Низомномаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2024, № 822

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 майи соли 2024, № 822

Низомномаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Палатаи ҳисоб) мақоми олии аудити давлатӣ мебошад, ки аудити берунаи мустақили давлатиро оид ба баҳодиҳӣ ба лоиҳаи буҷети давлатӣ, ҳисоботи маҷмуии солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳо ва захираҳои давлатӣ анҷом дода, аз рӯйи натиҷаҳои он хулоса пешниҳод менамояд.

2. Палатаи ҳисоб фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

3. Палатаи ҳисоб барои иҷрои вазифаҳои худ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ, вазорату идораҳо ва воҳидҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти андоз ва гумрук ҳамкорӣ менамояд.

2. ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ

4. Палатаи ҳисоб вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва беғаразона ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи буҷети давлатӣ, ҳисоботи солонаи маҷмуии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва идоракунии захираҳои давлатӣ;

- ташхиси лоиҳаи буҷети давлатӣ ва аудити ҳисоботи солонаи маҷмуии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва аз натиҷаи онҳо пешниҳод намудани хулоса ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ба назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои гирифташуда ва харҷгардидаи буҷети давлатӣ ва идоракунии зарурии захираҳои давлатӣ.

5. Ваколатҳои Палатаи ҳисоб аз инҳо иборатанд:

- ташхиси лоиҳаи буҷети давлатӣ ва бо тартиби муқарраргардида пешниҳод кардани хулосаи аудиторӣ ба он;

- аудити иҷрои буҷети давлатӣ, буҷети ҷумҳуриявӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ;

- арзёбии фаъолияти мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти дахлдори дигар вобаста ба иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ;

- аудити фаъолияти корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои дигар, ки маблағҳои давлатӣ, моликияти давлатӣ ва захираҳои давлатиро истифода намудаанд;

- аудити фаъолияти корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, ки ҳиссаи давлат дар сармояи онҳо ба таври назоратшаванда маҳсуб меёбад, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дархости Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми 10 дарсад ва зиёда аз онро ташкил намудани ин ҳисса;

- аудити фаъолияти корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигаре, ки воситаҳои буҷетиро дар шакли кумаки молиявӣ мегиранд;

- аудити истифодаи воситаҳои махсуси буҷетӣ ва воситаҳои ғайрибуҷетӣ;

- арзёбии татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ;

- аудити идоракунӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ва коммуналӣ;

- аудити мутақобила дар корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки маблағҳои давлатиро истифода намудаанд;

- аудити истифодаи маблағҳои сармоягузории давлатӣ, грантҳо ва қарзи берунаи давлатӣ, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд;

- аудити идоракунии қарзи давлатии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- аудити иҷрои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- аудити идоракунӣ ва истифодаи захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла иҷрои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот;

- аудит вобаста ба дархости мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар оид ба асоснокии истифодаи воситаҳои буҷетӣ ва захираҳои давлатӣ;

- аудити Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои давлатӣ, аз ҷумла бонкҳои давлатии исломӣ;

- аудити бонкҳои дигар ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ вобаста ба хизматрасонии воситаҳои буҷетӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ;

- ба роҳбари объекти аудит пешниҳод намудани тавсияҳо барои андешидани тадбирҳо оид ба бартараф намудани камбудию қоидавайронкуниҳои молиявӣ, ки аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб муайян карда шудаанд;

- ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молияи давлатӣ ва буҷети давлатӣ;

- бо дархости Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисобот оид ба масъалаҳои алоҳидаи иҷрои буҷети давлатӣ ва воситаҳои ғайрибуҷетӣ;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумот дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва натиҷаи тадбирҳои андешидашуда;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисоботи ҷамъбастӣ аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории гузарондашуда;

- амалӣ намудани дигар намуди аудити берунаи давлатӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигар, ки аз санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.

3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ

6. Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб мақоми олии идоракунӣ мебошад, ки масъалаҳои муҳимми идоракунии Палатаи ҳисобро баррасӣ карда, қарорҳои дахлдорро бо тарафдории аксарияти аъзои ҳайати мушовара қабул менамояд ва ба онҳо раиси ҳайати мушовара имзо мегузорад. Ба Палатаи ҳисоб ва кори ҳайати мушовара раиси Палатаи ҳисоб роҳбарӣ мекунад ва иҷрои қарорҳои ҳайати мушовара барои тамоми кормандони Палатаи ҳисоб ҳатмӣ мебошад.

7. Ҳайати мушовара аз раис, муовини раис ва панҷ сараудитори Палатаи ҳисоб иборат мебошад.

8. Раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ҳафт сол ба мансаб таъин карда мешаванд. Раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб наметавонанд ин мансабро зиёда аз ду маротиба ишғол намоянд.

9. Тартиби фаъолият ва ваколатҳои ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд.

10. Раиси Палатаи ҳисоб:

- роҳбарии умумии фаъолияти Палатаи ҳисобро амалӣ менамояд;

- ваколатҳои мансабиро дар байни муовини раис ва сараудиторони Палатаи ҳисоб тақсим менамояд;

- ҷадвали воҳидҳои кории Палатаи ҳисоб, пардохти маблағи хизматрасонии коршиноси берунаро дар доираи фонди музди меҳнат тасдиқ ва сметаи хароҷоти Палатаи ҳисобро имзо менамояд, инчунин дар ҳолати зарурӣ мустақилона ва асоснок оид ба дархости маблағи иловагӣ барои таъмини фаъолияти Палатаи ҳисоб муроҷиат менамояд;

- ба ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб роҳбарӣ менамояд ва ба қарорҳои он имзо мегузорад;

- роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб, аудитор ва корманди дигари Палатаи ҳисобро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад;

- дар ҳолати беморӣ ё дар рухсатии меҳнатӣ будани сараудитор самти фаъолияти ӯро ба сараудитори дигар вобаста менамояд;

- низомномаҳои воҳидҳои сохториро тасдиқ мекунад;

- дастурамалҳои мансабиро тасдиқ менамояд;

- ҳавасмандгардонӣ, расондани кумаки моддӣ ба кормандон ва нисбат ба онҳо татбиқ намудани ҷазои интизомиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбарии кормандон ба рутбаҳои махсуси ҳайати олии роҳбарикунанда ва сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Палатаи ҳисоб таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод менамояд;

- бемамониат бо ҳуҷҷатҳо вобаста ба лоиҳаи буҷети давлатӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ, бо назардошти риояи талаботи сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, шинос мешавад;

- дар ҷаласаҳо оид ба масъалаҳои ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ, муҳокимаи парламентӣ оид ба иҷрои буҷети давлатӣ, инчунин баррасии лоиҳаи буҷети давлатӣ ва масъалаҳои дигар вобаста ба вазифаҳои Палатаи ҳисоб иштирок ва баромад мекунад;

- ба воҳидҳои сохтории Палатаи ҳисоб супориш дода, иҷрои онро назорат менамояд;

- назорати сифати аудит ва бо воситаҳои технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ гузарондани аудитро таъмин менамояд;

- роҳбари гурӯҳ ва аъзои онро барои гузарондани аудитҳои молиявӣ, мутобиқат, самаранокӣ ва аудитҳои дигар таъин мекунад;

- муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва назорат менамояд;

- фармоишҳоро дар доираи ваколатҳои худ қабул менамояд ва шартномаҳоро ба имзо мерасонад;

- Палатаи ҳисобро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа намояндагӣ менамояд;

- ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

11. Ваколатҳои муовини раис ва сараудиторони Палатаи ҳисоб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешбинӣ мегардад ва ҳангоми набудани раиси Палатаи ҳисоб, муовини раис уҳдадориҳои хизматии ӯро иҷро менамояд.

12. Муовини раис ва сараудиторон дар доираи ваколатҳои худ масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти самти вобастгардидаро мустақилона ҳал намуда, барои сифати чорабиниҳо ва натиҷаи онҳо масъул мебошанд.

13. Ваколатҳои роҳбари дастгоҳ:

- ба фаъолияти дастгоҳи Палатаи ҳисоб роҳбарӣ карда, кори онро ташкил ва супоришҳои раиси Палатаи ҳисобро иҷро менамояд;

- фаъолияти воҳидҳои сохтории дастгоҳро ҳамоҳанг месозад;

- иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати мушовара ва нақшаи кори Палатаи ҳисоб дар воҳидҳои сохториро таъмин ва назорат менамояд;

- омода ва таҳия намудани ҳуҷҷатҳо оид ба ташкили фаъолияти Палатаи ҳисобро таъмину назорат менамояд;

- бо супориши раис Палатаи ҳисобро дар мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, судӣ ва ташкилотҳои дигар намояндагӣ менамояд;

- иҷрои талаботи низомнома, дастурамалҳои мансабии кормандон ва мутахассисони воҳидҳои сохтории дастгоҳро назорат карда, маълумот доир ба иҷрои супоришу нақшаҳои корӣ аз ҷониби онҳоро талаб менамояд;

- дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо дар сохтори Палатаи ҳисоб, воҳидҳои корӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба раиси Палатаи ҳисоб таклифҳо пешниҳод менамояд;

