Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 № 568 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 3:

- дар сархати ҳаштум калимаҳои "ҳаракати роҳ" ба калимаҳои "ҳаракат дар роҳ" иваз карда шаванд;

- сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- амалӣ намудани назорати муҳоҷират, танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ба шахсони ҳуқуқӣ додани иҷозат барои ба кор қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, будубоши гурезаҳо ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд".

2. Ба қисми якуми моддаи 10:

- банди 7) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"7) пешбурди баҳисобгирӣ ва қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамударо амалӣ намояд. Тартиби пешбурди баҳисобгирӣ, қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;";

- бандҳои 7)-17) мутаносибан бандҳои 8)-18) ҳисобида шаванд;

- бандҳои 19), 20) ва 21) бо мазмуми зерин илова карда шаванд:

"19) назорати иҷрои қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тариқи транзитӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намудаанд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани онҳо, масъалаҳои шаҳрвандӣ, инчунин додани вазъи ҳуқуқиро ба гурезагон ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, баррасӣ намояд;

20) ташкили корҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа амалӣ намуда, ба бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо корфармоёни хориҷиву ватанӣ мусоидат намояд;

21) барои ба кор қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ иҷозат дода, фаъолияти меҳнатии онҳоро назорат намояд;";

- дар банди 19) калимаҳои "комиссияҳо оид ба корҳои ноболиғонро" ба калимаҳои "комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдакро" иваз карда шаванд;

- бандҳои 18)- 21) мутаносибан бандҳои 22)- 25) ҳисобида шаванд;

- банди 22) банди 26) ҳисоб карда шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"26) ноболиғони аз ҷазо озодшуда ва ноболиғонеро, ки нисбат ба онҳо ҳангоми таъини ҷазо қарори шартан татбиқ накардани ҷазо қабул гардидааст, ба қайд гирифта, бо онҳо корҳои тарбиявӣ гузаронад ва рафтори онҳоро назорат кунад;";

- банди 27) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"27) ба рафтори шахсоне, ки нисбат ба онҳо ҳангоми таъини ҷазо қарори шартан татбиқ накардани ҷазо қабул гардидааст, нисбат ба шахсоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ озод гардида, барои ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шуда буданд, шахсоне, ки барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ҷазоро адо кардаанд ва ё ду маротиба ё бештар аз он барои ҳама гуна ҷиноятҳои барқасдона суд шудаанд ё қаблан аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ то пурра адо намудани мӯҳлати муқаррарнамудаи суд озод шуда, дар мӯҳлати қисми адонашудаи ҷазо боз қасдан ҷиноят содир кардаанд, инчунин ба фаъолияти шахсоне, ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, вале рафтори онҳо дар давраи адои ҷазо ё баъди аз ҷазо озод шудан дар бораи ба роҳи ислоҳ нарафтани онҳо ва риоя накардани тартиботи ҳуқуқӣ гувоҳӣ диҳад, назорат барад, дар доираи салоҳияти худ иҷрои ҷазои маъмуриро таъмин намояд;";

- бандҳои 23)- 27) мутаносибан бандҳои 28)- 32) ҳисобида шаванд.

3. Дар банди 22) қисми якуми моддаи 11 калимаҳои "ва шахсони бешаҳрвандро" ба калимаҳои "ва шахсони бешаҳрванд, амалӣ гардидани фаъолияти меҳнатии онҳо" иваз карда шуда, пас аз калимаҳои "назорат кунад" ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

". Тавассути нуқтаҳои назорати муҳоҷират ҷамъоварӣ ва ҷамъбасти автоматикунонидашудаи маълумотҳоеро, ки ба воситаи варақаи қайди муҳоҷирати беруна ва бозгашти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ карда мешаванд, амалӣ гардонад, барои муваққатан нигоҳ доштани шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳсони бешаҳрванд, ки қоидаҳои будубошро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон намудаанд ва барои иқомати муваққатии шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, марказҳо таъсис диҳад".

4. Боби 7(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Боби 7(1) Ҳамкории байналмилалӣ

Моддаи 34(1). Ҳамкории байналмилалӣ

Милитсия мувофиқи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар масъалаҳои мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти салоҳиятдори онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалие, ки бо ҷинояткори мубориза мебаранд, ҳамкорӣ мекунад.

