Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2010 № 58 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд" таъсис дода шавад.

2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.

3) Дар Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 тасдиқ карда шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 12 феврали соли 2010 № 58

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного образовательного учреждения "Политехнический институт Таджикского технического университета имени академика М.С.Осими в городе Худжанд"

В соответствии со статьей 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Создать Государственное образовательное учреждение "Политехнический институт Таджикского технического университета имени академика М.С.Осими в городе Худжанд".

2) Министерству образования Республики Таджикистан в двухмесячный срок в установленном порядке решить организационноправовые вопросы данного образовательного учреждения.

3) Перечень образовательных учреждений и организаций системы Министерства образования Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года №594, дополнить абзацем следующего содержания:

"Государственное образовательное учреждение "Политехнический институт Таджикского технического университета имени академика М.С.Осими в городе Худжанд".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                       Эмомали Рахмон

от 12 февраля 2010 года № 58

 г. Душанбе