- дар кори ҷаласаҳои ҳайати мушовара, семинару машваратҳо, гурӯҳҳои корӣ, комиссияҳои озмунӣ ва аттестатсионӣ иштирок менамояд;

- дар таҳияи санадҳои меъёрии дохилиидоравӣ, стандартҳо ва методологияи татбиқи онҳо ва пешниҳоди таклифҳо вобаста ба онҳо иштирок менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба раиси Палатаи ҳисоб барои андешидани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ё татбиқи ҷазои интизомӣ ба кормандони дастгоҳ таклифу пешниҳод менамояд;

- оид ба натиҷаҳои фаъолияти дастгоҳ ба раиси Палатаи ҳисоб, муовини раис ва ҳайати мушовара маълумот пешниҳод менамояд.

14. Ваколатҳои сардорони воҳидҳои сохторӣ, аудиторон ва кормандони дигари Палатаи ҳисоб, ки дар низомномаҳои воҳидҳои сохторӣ ва дастурамалҳои мансабӣ пешбинӣ мегардад, аз ҷониби раис тасдиқ карда мешавад.

4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

15. Таъминоти моддию техникии Палатаи ҳисоб аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

16. Палатаи ҳисоб дорои молу мулк мебошад, ки ба он дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ дода шудааст.

17. Палатаи ҳисоб шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ном бо забони давлатӣ, нишони худ, муҳрҳои дахлдор ва штампу бланкҳо мебошад.

18. Маҳалли ҷойгиршавии Палатаи ҳисоб: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 36.

 

Замимаи 2

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 майи соли 2024, № 822

Сохтори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият;

Раёсати баҳодиҳии буҷети давлатӣ;

Раёсати баҳодиҳии буҷетҳои маҳаллӣ;

Раёсати аудити соҳаҳои иҷтимоӣ;

Раёсати аудити соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, субъектҳои истеҳсолӣ ва моликияти давлатӣ;

Раёсати аудити сармоягузорӣ, қарз ва бонкҳои давлатӣ;

Раёсати аудити соҳаи мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

Раёсати аудити самаранокӣ;

Раёсати таҳлил, рушд, стандарт ва ҳамкориҳои байналмилалӣ;

Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

Шуъбаи кафолати сифати аудит;

Шуъбаи ҳуқуқ;

Шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ;

Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус;

Шуъбаи умумӣ.

 

Приложение 1

к указу Президента

Республики Таджикистан

от " 7 " мая 2024 года,№822

Положение о Счётной палате Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Счётная палата Республики Таджикистан (далее - Счётная палата) является высшим органом государственного аудита, осуществляющим независимый внешний государственный аудит по оценке проекта государственного бюджета, годового консолидированного отчёта Правительства Республики Таджикистан об исполнении государственного бюджета, целевого и эффективного использования денежных средств и государственных ресурсов и по результатам предоставляет заключение.

2. Счётная палата осуществляет свою деятельность на основании Конституции Республики Таджикистан, конституционных законов и законов Республики Таджикистан, постановлений Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указов и распоряжений Президента Республики Таджикистан, постановлений и распоряжений Правительства Республики Таджикистан, международных правовых актов, признанных Таджикистаном и настоящего Положения.

3. Счётная палата для выполнения своих задач сотрудничает с правоохранительными органами, органами контроля, министерствами и ведомствами, подразделениями внутреннего аудита в организациях государственного сектора, местными органами государственной власти, налоговым и таможенным органами.

2. ЗАДАЧИ И ПОЛНОМОЧИЯ СЧЁТНОЙ ПАЛАТЫ

4. Счётная палата выполняет следующие задачи:

- предоставление достоверной и объективной информации Президенту Республики Таджикистан и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан о проекте государственного бюджета, годового консолидированного отчёта Правительства Республики Таджикистан об исполнении государственного бюджета и управлении государственными ресурсами;

- проведение экспертизы проекта государственного бюджета и аудита годовой консолидированной отчётности Правительства Республики Таджикистан об исполнении государственного бюджета и предоставление по их результатам заключения Президенту Республики Таджикистан и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан для оказания содействия в контроле целевого и эффективного использования полученных и израсходованных средств государственного бюджета и соответствующего управления государственными ресурсами.