Милитсия ҳамкории худро бо мақомоти дигар давлатҳои хориҷӣ тавассути намояндагии мақомоти корҳои дохилӣ дар хориҷа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, амалӣ менамояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

 аз 3 декабри соли 2009 № 568

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе, 11 ноябри соли 2009 № 1460

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 19 ноябри соли 2009 № 700

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О милиции"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О милиции" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004г., №5, ст. 352; 2006г., №3, ст. 148; 2007г., №7, ст. 663; 2008г. №6, ст.450) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 3 дополнить новым абзацем следующего содержания:

"- осуществление иммиграционного контроля, регулирование вопросов трудовой миграции, в том числе выдача разрешений юридическим лицам для принятия на работу иностранных граждан и лиц без гражданства, пребывания беженцев и лиц, ищущих убежище".

2. Часть первую статьи 10:

- дополнить пунктом 7) следующего содержания:

"7) вести единый учет и регистрацию преступлений и лиц, их совершивших. Порядок введения единого учета и регистрации преступлений и лиц их совершивших утверждается Правительством Республики Таджикистан;";

- пункты 7)-17) соответственно считать пунктами 8)-18);

- дополнить пунктами 19), 20) и 21) следующего содержания:

"19) осуществлять контроль исполнения правил пребывания иностранных граждан и лиц без гражданства в Республике Таджикистан, их транзитного проезда через территорию Республики Таджикистан и их выезда из территории Республики Таджикистан, рассматривать вопросы гражданства и предоставления статуса беженцам и лицам, ищущим убежище;

20) обеспечивать организацию работ, связанных с трудовой деятельностью граждан Республики Таджикистан за рубежом, содействовать заключению трудовых договоров с иностранными и отечественными работодателями;

21) выдавать разрешение юридическим лицам на территории Республики Таджикистан для принятия на работу иностранных граждан и лиц без гражданства, вести контроль за их трудовой деятельностью;";

- в пункте 19) слова "комиссий по делам несовершеннолетних" заменить словами "комиссий по правам ребёнка";

- пункты 18)- 21) соответственно считать пунктами 22)- 25);

- пункт 22) считать пунктом 26) и изложить в следующей редакции:

"26) взять на учет несовершеннолетних, освобожденных от наказания и несовершеннолетних, в отношении которых приняты постановления об условном неприменении наказания, вести с ними воспитательную работу и осуществлять надзор за их поведением;";

- дополнить пунктом 27) следующего содержания:

"27) осуществлять контроль за поведением лиц, в отношении которых приняты постановления об условном неприменении наказания, лиц, освобожденных из мест лишения свободы и осужденных за особо опасный рецидив, лиц, отбывших наказание за тяжкие и особо тяжкие преступления, или судимыми дважды и более раза к лишению свободы за любые умышленные преступления, либо ранее освобожденных из мест лишения свободы, до полного отбытия, назначенного судом срока наказания и вновь неотбытого срока наказания, совершивших новое умышленное преступление, а также за деятельностью лиц, отбывших наказание в виде лишения свободы, либо после освобождения от наказания, поведение которых свидетельствует о том, что в течение отбывания наказания или освобождения от наказания они не встали на путь исправления и соблюдения правопорядка, в пределах своей компетенции обеспечивать исполнение административного наказания;";

- пункты 23)- 27) соответственно считать пунктами 28)- 32).

3. В пункте 22) части первой статьи 11 после слов "и лиц без гражданства" дополнить словами ", осуществление ими трудовой деятельности" и после слов "место проживания" дополнить предложением следующего содержания:

".В пунктах миграционного контроля вести сбор и автоматизированное обобщение информации, собираемой посредством карточек учета внешней миграции и возвращения граждан Республики Таджикистан, создавать центры временного содержания для иностранных граждан и лиц без гражданства, нарушивших правила пребывания на территории Республики Таджикистан и для временного проживания лиц, ищущих убежище".

4. Дополнить главой 7(1) следующего содержания:

"Глава 7(1). Международное сотрудничество

Статья 34(1). Международное сотрудничество

Милиция в соответствии с нормами и принципами международного права сотрудничает в вопросах борьбы с преступностью с иностранными государствами и их компетентными органами, а также с международными организациями, осуществляющими борьбу с преступностью.

Милиция осуществляет сотрудничество с другими органами зарубежных государств через представительства органов внутренних дел за рубежом, учреждаемые постановлением Правительства Республики Таджикистан в соответствии с международными договорами, признанными Таджикистаном.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                   Эмомали Рахмон

г.Душанбе, 3 декабря 2009 года № 568

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О милиции"

В соответствии со статьями 36 и 40 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан" Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон  Республики Таджикистан "О милиции".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                          С.Хайруллоев

г. Душанбе,

11 ноября 2009 №1460

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О милиции"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон  Республики Таджикистан "О милиции", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон  Республики Таджикистан "О милиции".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                  М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 19 ноября 2009 года №700