ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
20 марти соли 2024, № 1250
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 июни соли 2024, № 490
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1, мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, №1-3, мод. 12, №7, мод. 443, №12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, №4-6, мод. 155, №11, мод. 459; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, №2018, №2019), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 3 моддаи 463 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Барои истифодаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар ҷойҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку" манъ кардааст,-
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
2. Моддаи 463(1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 463(1). Муомилоти маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин бо вайрон намудани талаботи муқарраргардида
1. Барои фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин бо истифодаи воситаҳои худкор, дастӣ ва дар ҷойҳое, ки барои савдо пешбинӣ нашудаанд,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба соҳибкорони инфиродӣ аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар объекти тиҷоратӣ тариқи берун мондан ва намоиш додани он,-
ба соҳибкорони инфиродӣ аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 20 июни соли 2024, № 2052