5. Полномочия Счётной палаты состоят из:

- экспертизы проекта государственного бюджета и предоставления в установленном порядке к нему аудиторского заключения;

- аудита исполнения государственного бюджета, республиканского бюджета, целевых государственных фондов и местных бюджетов;

- оценки деятельности налогового и таможенного органов и других соответствующих органов по выполнению доходной части государственного бюджета;

- аудита деятельности государственных предприятий, учреждений и других организаций, использовавших бюджетные средства, государственную собственность и государственные ресурсы;

- аудита деятельности предприятий, учреждений и других организаций, в которых доля государства в капитале считается контрольной, а также в исключительных случаях по поручению Президента Республики Таджикистан или запроса Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан при составлении этой доли 10 и более процентов;

- аудита деятельности предприятий, учреждений и других организаций, получающих бюджетные средства в форме финансовой помощи;

- аудита использования специальных бюджетных средств и внебюджетных средств;

- оценки реализации целевых государственных программ;

- аудита управления и использования государственной и коммунальной собственности;

- встречного аудита в предприятиях, учреждениях и других организациях, независимо от их организационно-правовой формы, использующих государственные средства;

- аудита использования денежных средств государственных инвестиций, грантов и внешнего государственного долга, привлеченных под гарантию Правительства Республики Таджикистан;

- аудита управления внутренним государственным долгом Республики Таджикистан;

- аудита исполнения бюджета по социальному страхованию и пенсии Республики Таджикистан;

- аудита управления и использования природных ресурсов Республики Таджикистан, в том числе исполнения соглашений о разделе продукции;

- аудита по запросу органов государственной власти, предприятий, учреждений и других организаций об обоснованности использования бюджетных средств и государственных ресурсов;

- аудита Национального банка Таджикистана, государственных банков, в том числе исламских государственных банков;

- аудита других банков и небанковских кредитных организаций по обслуживанию бюджетных средств, государственных фондов и государственного долга;

- представления руководителю объекта аудита рекомендаций для принятия мер по устранению выявленных недостатков и финансовых нарушений, установленных по результатам проведенных аудиторских мероприятий Счётной палаты;

- представления предложений в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан по усовершенствованию законодательства Республики Таджикистан в сфере государственных финансов и бюджета;

- представления отчёта по отдельным вопросам исполнения государственного бюджета и внебюджетных средств по запросу Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан;

- представления Президенту Республики Таджикистан и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан сведений об исполнении государственного бюджета и результатах предпринятых мер;

- представления Президенту Республики Таджикистан и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан итогового отчёта по результатам проведенных аудиторских мероприятий;

- осуществления других видов внешних государственных аудитов;

- осуществления других полномочий, вытекающих из законодательных актов Республики Таджикистан.

3. ОРГАНИЗАЦИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ СЧЁТНОЙ ПАЛАТЫ

6. Коллегия Счётной палаты является высшим органом управления, и рассматривает важные управленческие вопросы Счётной палаты, принимает соответствующие решения с поддержанием большинства членов коллегии, которые подписываются председателем коллегии Счётной палаты. Счётной палатой и работой коллегии руководит председатель Счётной палаты, исполнение решений коллегии являются обязательными для всех сотрудников Счётной палаты.

7. Коллегия состоит из председателя, заместителя преседателя и пяти главных аудиторов Счётной палаты.

8. Председатель, заместитель председателя и главный аудитор Счётной палаты назначаются на должность по представлению Президента Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан сроком на семь лет. Председатель, заместитель председателя и главный аудитор Счётной палаты не может занимать данную должность более двух раз.

9. Порядок деятельности и полномочия коллегии Счётной палаты устанавливаются в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О Счётной палате Республики Таджикистан".

10. Председатель Счётной палаты:

- осуществляет общее руководство деятельностью Счётной палаты;

- распределяет должностные полномочия между заместителем председателя и главными аудиторами Счётной палаты;

- утверждает штатное расписание Счётной палаты, выплату денежных средств за услуги внешнего эксперта в пределах фонда заработной платы и подписывает смету расходов Счётной палаты, а также в необходимых случаях самостоятельно и обоснованно обращается с запросом дополнительных денежных средствах для обеспечения деятельности Счётной палаты;

- руководит коллегией Счётной палаты и подписывает её решения;

- в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке назначает на должность и освобождает от должности руководителя аппарата Счётной палаты, аудитора и других сотрудников Счётной палаты;

- в случае болезни или нахождения в трудовом отпуске главного аудитора направление его деятельности распределяет другому главному аудитору;

- утверждает положения о структурных подразделениях;

- утверждает должностные инструкции;

- в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке осуществляет поощрение работников, оказание материальной помощи и применение к ним дисциплинарных взысканий;

- представляет на рассмотрение Президенту Республики Таджикистан предложения о выдвижении сотрудников на специальные чины высшего руководящего состава и награждении их государственными наградами Республики Таджикистан;

- в установленном порядке подготавливает и представляет для рассмотрения проекты законов и других нормативных правовых актов по вопросам, относящимся к компетенции Счётной палаты;

