Низомнома дар бораи нишони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2024, № 823

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 майи соли 2024, № 823

Низомнома дар бораи нишони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Нишони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони расмӣ буда, тааллуқ доштани онро ба мақоми олии аудити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад.

2. Нишони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ, либоси хизматӣ, ашёи инфиродӣ, нишони хизматию сарисинагӣ, таҷҳизоти хизматӣ, ҳуҷҷатгузории хизматӣ, муҳрҳо (ба ғайр аз муҳри асосӣ бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин дар бино ва иншооти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир ва насб карда мешавад.

3. Тасвир ва тавсифи нишони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замимаҳои 1 ва 2 муайян карда мешаванд.

 

Замимаи 2

ба Низомнома дар бораи нишони

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Тавсифи нишони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Нишони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон даврашакли рангаш зарҳалӣ буда, ба кураи замин шабоҳат дода шудааст. Дар дохили он офтоб, уқоб, сипар, харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сандуқ тасвир ёфтааст. Дар қисмати болоии нишон навиштаҷоти "ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" ва дар қисмати поёнии он бо забони англисӣ навиштаҷоти "ACCOUNTS CHAMBER OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN" сабт шудааст.

2. Тасвири офтоб дар нишони Палатаи ҳисоб ифодаи нуру равшанӣ, некию саховат ва инъикоси Тоҷикистони офтобрӯя мебошад.

3. Тасвири харита ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибихтиёрро инъикос намуда, тибқи мақсад, вазифа ва ваколатҳояш дастрасӣ доштани Палатаи ҳисобро дар самти истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, моликияти давлатӣ ва захираҳои давлатх ба тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ гувоҳӣ медиҳад.

4. Тасвири уқоб дар нишон ифодаи он аст, ки ҳамчун пуштибони адлу инсоф ва ростию адолат мардумро аз ҳар гуна бенизомӣ ва хатарҳо огоҳ ва эмин нигоҳ дорад.

5. Дар нишони Палатаи ҳисоб инъикос ёфтани сипар маънои онро дорад, ки мақоми мазкур дар таъмини амнияти буҷети давлат, ҳифзи моликияти давлатӣ ва захираҳои давлатӣ ҳамчун сипар уҳдадор мебошад.

6. Сандуқ ҳамчун рамзи сарват, хазина ва бойигарии давлат оварда шудааст, ки Палатаи ҳисоб уҳдадор аст онро ғанӣ ва ҳифз намояд.

7. Нишон аз хӯлаи даврашакли зарҳалӣ тайёр карда шуда, як тараф дорад, ки дарозӣ ва бараш баробар мебошад.

 

Приложение

к указу Президента

Республики Таджикистан

от " 7 " мая 2024 года, №823

Положение о символике Счётной палаты Республики Таджикистан

1. Символика Счётной палаты Республики Таджикистан является официальным знаком, указывающим на принадлежность к высшему органу государственного аудита Республики Таджикистан.

2. Символика Счётной палаты Республики Таджикистан устанавливается и размещается на служебных транспортных средствах, форменной одежде, именной вещи, служебных и нагрудных знаках, служебном оборудовании, служебной документации, печатях (за иключением основной печати с изобрежением Государственного герба Республики Таджикистан), а также на зданиях и сооружениях Счётной палаты Республики Таджикистан.

3. Изображение и описание символики Счётной палаты Республики Таджикистан определяются приложениями 1 и 2.

Приложение 2 к

Положению о

символике Счётной палаты

Республики Таджикистан

Описание символики Счётной палаты Республики Таджикистан

1. Символика Счётной палаты Республики Таджикистан представляет собой круг позолоченного цвета, похожий на земной шару. На символике изображены солнце, орёл, щит, карта Республики Таджикистан и сундук. В верхней части символики расположена надпись "ПАЛАТАИ ХИСОБИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН", а в нижней части на английском языке надпись "ACCOUNTS CHAMBER OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN".

2. Изображение солнца на символике Счётной палаты Республики Таджикистан является символом света, яркости, доброты, щедрости и отражение солнечного Таджикистана.

3. Изображение карты отображает территорию независимой Республики Таджикистан, свидетельствующее о доступе Счётной палаты в соответствии с целями, задачами и полномочиями по целевому и эффективному использованию бюджетных средств, государственной собственности и государственных ресурсов ко всем ветвям государственной власти.

4. Изображение орла на символике обозначает, что как покровитель совести, честности и справедливости может предупредить и обезопасить народ от всяких беспорядков и опасности.

5. Отображение щита на символике Счётной палаты обозначает, что данная структура как щит обязана обеспечивать безопасность государственного бюджета, защиту государственной собственности и государственных ресурсов.

6. Сундук обозначен как символ богатства, казны и благополучия государства и Счётная палата обязана обогащать и защищать казну.

7. Символика изготовлена из позолоченного круглого сплава, имеет одну сторону, длина и высота которой равны.