектҳои олами ҳайвонот ва наботот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд ва мавзеъҳои сукунати онҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, истифодабарандагони табиат, ки фаъолияташон ба омӯзиш, ҳифз ва барқарорсозии шумораи намудҳои олами ҳайвонот ва наботот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд вобаста мебошад, инчунин аз ҷониби мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дар доираи салоҳияти онҳо, мутобиқи барномаҳои давлатӣ оид ба ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот ва муҳити сукунати онҳо амалӣ карда мешаванд.

7. Тартиби додани иҷозатнома ба фаъолият оид ба истифодабарии объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд

27) Тартиби додани иҷозатнома ба фаъолият оид ба истифодабарии объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от "2" августа 2010г № 387

Положение о Красной книге Республики Таджикистан

1.Общее положение

1) Красная книга Таджикистана является основным документом и сводом всех материалов о состоянии редких видов животных и растений, находящихся под угрозой исчезновения в Республике Таджикистан, в соответствии с которым разрабатываются научно обоснованные рекомендации и конкретные действенные меры по охране, восстановлению и разумному использованию животных и растений.

2) Ведение Красной книги Республики Таджикистан осуществляется Комитетом по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан и его территориальными подразделениями, Академией наук Республики Таджикистан, а также местными исполнительными органами государственной власти.

3) Финансирование работ, связанных с ведением и переизданием Красной книги Республики Таджикистан, производится в рамках утвержденного бюджета за отчетный год в сфере охраны окружающей среды и средств инвестиционных проектов, реализуемых в области охраны окружающей среды.

4) Решение вопросов, связанные с ведением Красной книги Республики Таджикистан, а также координацию совместных действий Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, Академии наук Республики Таджикистан, высших учебных заведений и местных исполнительных органов государственной власти, осуществляет Комиссия по редким и находящимися под угрозой исчезновения животным и растениям при Правительстве Республики Таджикистан.

2. Структура Красной книги Республики Таджикистан

5) Красная книга Республики Таджикистан состоит из двух разделов, касающихся животных и растений. Для каждого отдельного вида (подвида) животных и растений, занесенных в Красную книгу Республики Таджикистан, указываются статус его охраны, ареал в пределах республики (карта распространения), данные о его численности, сведения о репродуктивной способности, факторах изменения численности и ареала, ухудшении или деградации местообитаний, принятые меры по охране, предложения по восстановлению численности и улучшению мест обитания и т.д.

6) Красная книга Республики- Таджикистан издается на государственном языке и может переводиться на любой иностранный язык.

3. Порядок занесения объектов животного и растительного мира в Красную книгу Республики Таджикистан

7) В Красную книгу Республики Таджикистан вносятся объекты животного и растительного мира, охрана которых требует принятия необходимых и срочных мер, а именно:

- виды (подвиды) животных и растений, внесенные в Красный список Международного союза охраны природы;

- виды (подвиды) животных и растений, которые под влиянием хозяйственной деятельности человека или по другим причинам оказались на грани исчезновения;

- эндемичные, реликтовые, редкие, уязвимые виды (подвиды) животных и растений с разорванным, изолированным ареалом и с наименьшей плотностью популяции;

- редкие и исчезающие виды (подвиды) животных и растений, подпадающие под действие международных конвенций и соглашений.

8) Основанием для внесения в Красную книгу Республики Таджикистан объектов животного и растительного мира являются данные о сокращении численности и ареала, ухудшении мест обитания или неблагоприятных условиях его существования, вызванных антропогенными или иными факторами, что требует принятия специальных мер по их охране, восстановлению численности и улучшению мест их обитания.

9) Предложения о внесении объектов животного и растительного мира в Красную книгу Республики Таджикистан вносятся научноисследовательскими, общественными организациями, а также отдельными учеными. Эти предложения рассматриваются Комиссией по редким и находящимся под угрозой исчезновения животным и растениям при Правительстве Республики Таджикистан, которая на основании всестороннего изучения материалов о состоянии этих объектов принимает решение о внесении их в Красную книгу Республики Таджикистан.

10) Исключение видов (подвидов) животных и растений из Красной книги Республики Таджикистан возможно в случае восстановления их ареала и численности в тех пределах, когда исчезают угрозы повторного уменьшения численности вида и имеются гарантии дальнейшей многолетней стабильности для его существования. Предложения об исключении из Красной книги Республики Таджикистан восстановленных в оптимальной численности видов (подвидов) животных и растений рассматриваются в том же порядке, как и о включении их в нее.

11) Для проведения подготовительной работы по включению объектов животного и растительного мира в Красную книгу Республики Таджикистан создается и систематически пополняется банк данных о состоянии популяции видов (подвидов) животного и растительного мира, занесенных в Красную книгу Республики Таджикистан.

