Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2024, № 2047 "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 майи соли 2024, № 1337

қабул карда шудааст

Моддаи 1. Ба моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024" аз 18 ноябри соли 2023, №2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2023, №11, мод. 484; с. 2024, №3-4, мод. 158) қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Дар доираи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нет Солюшенс" ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Душанбе Сити бонк", ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2023, № 1149 тасдиқ шудааст, маблағи ҷаримаҳои барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз зернизоми "Баҳисобгирии автоматиконидашудаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ" ситонидашаванда, ки 50% (панҷоҳ дарсад)-и он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар давраи амали Созишнома ба суратҳисоби Корхонаи воҳиди давлатии "Шаҳри ҳушманд"-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 4 июни соли 2024, № 2047