Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009 № 498 "Дар барои табдил додани Корхонаи давлатии фаръии "Маркази барқу гармидиҳии ёвон" ба ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази барқу гармидиҳии ёвон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар барои табдил додани Корхонаи давлатии фаръии "Маркази барқу гармидиҳии Ёвон" ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази барқу гармидиҳии Ёвон"

Мутобиқи моддаи 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Корхонаи давлатии фаръии "Маркази барқу гармидиҳии Ёвон" ба тавозуни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" гузаронида шуда, ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази барқу гармидиҳии Ёвон" табдил дода шавад.

2) Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии табдиздиҳии Корхонаи давлатии фаръии "Маркази барқу гармидиҳии Ёвон"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намояд.

3) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

4) Ба Рӯйхати ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки таҳти идоракунии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" қарор доранд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008 № 537 тасдиқ шудааст, банди 14 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"14. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази барқу гармидиҳии Ёвон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 августи соли 2009 № 498

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О преобразовании Дочернего государственного унитарного предприятия "Яванская ТЭЦ" в Открытое акционерное общество "Яванская ТЭЦ"

В соответствии со статьей 58 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Передать Дочернее государственное унитарное предприятие "Яванская ТЭЦ" на баланс Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик" и преобразовать её в Открытое акционерное общество "Яванская ТЭЦ".

2) Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан решить организационно-правовые вопросы преобразовании Дочернего государственного унитарного предприятия "Яванская ТЭЦ" согласно законодательству Республики Таджикистан.

3) Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан внести соответствующее изменения в учетные данные.

4) Перечень акционерных обществ, государственных предприятий, организаций и учреждений, находящихся в управлении Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик", утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2008 года №537, дополнить пунктом 14 следующего содержания:

"14. Открытое акционерное общество "Яванская ТЭЦ".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон

от 31 августа 2009 года №498

 г. Душанбе