Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 августи соли 2022, № 419
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ҲИСОБ ВА ПАРДОХТ АЗ МАБЛАҒҲОИ АНДӯХТИ НАФАҚАВӢ БА ШАХСОНИ СУҒУРТАШУДА
1 .МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби ҳисоб ва пардохт аз маблағҳои андӯхти нафақавӣ ба шахсони суғурташуда (минбаъд - Тартиб) тартиби муроҷиати шахсони суғурташуда, аъзои оилаҳо, меросгирон ва дар бораи таъин намудани пардохтҳо аз андӯхти нафақа, ҳисобӣ ва индексатсияи маблағҳои андӯхти нафақавӣ, муқаррар намудани маблағҳои пардохт, муҳлат ва давраҳои амалӣ намудани пардохт, интиқол, ба ҳисоб гирифтан ва додани андӯхти нафақа, ки дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) ба ҳисоб гирифта шудаанд, муайян менамояд.
2. Дар Тартиб мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- муассисаи суғурта - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи суғуртаи нафақавӣ;
- марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ - муассисаи суғурта, ки муроҷиатҳои шахсони суғурташуда ва аъзои оилаҳои онҳоро (меросгирон) баррасӣ намуда, дар бораи пардохт ё рад кардани дархости пардохти андӯхти нафақа қарор қабул мекунанд;
- шахси суғурташуда - шахси воқеие, ки ба манфиати ӯ суғуртаи давлатии иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад;
- меросгирон тибқи васиятнома - шахсоне, ки дар васиятномаи шахси суғурташуда дар бораи тақсими маблағҳои андӯхти нафақавӣ нишон дода шудаанд;
- меросгирон тибқи қонун - меросгирони шахси фавтидаи суғурташуда, ки ба онҳо пардохти маблағҳои андӯхти нафақавии шахси фавтидаи суғурташуда аз рӯйи қонун амалӣ карда мешаванд;
- ариза дар бораи таъин - аризаи хаттии шахси суғурташуда ва аъзои оилаи онҳо (меросгирон) барои гирифтани пардохтҳо аз маблағҳои андӯхти нафақавӣ;
- маблағҳои андӯхтҳои нафақа - саҳми суғуртавие, ки аз ҷониби шахсони суғурташуда дар давраи фаъолияти меҳнатӣ пардохтшуда, аз он ҷумла даромадҳо аз ҳисоби маблағгузории онҳо ва дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии ӯ баҳисобгирифташаванда;
- қарор дар бораи пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ - қарори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар бораи таъин ва пардохт намудани маблағ ба шахсони суғурташуда (меросгирони шахси фавтидаи суғурташуда) тибқи шаклҳои муқарраршуда;
- қарор дар бораи рад кардани пардохти андӯхти нафақавӣ - қарори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар бораи рад намудани ариза дар бораи таъин ва пардохти андӯхтҳои нафақавӣ аз рӯйи шакли муқарраршуда;
- сармояи нафақавӣ - маблағи умумии саҳмҳои суғуртавии дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ пардохташуда, аз он ҷумла даромадҳо аз ҳисоби ҷобаҷогузорӣ ва маблағгузории онҳо;
- қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ - маблағи муайян дар таркиби нафақаи суғуртавӣ аз ҳисоби андӯхти нафақавӣ, ки дар як вақт бо нафақа пардохт мегардад;
- пардохти яквақтаина - пардохти яквақтаина аз ҳисоби маблағи андӯхти нафақавӣ.
3. Барои гирифтани маблағҳо, ки дар ҳисобномаҳои инфиродӣ ҷойгиранд, бо шарти супоридани саҳми суғуртавӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони зерини суғурташуда ҳуқуқ доранд:
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳрвандони хориҷӣ;
- шахсони бешаҳрванд;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки барои сукунати доимӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада (кӯчида) рафтаанд.
4. Гузаштани ҳуқуқи моликият ба маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз шахси суғурташуда ба як шахс ва ё шахсони дигарро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.
5. Андоза, давра ва муҳлати пардохти маблағҳои андӯхти нафақавиро моддаҳои 22, 42 ва 54 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" муайян мекунанд.
2. ТАРТИБИ МУРОҶИАТ БАРОИ ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ АНДУХТИ НАФАҚАВӢ
6. Муроҷиати шахсони суғурташуда ва аъзои оилаи онҳо (меросгирон) барои таъин ва пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ бо роҳи пешниҳоди ариза тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад.
