ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 майи соли 2024, № 1337
қабул карда шудааст
Моддаи 1. Ба моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024" аз 18 ноябри соли 2023, №2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2023, №11, мод. 484; с. 2024, №3-4, мод. 158) қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Дар доираи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нет Солюшенс" ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Душанбе Сити бонк", ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2023, № 1149 тасдиқ шудааст, маблағи ҷаримаҳои барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз зернизоми "Баҳисобгирии автоматиконидашудаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ" ситонидашаванда, ки 50% (панҷоҳ дарсад)-и он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар давраи амали Созишнома ба суратҳисоби Корхонаи воҳиди давлатии "Шаҳри ҳушманд"-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 4 июни соли 2024, № 2047
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОМ БЮДЖЕТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2024 ГОД"
Принят постановлением МН МОРТ
от 29 мая 2024 №1337
Статья 1. Статьи 24 Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2024 год" от 18 ноября 2023 года, №2012 (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан 2023 г., №11, ст. 484; 2024 г., №3-4, ст. 158) дополнить частью 4 следующего содержания:
"4. В рамках Инвестиционного соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Консорциумом инвесторов в составе Общества с ограниченной ответственностью "Нет Солюшенс" и Закрытого акционерного общества "Душанбе Сити банк", ратифицированного постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 1 ноября 2023 года, №1149, сумма штрафов, взимаемых за нарушение правил дорожного движения из подсистемы "Автоматизированный учет нарушений правил дорожного движения", 50% (пятьдесят процентов) которых принадлежат Правительству Республики Таджикистан, в период действия Соглашения переводится на счет Государственного унитарного предприятия "Умный город" Исполнительного органа государственной власти Душанбе.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
4 июня 2024 года №2047