Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни соли 2024, № 316
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни соли 2024, № 316
тасдиқ шудааст
Тартиби бақайдгирии оилаҳои занбӯри асал дар ҷойгоҳҳои доимӣ ва сайёр дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби бақайдгирии оилаҳои занбӯри асал дар ҷойгоҳҳои доимӣ ва сайёр дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот (минбаъд - Тартиб) тартибу талабот оид ба бақайдгирии оилаҳои занбӯри асал дар ҷойгоҳҳои доимӣ ва сайёр дар ҳудуди шаҳрак ва деҳотро муайян менамояд.
2. Бақайдгирии оилаҳои занбӯри асал бо мақсади ҷамъ ва таҳлил намудани маълумот, инчунин таъсис додани махзани маълумоти ягона дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва ҳолати он ба амал бароварда мешавад.
3. Иҷрои муқаррароти Тартиб барои ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти занбӯриасалпарварӣ машғул мебошанд, ҳатмӣ мебошад.
2. БАҚАЙДГИРИИ ОИЛАҲОИ ЗАНБӯРИ АСАЛ ДАР ҶОЙГОҲҲОИ ДОИМӢ ВА САЙЁР ДАР ҲУДУДИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ВА ТАШХИСИ ОИЛАҲОИ ЗАНБӯРИ АСАЛ
4. Бақайдгирии оилаҳои занбӯри асал дар ҷойгоҳҳои доимӣ ва сайёр дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар китоби бақайдгирии ҷамоат (шакли №1) амалӣ карда мешавад.
5. Бақайдгирии оилаҳои занбӯри асал дар ҷойгоҳҳои доимӣ ва сайёр ҳар сол як маротиба моҳи март гузаронида мешавад.
6. Бақайдгирии оилаҳои занбӯри асал дар ҷойгоҳҳои доимӣ ва сайёр дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз рӯи шиносномаи байторию санитарии ҷойгоҳи қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал амалӣ карда мешавад.
7. Ташхиси оилаҳои занбӯри асал дар маҳалҳо дар марказҳои маҳаллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ҳар сол як маротиба моҳи март бо мақсади пешгирӣ кардан аз бемориҳои оилаҳои занбӯри асал гузаронида шуда, ба онҳо аз ҷониби марказҳои ташхиси бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳо шиносномаи байторию санитарии ҷойгоҳи қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дода мешавад.
...