ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 223; с. 1997, №9, мод. 110; с. 1998, №10, мод. 111, 115; с. 2000, №6, мод. 349; с. 2001, №4, мод. 200; с. 2004, №2, мод. 43; с. 2006, №3, мод. 142; с. 2007, №7, мод. 650; с. 2008, № 3, мод. 180, №10, мод. 794) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун фаслҳо бо рақамҳои римӣ ва бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
2. Дар номи фасли якум калимаи "статуси" ба калимаи "вазъи ҳуқуқии" иваз карда шавад.
3. Моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ҳокимияти судӣ
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис гардидааст.".
4. Моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Принсипҳои асосии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Принсипҳои асосии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мустақилият, дастҷамъӣ, ошкорбаёнӣ, мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо иборат аст.".
5. Моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
6. Қисми дуюми моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
...