ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
20 марти соли 2024, № 1248
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 июни соли 2024, № 494
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" аз 22 июни соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №4-6, мод. 152, №12, мод. 577) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 13:
- дар қисми 1 калимаҳои "хироҷ ситонида" ба калимаҳои "тариқи ғайринақдӣ хироҷ пардохт карда" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи "ситонида" ба калимаҳои "пардохт карда" иваз карда шавад.
2. Дар қисми 4 моддаи 25 ва қисми 4 моддаи 26 калимаи "ситонида" ба калимаҳои "пардохт карда" иваз карда шавад.
3. Дар қисми 5 моддаи 31 калимаҳои "пардохт ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи" ба калимаҳои "тариқи ғайринақдӣ пардохт ва маълумот доир ба" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 33:
- дар қисми 6 калимаҳои "ҳуҷҷате, ки пардохти хироҷро барои азнавбақайдгирии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ тасдиқ мекунад" ба калимаҳои "маълумот доир ба тариқи ғайринақдӣ пардохт гардидани хироҷ барои азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 7 калимаи "ситонида" ба калимаҳои "пардохт карда" иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 34:
- дар қисми 2 калимаҳои "ҳуҷҷати тасдиқкунандаи аз ҷониби аризадиҳанда пардохти" ба калимаҳои "маълумот доир ба тариқи ғайринақдӣ пардохт гардидани" иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи "ситонида" ба калимаҳои "пардохт карда" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 20 июни соли 2024, № 2056
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О РАЗРЕШИТЕЛЬНОЙ СИСТЕМЕ»
Принят постановлением МН МОРТ
от 20 марта 2024 года, №1248 Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 19 июня 2024 года, №494 Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О разрешительной системе» от 22 июня 2023 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2023 г., №4-6, ст. 152, №12, ст. 577) следующие изменения:
1. В статье 13:
- в части 1 слово «взимается» заменить словами «выплачивается в безналичном порядке»;
- в части 3 слово «взимается» заменить словом «выплачивается».
2. В части 4 статьи 25 и части 4 статьи 26 слово «взимается» заменить словом «выплачивается».
3. В части 5 статьи 31 слова «и передаёт разрешительным органам подтверждающий документ» заменить словами «безналичным способом и передаёт разрешительным органам информацию об этом».
4. В статье 33:
- в части 6 слова «документа, подтверждающего уплату сбора» заменить словами «информацию о безналичной оплате пошлины»;
- в части 7 слово «взимается» заменить словом «выплачивается».
5. В статье 34:
- в части 2 слова «документа, подтверждающего внесение заявителем сбора» заменить словами «информацию о безналичной выплате сбора заявителем»;
- в части 4 слово «взимается» заменить словом «выплачивается».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе20 июня 2024 года №2056