7. Дар ҳолати муроҷиати шахси суғурташуда, ки ба ӯ нафақа таъин гардидааст, барои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ ба шахси суғурташуда аз ҷониби ӯ такроран пешниҳод намудани ариза оид ба аз нав таъин намудани нафақаи суғуртавӣ бо дарҷи таъини қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ зарур мебошад.
8. Муҳлати муроҷиат оид ба таъини пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ дар як вақт бо пайдо гардидани ҳуқуқ ба таъини нафақаи суғуртавӣ муайян карда мешавад.
9. Ҳангоми муроҷиати меросгирони шахси суғурташудаи фавтида барои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, синну сол ва ҷойи истиқомати меросгирон;
- шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоии шахси суғурташудаи фавтида;
- ҳуҷҷатҳое, ки ваколатҳои намояндаи меросгиронро барои пешниҳоди ариза ҷиҳати гирифтани маблағҳои андӯхти нафақавӣ ба таври нотариалӣ тасдиқ менамоянд, инчунин ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз номи меросгирон барои намояндагони меросгирон;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷозати пешакии мақомоти васоят ва парасторӣ дар бораи дасткашӣ аз гирифтани ҳаққи ба меросгирон дахлдоштаи маблағҳои андӯхти нафақавии дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташудаи фавтида бақайдгирифташуда барои намояндагони меросгирон ҳангоми пешниҳоди ариза дар бораи даст кашидан аз гирифтани маблағҳои андӯхти нафақавӣ;
- қарори суд оид ба барқарор кардани муҳлати пешниҳоди ариза оид ба пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ барои меросгирон, ки бо тартиби судӣ муҳлати пешниҳоди аризаро барои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ барқарор кардаанд;
- қарори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар бораи муайян намудани ҳиссаи меросгирон;
- шаҳодатнома дар бораи вафоти шахси суғурташуда.
10. Меросгирон ба инҳо ҳуқуқ доранд:
- ба тамоми маблағҳои андӯхти нафақавии шахси фавтидаи суғурташуда дар давраи дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии ӯ қайдгардида, дар сурате, ки шахси суғурташуда то ба ӯ таъин гаштани пардохт аз андӯхтҳои нафақавӣ фавтида бошад;
- ба бақияи маблағҳои андӯхти нафақавии шахси фавтидаи суғурташуда, ки ба сармояи нафақавӣ бо тарҳи пардохтҳои амалигардидаи дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродӣ қайдшуда баробар мебошад, дар сурате, ки фавти шахси суғурташуда баъди таъин ва пардохти ҳармоҳаи қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ рост омада бошад.
3. ТАРТИБИ БАРРАСИИ АРИЗАИ ШАХСОНИ СУҒУРТАШУДА
11. Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии маҳалли истиқомати шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) дар муҳлати на дертар аз рӯзи охирини кории моҳи оянда пас аз моҳе, ки дар он муҳлати муқарраршудаи муроҷиат намудани шахсони суғурташуда (меросгирон) бо ариза ҷиҳати пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ ба охир расидааст, амалиёти зеринро анҷом медиҳад:
- тафтиши мутобиқати шахсонеро, ки ариза дар бораи пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ пешниҳод намудаанд, таъмин мекунад;
- ҳиссаи меросгиронро аз рӯйи ариза мутобиқ бо ариза дар бораи тақсими маблағҳои андӯхти нафақавӣ муайян мекунад ё ин ки ҳиссаи баробарро муқаррар менамояд, агар дар ариза меросгирон қайд гардида бошанду ҳиссаи онҳо номуайян бошад;
- ҳиссаи баробарро барои меросгирон аз рӯйи қонун муқаррар мекунад ва дар ҳолати аз ҷониби меросгирон аз рӯйи қонун ворид гардидани ариза дар хусуси даст кашидан аз гирифтани маблағҳои андӯхти нафақавӣ ҳиссаи ба ӯ тааллуқдоштаро дар байни меросгирон баробар тақсим менамояд;
- маблағи умумии андӯхти нафақавии шахси суғурташударо (шахси суғурташудаи фавтида), ки бояд дар байни меросгирон тақсим шавад, дар асоси ҷамъи маблағҳои андӯхти нафақавӣ муайян мекунад;
- ҳаҷми маблағҳои андӯхти нафақавиро, ки бояд дар мавриди ҷой доштани асоси воқеӣ ба фонди эҳтиётии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ гузаронида шаванд, муайян менамояд.
