Низомномаи намояндагии доимии Ҷумҳурин Тоҷикистон "Дар назди ташкилоти байналмилалӣ" аз 30 октябри соли 2009 № 729

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 октябри соли 2009 № 729

тасдиқ шудааст

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 октябри соли 2009 № 729

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1) Низомномаи мазкур фаъолияти намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалиро ба танзим медарорад.

2) Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалӣ (минбаъд - Намояндагии доимӣ) ба низоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон шомил аст ва мақоми давлатии робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди ташкилоти байналмилалии дахлдор ба амал мебарорад.

Намояндагии доимӣ тибқи пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи ҷойгиршавии қароргоҳи ташкилоти байналмилалӣ ва ё шӯъбаҳои он, агар ин бо қоидаҳои ташкилоти байналмилалии дахлдор иҷозат дода шуда бошад, таъсис мегардад.

3) Намояндагии доимӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, карорҳо ва фармоишҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин Низомнома, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии татбиқшаванда, қоидаҳои ташкилоти байналшшалӣ, созишномаҳои онро бо кишвари иқомат ва бо дарназардошти қонунгузории кишвари иқомат ба роҳбарӣ мегирад.

4) Намояндагии доимӣ ҳимояи манфиатҳои миллиро дар доираи ташкилоти байналмилалӣ ва амалисозии самти ягонаи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилоти байналмилалии дахлдор таъмин менамояд ва бо ин мақсадҳо бо тартиби муқарраргардида иштироки мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайатҳои онҳо ва гурӯҳи мутахассисонро дар фаъолияти мақомоти ташкилоти байналмилалӣ ҳамоҳанг менамояд. Ҳайтҳои номбаршуда ва гурӯҳи мутахассисон ба Намояндагии доимӣ дар иҷрои вазифаҳои он мусоид менамоянд ва бо тартиби муқарраргардида фаъолияти худро бо Намояндагии доимӣ дар ин ташкилоти байналмилалӣ мувофиқа менамояд.

5) Дар бинои Намояндагии доимӣ ва ё дар ҳудуди он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад, сипар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиштаҷоти "Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар назди номи ташкилоти байналмилалӣ) бо забони тоҷикӣ ва бо яке аз забонҳои расмии ташкилоти байналмилалӣ, инчунин бо забони давлатии кишвари иқомат гузошта мешавад. Рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти амалияи ташрифотии ташкилоти байналмилалии дахлдор ва кишвари иқомат истифода мегардад.

6) Намояндагии доимӣ, кормандони он ва аъзои оилаи онҳо дар кишвари иқомат аз масуният ва имтиёзҳо мувофиқи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории кишвари иқомат баҳраманд мебошанд.

Кормандони Намояндагии доимӣ ва аъзои оилаи онҳо ӯҳдадоранд қонунҳо, қоидаҳои маъмурӣ, инчунин расму оинҳои кишвари иқоматро риоя намоянд, аз ҳар гуна ҳаракатҳо, ки метавонанд ҳамчун дахолат ба корҳои дохилӣ тафсир дода шаванд, худдорӣ намоянд.

...

Утверждено

 Указом Президента

 Республики Таджикистан

 от "30" октября 2009 года №729

Утверждено

 Указом Президента

 Республики Таджикистан

 от "30" октября 2009 года №729

Положение о Постоянном представительстве Республики Таджикистан при международной организации

I. Общие положения

1) Настоящее Положение регулирует деятельность постоянных представительств Республики Таджикистан при международных организациях.

2) Постоянное представительство Республики Таджикистан при международной организации (далее - Постоянное представительство) входит в систему Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и является государственным органом внешних сношений Республики, Таджикистан, осуществляющим представительство Республики Таджикистан в соответствующей международной организации.

Постоянное представительство учреждается по предложению Министерства иностранных дел Республики Таджикистан постановлением Правительства Республики Таджикистан в месте нахождения штаб-квартиры международной организации или ее отделения, если это допускается правилами соответствующей международной организации.

3) В своей деятельности Постоянное представительство руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, конституционными законами и законами Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, Положением Министерства иностранных дел Республики Таджикистан, настоящим Положением, нормативными правовыми актами и указаниями Министерства иностранных дел Республики Таджикистан, а также международными договорами Республики Таджикистан, другими применимыми нормами международного права, правилами международной организации, ее соглашениями с государством пребывания и с учетом законодательства государства пребывания.

4) Постоянное представительство обеспечивает защиту национальных интересов в рамках международной организации и проведение единой политической линии Республики Таджикистан в соответствующей международной организации и в этих целях осуществляет в установленном порядке координацию участия в деятельности органов международной организации, органов исполнительной власти Республики Таджикистан, других государственных учреждений, организаций и предприятий Республики Таджикистан, их делегаций и групп специалистов. Указанные делегации и группы специалистов оказывают Постоянному представительству содействие в осуществлении его функций, в установленном порядке согласовывают с Постоянным представительством свою деятельность в данной международной организации.

5) На здании Постоянного представительства или его территории поднимается Государственный флаг Республики Таджикистан, устанавливается щит с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и надписью "Постоянное представительство Республики Таджикистан (при наименовании международной организации)" на таджикском языке и одном из официальных языков международной организации, а также на государственном языке государства пребывания. Государственная символика Республики Таджикистан используется с учетом протокольной практики соответствующей международной организации и государства пребывания.

6) Постоянное представительство, его сотрудники ,и члены их семей пользуются в государстве пребывания привилегиями и иммунитетами в соответствии с международным правом и законодательством государства пребывания.

Сотрудники Постоянного представительства и члены их семей обязаны уважать законы, административные правила, а также традиции и обычаи государства пребывания, воздерживаться от любых действий, которые могут быть истолкованы как вмешательство во внутренние дела государства пребывания.

...