Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 № 554 "Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон

Мутобиқи моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон" таъсис дода шавад.

2) Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида:

- масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон"-ро ҳал намояд;

- якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷойгиркунии Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон"-ро ҳал намояд.

3) Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 614 "Дар бораи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 октябри соли 2009 № 554

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного унитарного предприятия "Центр ценообразования в строительной отрасли"

В соответствии со статьёй 52 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Создать Государственное унитарное предприятие "Центр ценообразования в строительной отрасли".

2) Агентству по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан в установленном порядке:

- решить организационно-правовые вопросы Государственного унитарного предприятия "Центр ценообразования в строительной отрасли";

- совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан решить вопрос размещения Государственного унитарного предприятия "Центр ценообразования в строительной отрасли".

3) Перечень организаций системы Агентства по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан, утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 614 "Об Агентстве по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан", дополнить новым абзацем следующего содержания:

"Государственное унитарное предприятие "Центр ценообразования в строительной отрасли".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

от 1 октября 2009 года № 554

г. Душанбе