Низомнома дар бораи нишони сарисинагии "Корманди фахрии мақоми олии аудити давлатӣ" аз 7 майи соли 2024, № 824

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 майи соли 2024, № 824

тасдиқ шудааст

Ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 майи соли 2024, № 824

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи нишони сарисинагии "Корманди фахрии мақоми олии аудити давлатӣ"

1. Бо нишони сарисинагии "Корманди фахрии мақоми олии аудити давлатӣ" (минбаъд - нишони сарисинагӣ) кормандони мақоми олии аудити давлатӣ, ки дар рушди ин мақом саҳми арзандаи худро гузошта, ба нишондиҳандаҳои хуби корӣ ноил гардидаанд ва уҳдадориҳои хизматиро дар сатҳи намунавӣ иҷро карда, на камтар аз 5 сол дар мақоми олии аудити давлатӣ фаъолият намудаанд, сарфароз гардонида мешаванд.

2. Бо нишони сарисинагӣ барои хизмат дар соҳаи аудити берунаи мустақили давлатӣ, инчунин шахсони дигар низ сарфароз гардонида мешаванд.

3. Тартиби пешниҳод барои бо нишони сарисинагӣ сарфароз гардонидани корманди мақоми олии аудити давлатӣ ва шахсони дигар аз тарафи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

4. Қарор дар бораи бо нишони сарисинагӣ сарфароз гардонидан бо фармоиши раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси протоколи ҷаласаи ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад.

5. Сарфарозгардонӣ бо нишони сарисинагӣ аз тарафи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ӯ дар вазъияти тантанавӣ анҷом меёбад.

6. Корманди бо нишони сарисинагӣ сарфарозгардидаи мақоми олии аудити давлатӣ, ки ҷинояти қасдона содир кардааст, бо пешниҳоди сардори воҳиди сохтори дахлдори дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи протоколи ҷаласаи ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нишони сарисинагӣ маҳрум карда мешавад.

7. Шахсони дигар, ки бо нишони сарисинагӣ сарфароз гардидаанд, дар ҳолати содир кардани ҷинояти қасдона бо пешниҳоди раиси

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нишони сарисинагӣ маҳрум карда мешаванд.

8. Сарфароз гардонидани кормандони мақоми олии аудити давлатӣ ё маҳрум намудани онҳо аз нишони сарисинагӣ дар дафтарчаи меҳнатии корманд сабт карда мешавад.

...

Утверждено

указом Президента

Республики Таджикистан

от " 7 " мая 2024 года, №824

Утверждено

указом Президента

Республики Таджикистан

от " 7 " мая 2024 года, №824

Положение о нагрудном знаке "Почётный работник высшего органа государственного аудита"

1. Нагрудным знаком "Почётный работник высшего органа государственного аудита" (далее - нагрудной знак) награждаются сотрудники высшего органа государственного аудита, внёсшие свой весомый вклад в развитии данного органа и достигшие хороших служебных показателей, выполнившие служебные обязанности на образцовом уровне и проработавшие в высшем органе государственного аудита не менее 5 лет.

2. Нагрудным знаком за службу в сфере независимого внешнего аудита награждаются также и другие лица.

3. Порядок представления к награждению нагрудным знаком сотрудников высшего органа государственного аудита и других лиц утверждается председателем Счетной палаты Республики Таджикистан.

4. Решение о награждении нагрудным знаком оформляется распоряжением председателя Счетной палаты Республики Таджикистан на основании протокола заседания коллегии Счетной палаты Республики Таджикистан.

5. Вознаграждение нагрудным знаком производится в торжественной обстановке Председателем Счетной палаты Республики Таджикистан или его заместителем.

6. Сотрудник, награжденный нагрудным знаком высшего органа государственного аудита, совершивший умышленное преступление, по представлению начальника соответствующего структурного подразделения аппарата Счетной палаты Республики Таджикистан согласно протоколу заседания коллегии Счетной палаты Республики Таджикистан лишается нагрудного знака распоряжением председателя Счетной палаты Республики Таджикистан.

7. Другие лица, награжденные нагрудным знаком, совершившие умышленное преступление, по представлению председателя Счетной палаты Республики Таджикистан лишаются нагрудного знака по решению коллегии Счетной палаты Республики Таджикистан.

8. Награждение сотрудников высшего органа государственного аудита или их лишение нагрудного знака отмечается в трудовой книжке сотрудника.

9. Нагрудной знак закрепляется с правой стороны груди после государственных наград, а в случае их отсутствия, вместо них.

...