12) Сбор, анализ и хранение научных данных об объектах животного и растительного мира, занесенных в Красную книгу Республики Таджикистан, создание и пополнение банка данных по указанным объектам производится ведущими организациями по единой методике, утвержденной Комиссией по редким и находящимся под угрозой исчезновения животным и растениям при Правительстве Республики Таджикистан и в рамках функционирования информационноаналитической системы Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан.

13) Статус охраны видов (подвидов) животных и растений, занесенных в Красную книгу Республики Таджикистан, определяется по категориям Международного союза охраны природы (Красный список Международного союза охраны природы, 2001, версия 3.1).

14) Объекты животного и растительного мира, занесённые в Красную книгу Республики Таджикистан, подлежат особой охране. Их изъятие из естественной среды и использование допускается в исключительных случаях в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

15) За ущерб, нанесенный животным и растениям, включенным в Красную книгу Республики Таджикистан, виновные привлекаются к ответственности в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан.

4. Основные мероприятия по ведению Красной книги Республики Таджикистан

16) Ведение Красной книги Республики Таджикистан состоит из следующих мероприятий:

- сбор и анализ данных об объектах животного и растительного мира;

- организация мониторинга состояния объектов "животного и растительного мира;

- создание и пополнение банка данных об объектах животного и растительного мира;

- включение в установленном порядке в Красную книгу Республики Таджикистан (или исключение из нее) видов (подвидов) животного и растительного мира;

- подготовка к переизданию, издание и распространение Красной книги Республики Таджикистан;

- подготовка и реализация предложений по специальным мерам охраны, включая организацию особо охраняемых природных территорий и генетических банков с целью сохранения видов животного и растительного мира, включённых в Красную книгу Республики Таджикистан.

17) Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Академией наук Республики Таджикистан разрабатывает государственные программы, национальные стратегии и планы действий по охране объектов животного и растительного мира, занесенных в Красную книгу Таджикистана.

18) Координация организационных и текущих работ по совершенствованию Красной книги Республики Таджикистан как официального документа возлагается на Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан и Академию наук Республики Таджикистан.

19) Организацию и проведение мониторинга состояния видов животного и растительного мира обеспечивают территориальные структуры Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан во взаимодействии с Академией наук Республики Таджикистан, высшими учебными заведениями, общественными организациями, природопользователями, а при необходимости и с другими организациями и лицами, привлекаемыми для этих целей в качестве экспертов Комитетом по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан.

5. Переиздание, издание и распространение Красной книги Республики Таджикистан

20) Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан и Академия наук Республики Таджикистан осуществляют подготовку к переизданию Красной книги Республики Таджикистан, а также распространение материалов по Красной книге Республики Таджикистан и издание отдельных публикаций на ее основе.

21) Подготовка к переизданию Красной книги Республики Таджикистан включает:

- рассмотрение и утверждение в установленном порядке перечня (списка) объектов животного и растительного мира, включаемых в Красную книгу Республики Таджикистан, или исключаемых из нее;

- подготовку рукописи Красной книги Республики Таджикистан, включая необходимый иллюстративный и картографический материал.

22) Определенная часть тиража издания Красной книги Республики Таджикистан направляется местным исполнительным органам государственной власти, территориальным структурам Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан и другим заинтересованным организациям, а также законодательному органу Республики Таджикистан.

23) Красная книга Республики Таджикистан переиздается через каждые десять лет.

6. Подготовка предложений по реализации специальных мер охраны видов животного и растительного мира, занесенных в Красную книгу Республики Таджикистан, включая организацию особо охраняемых природных территорий и генетических банков

24) Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, Академия наук Республики Таджикистан, а также заинтересованные организации, осуществляют подготовку предложений по специальным мерам охраны видов животного и растительного мира, занесенных в Красную книгу Республики Таджикистан, включая организацию особо охраняемых природных территорий (заповедников, национальных и природных парков, заказников, памятников природы и т.д.) и создание генетических банков, и направляют их в случае необходимости в Правительство Республики Таджикистан и местным исполнительным органам государственной власти для принятия необходимых мер.

25) Организация особо охраняемых природных территорий в целях охраны видов (подвидов) животного и растительного мира, занесенных в Красную книгу Республики Таджикистан, осуществляется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

26) Мероприятия по сохранению объектов животного и растительного мира, занесенных в Красную книгу Республики Таджикистан и мест их обитания, осуществляют юридические и физические лица, природопользователи, деятельность которых связана с изучением, охраной и: восстановлением численности видов животного и растительного мира, занесенных в Красную книгу Республики Таджикистан, а также специально уполномоченные государственные органы в области охраны окружающей среды в пределах своей компетенции, и в соответствии с государственными программами по охране видов животного и растительного мира и среды их обитания.

7. Порядок выдачи лицензий на деятельность по использованию объектов астительного и животного мира, внесенных в Красную Книгу Республики Таджикистан

27) Порядок выдачи лицензий на деятельность по использованию объектов растительного и животного мира, внесенных в Красную Книгу Республики Таджикистан определяется Правительством Республики Таджикистан.