Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июли соли 2010 № 323
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июли соли 2010 № 323
тасдиқ шудааст
Тартиби пешбурди феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.06.2022 № 302)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.06.2022 № 302)
1. Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби мазкур низоми ташаккул ва пешбурди феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгардро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (минбаъд - феҳристи давлатӣ).
2) Ба феҳристи давлатӣ ҳама роҳҳои автомобилгард, новобаста аз шакли моликият ва таъинот, дохил карда мешаванд.
3) Феҳристи давлатӣ аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Мақомоти роҳдорӣ) пеш бурда мешавад ().
4) Мақомоти роҳдорӣ шакли ҳуҷҷатҳо ва Дастурамалро оид ба пешбурди феҳристи давлатӣ таҳия ва тасдиқ менамояд.
5) Феҳристи давлатӣ дар шакли қоғазӣ ва электронӣ пеш бурда мешавад. Дар ҳолати номутобиқатии маълумоти қоғазӣ бо электронӣ шакли қоғазии он афзалият дорад.
6) Маълумоти дар феҳристи давлатӣ мавҷуда бо дархости мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ пешниҳод карда мешавад.
...