12. Ариза барои таъин кардан ва ҳуҷҷатҳои ба он ҳамроҳгардида, ки муҳлати он ба тартиби судӣ барқарор гардидааст, аз ҷониби Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ бо тартиби муқарраргардидаи таъини нафақа баррасӣ карда мешавад. Аз рӯйи натиҷаҳои баррасӣ қарор дар бораи пардохт ё радкунии пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ қабул карда мешавад.
13. Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ қарор дар бораи рад намудани пардохти маблағҳои андӯхти нафақавиро дар ҳолатҳои зерин қабул мекунад:
- ҳисобнома барои шахси суғурташуда кушода нашудааст;
- шахси суғурташуда саҳмҳои суғуртавиро пардохт накардааст;
- маблағҳои андӯхти нафақавӣ ба шахси суғурташуда пардохт карда шудаанд;
- маблағҳое, ки аз сабаби даст кашидани шахси суғурташуда (меросгирон) ба фонди эҳтиётӣ гузаронида шудаанд;
- андӯхти нафақавӣ тибқи аризаи шахси суғурташуда (меросгирон) ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шудааст;
- шахсони бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ муроҷиатнамуда меросгирони шахси суғурташуда намебошанд;
- пешниҳоди ариза дар бораи пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз ҷониби меросгирони навбати дуюм дар сурати мавҷуд будани меросгирони ҳуқуқии якум;
- ариза дар бораи пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ баъди ба охир расидани муҳлати муқарраргардида бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ муроҷиат намуданд, бо истиснои ҳолатҳое, ки муҳлати номбурда бо тартиби судӣ барқарор гардидааст, пешниҳод карда шудааст;
- ба меросгирон бо қарори суд маблағ дар ҳаҷми баробар ё бештар аз маҷмуи маблағҳои андӯхти нафақавӣ, ки тибқи ҳамин Тартиб ба онҳо муқаррар гардида буданд, пардохт гардидааст.
14. Маълумот дар бораи шахси суғурташуда ва аъзои оилаи ӯ (меросгирон) ва ба ӯ пардохт гардидани қисми маблағҳои андӯхти нафақавӣ дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) нишон дода мешавад.
15. Нигоҳдории аризаҳо, ҳуҷҷатҳо ва қарорҳое, ки дар коргузорӣ ҳангоми таъини пардохт аз маблағҳои андӯхти нафақавӣ бармеоянд, бо тартиби муқарраркарда нисбат ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва парвандаҳои нафақа анҷом дода мешавад.
16. Шакли ариза ва қарор оид ба таъини нафақаи суғуртавӣ аз ҷониби муассисаи суғуртавӣ тасдиқ карда мешавад.
4. МУАЙЯН НАМУДАНИ АНДОЗАИ ПАРДОХТИ АНДУХТИ НАФАҚАВӢ
17. Андозаи пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, дар асоси маблағи умумии андӯхти нафақавии дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда қайдгардида муайян карда мешавад ва он аз собиқаи суғуртавӣ, пардохти воқеии саҳми суғуртавӣ ва даромадҳои аз маблағгузории он бадастомада вобаста мебошад.
18. Сармояи нафақавӣ ҳар сол аз рӯйи натиҷаҳои соли андозӣ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
S=(1+k) (Sо+w)-Р(12+6,5k)), 0<к<1<, Р>1, ки дар он:
S - маблағи умумии сармояи нафақавӣ дар охири соли молиявӣй;
So - маблағи умумии андӯхти нафақавӣ ба ҳолати ибтидои соли молиявӣ;
w - саҳмҳои пардохтшудаи суғуртавӣ барои соли ҷории андозӣ;
k - коэффитсиенти даромаднокӣ аз ҷобаҷогузории андӯхти нафақавӣ дар соли молиявӣ;
Р - андозаи қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ дар давраи соли пардохташаванда мебошад.
19. Қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ барои ҳар як сол муқарраршаванда бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
Р = S/(Т-12m),
ки дар он:
Р - қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ;
Т - давраи инфиродии пардохти пешбинишаванда бо моҳҳо;
m - теъдоди солҳое, ки тайи онҳо қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ пардохт гардидааст, мебошад.
