Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, № 707 "Дар бораи ба ҷамъиятҳои саҳомии кушода табдил додани корхонаҳои воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб", "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба ҷамъиятҳои саҳомии кушода табдил додани корхонаҳои воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб", "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ва Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"

Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" табдил дода шавад.

2) Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" табдил дода шавад.

3) Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" табдил дода шавад.

4) Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа" табдил дода шавад.

5) Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр" табдил дода шавад.

6) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии таъсиси ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд", "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб", "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯргонтеппа" ва "Тоҷик Эйр"-ро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намояд.

7) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавиро бо қарори мазкур мутобиқ карда, ҳангоми зарурат вобаста ба ин масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2009 № 707

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О преобразовании Государственных унитарных предприятий "Международный аэропорт Душанбе", "Международный аэропорт Худжанд", "Международный аэропорт Куляб", "Международный аэропорт Курган-тюбе" и Государственного унитарного авиационного предприятия "Таджик Эйр" в открытые акционерные общества

В соответствии со статьями 58 и 59 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Преобразовать государственное унитарное предприятие "Международный аэропорт Душанбе" в Открытое акционерное общество "Международный аэропорт Душанбе".

2) Преобразовать государственное унитарное предприятие "Международный аэропорт Худжанд" в Открытое акционерное общество "Международный аэропорт Худжанд".

3) Преобразовать государственное унитарное предприятие "Международный аэропорт Куляб" в Открытое акционерное общество "Международный аэропорт Куляб".

4) Преобразовать государственное унитарное предприятие "Международный аэропорт Курган-тюбе" в Открытое акционерное общество "Международный аэропорт Курган-тюбе".

5) Преобразовать государственное унитарное авиационное предприятие "Таджик Эйр" в Открытое акционерное общество "Таджик Эйр".

6) Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан решить организационно-правовые вопросы создания открытых акционерных обществ "Международный аэропорт Душанбе", "Международный аэропорт Худжанд", "Международный аэропорт Куляб", Международный аэропорт Курган-тюбе" и "Таджик Эйр" в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

7) Министерству транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан в двухмесячный срок привести в соответствие с настоящим постановлением отраслевые нормативные правовые акты и при необходимости по данному вопросу представить предложение в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

от 30 декабря 2009 года № 707

 г. Душанбе