- беспрепятственно ознакамливается с документами, связанными с проектом государственного бюджета и исполнением государственного бюджета, с учётом соблюдения требований государственного секрета и других секретов, защищаемых законом;

- принимает участие и выступает на заседаниях по вопросам годового отчёта Правительства Республики Таджикистан об исполнении государственного бюджета, парламентских слушаниях об исполнении государственного бюджета, а также рассмотрении проекта государственного бюджета и по иным вопросам, связанным с задачами Счётной палаты;

- дает поручения структурным подразделениям Счётной палаты и контролирует их исполнение;

- контролирует качество аудита и обеспечивает проведение аудита с передовыми информационными и коммуникационными технологиями;

- назначает руководителя и членов группы для проведения финансового аудита, аудита соответствия, аудита эффективности и других аудитов;

- в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке рассматривает обращения физических и юридических лиц и контролирует их рассмотрение;

- в пределах своих полномочий принимает распоряжения и подписывает договоры;

- представляет Счётную палату в органах государственной власти Республики Таджикистан и за рубежом;

- осуществляет другие полномочия, установленные законодательством Республики Таджикистан.

11. Полномочия заместителя председателя и главных аудиторов Счётной палаты предусматриваются Законом Республики Таджикистан "О Счётной палате Республики Таджикистан" и в случае отсутствия председателя Счётной палаты, его служебные обязанности исполняет заместитель председателя.

12. Заместитель председателя и главные аудиторы в рамках своих полномочий самостоятельно решают вопросы, касающиеся организации деятельности закреплённого за ними направления и являются ответственными за качество мероприятий и их результатов.

13. Полномочия руководителя аппарата:

- осуществляет руководство деятельностью аппарата Счётной палаты, организовывает функционирование деятельности и исполняет поручения председателя Счётной палаты;

- обеспечивает координацию деятельности структурных подразделений аппарата;

- обеспечивает и осуществляет надзор исполнения распоряжений и указов Президента Республики Таджикистан, постановлений Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, коллегии и плана работы Счётной палаты в структурных подразделениях;

- обеспечивает надзор за подготовкой и разработкой документации по организации деятельности Счётной палаты;

- по поручению председателя Счётной палаты представляет Счётную палату в государственных, правоохранительных и судебных органах и в других организациях;

- осуществляет надзор за исполнением требований положения, должностных инструкций сотрудников и специалистов структурных подразделених аппарата, и требует от них сведения о выполнении поручений и планов работ;

- представляет предложения председателю Счётной палаты о внесении изменений и дополнений в структуру Счётной палаты, штатные единицы и отраслевые нормативные правовые акты;

- принимает участие в работе заседаний коллегии, семинарах и совещаниях, рабочих группах, конкурсной и аттестационной комиссий;

- принимает участие в разработке внутренних нормативных актов, стандартов и методологии их применения и представляет предложения по ним;

- представляет предложения председателю Счётной палаты для принятия мер о поощрении или применении дисциплинарного взыскания сотрудников аппарата, в соответствии с установленным порядком;

- предоставляет информацию председателю Счётной палаты, заместителю председателя и членам коллегии по результатам деятельности аппарата.

14. Полномочия руководителей структурных подразделений, аудиторов и других работников Счётной палаты, предусмотренные положениями о структурных подразделениях и должностными инструкциями, утверждаются председателем.

4. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

15. Материально-техническое обеспечение Счётной палаты осуществляется за счёт средств республиканского бюджета и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.

16. Счётная палата обладает имуществом, которое выдано на основании законодательства Республики Таджикистан на праве оперативного управления.

17. Счётная палата является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан, наименованием на государственном языке, собственную символику, соответствующие печати, штампы и бланки.

18. Месторасположение Счётной палаты: Республика Таджикистан, город Душанбе, проспект Рудаки, 36.

Приложение 2 к

указу Президента

Республики Таджикистан

от " 7 " мая 2024 года, №822

Структура Счётной палаты Республики Таджикистан

Руководство;

Управление оценки государственного бюджета;

Управление оценки местных бюджетов;

Управление аудита социальных отраслей;

Управление аудита отраслей сельского хозяйства, промышленности, производственных субъектов и государственного имущества;

Управление аудита инвестиций, долга и государственных банков;

Управление аудита сферы обороны и правоохранительных органов;

Управление аудита эффективности;

Управление анализа, развития, стандартов и международных отношений;

Управление информационно-коммуникационных технологий;

Отдел гарантии качества аудита;

Юридический отдел;

Финансовый и хозяйственный отдел;

Отдел кадров и специальных работ;

Общий отдел.