20. Дар сурате, ки андозаи андӯхтҳои нафақавӣ (S) аз маблағи даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида кам бошад, қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ ҳамчун пардохти якдафъаина муқаррар карда мешавад.
21. Муҳлати пешбининамудаи пардохти инфиродӣ (давраи боқимондаи умр) дар асоси моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" муайян карда мешавад.
22. Коэффитсиенти индексатсияи андӯхти нафақавӣ ҳар сол аз ҷониби мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ аз рӯйи натиҷаҳои маблағгузориҳои сармояи нафақавӣ барои соли молиявӣ муқаррар карда мешавад.
5. ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ АНДӯХТИ НАФАҚАВӢ
23. Пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ дар асоси қарори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар бораи пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ бо тартиби муқаррагардида тавассути кортҳои бонкӣ сурат мегирад.
24. Пардохти яквақтаина дар асоси қарори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ бо роҳи гузаронидан (интиқол)-и маблағ ба суратҳисоб, ки реквизитҳои он аз ҷониби шахси суғурташуда (меросгирон) дар ариза дар бораи таъинот нишон дода мешавад, сурат мегирад.
25. Пардохти қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ тибқи тартиби умумие, ки барои пардохти нафақа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, сурат мегирад.
6. БАҲИСОБГИРӢ ВА ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ АНДӯХТИ НАФАҚАВӢ АЗ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ СУҒУРТАИ НАФАҚАВӢ
26. Маблағҳои андӯхти нафақавии дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) баҳисобгирифташуда ва аз саҳмҳои суғуртавии пардохташуда ташаккулёфта, инчунин фоидаи саҳмҳои суғуртавии маблағҳои андӯхти нафақавӣ, ки ҳамчун дивиденд муваққатан гузошта шудаанд, дар ҳолатҳои зерин бояд ба ҳисоби фонди захиравии суғуртаи нафақавӣ гузаронида шаванд:
- зимни бо ариза даст кашидани шахси суғурташуда ё аъзои оилаи ӯ (меросгирон) аз гирифтани маблағҳои андӯхти нафақавӣ, инчунин мавҷуд набудани аризаи шахси суғурташуда (меросгирон) дар бораи пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ;
- қабул гардидани қарор аз ҷониби Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар бораи рад намудани пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ нисбати тамоми шахсони муроҷиатнамуда вобаста ба ҳолати баррасишаванда;
- бозгашти маблағҳои андӯхти нафақавие, ки қаблан ба шахси суғурташуда (меросгирон) тавассути муассисаҳои бонкӣ ё хадамоти алоқа пардохтшуда ва аз ҷониби ӯ дар муҳлати муқарраргардида талаб карда нашудани онҳо.
27. Пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз фонди захиравии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз ҷониби мақомоти минтақавии муассисаи суғурта дар ҳолате сурат мегирад, ки аз ҷониби меросгирони шахси суғурташуда баъд аз бо тартиби судӣ барқарор гардидани муҳлати муроҷиат бо ариза оид ба пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ ё қисми андозаи (ҳиссаи) он пешниҳод гардида, қарор оид ба пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ қабул гардида бошад.
28. Барқарор намудани маблағҳои пардохташуда аз фонди захиравии нафақавӣ дар ҳолати қабул гардидани қарор дар бораи пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ нисбати шахси суғурташуда ё аъзои оилаи ӯ (меросгирон), ки муҳлати муроҷиат бо ариза дар бораи пардохти маблағҳои андӯхти нафақавиро ба дигар меросгирон бо тартиби судӣ барқарор намудааст, аз ҳисоби меросгирон амалӣ мегардад.
7. НАЗОРАТ ВА ҲАЛЛИ БАҲСҲО ДАР САМТИ ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ АНДУХТИ НАФАҚАВӢ
29. Назорати дурустии таъин ва пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз ҳисобномаи инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) аз ҷониби сохторҳои аудити дохилии муассисаи суғурта ва дигар мақомоти давлатии тафтишкунанда бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ мегардад.
30. Баҳсҳо байни муассисаи суғурта, суғуртакунанда, шахсони суғурташуда ва аъзои оилаи онҳо (меросгирон) оид ба ҳисоб ва пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақоми болоии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ё суд ҳал карда мешаванд.
8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
31. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Тартиби мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.