Оинномаи Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" аз 30 марти соли 2024, № 199

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 марти соли 2024, № 199

Оинномаи Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон"

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.06.2024 № 380)

1. Оинномаи Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" (минбаъд - Оиннома) дар асоси Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари соҳавӣ таҳия гардидааст.

2. Муассиси Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" (минбаъд - Донишгоҳ) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.

3. Донишгоҳ муассисаи давлатии дорои мақоми байналмилалӣ буда, танҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

4. Донишгоҳ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Муассис, Оиннома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар амалӣ менамояд.

5. Донишгоҳ муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, барномаҳои таҳсилотӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ, тайёр кардани мутахассисони доираи васеи фаъолияти касбиро дар дохил ва хориҷи кишвар амалӣ менамояд.

6. Донишгоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни муҳосибии мустақил ва суратҳисоб бо пули миллӣ дар сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ мебошад ва барои амалисозии амалиёти ҳисоббаробаркунӣ ва қарзӣ аз ин суратҳисоб истифода менамояд.

7. Донишгоҳ дар асоси ҳуқуқи идоракунии оперативӣ дорои молу мулк мебошад, аз номи худ уҳдадориҳоро қабул ва иҷро мекунад ва дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад мекунад.

8. Донишгоҳ дорои муҳри мудаввар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи пурраи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, бланк ва аломатҳои дигари муайянкунанда мебошад.

9. Маблағгузории фаъолияти Донишгоҳ, филиалҳои он ва шахсони ҳуқуқии дигари тобеи Донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси Донишгоҳ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

10. Донишгоҳ дорои ҳуқуқи фаъолияти таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, амалию таҷрибавӣ, иттилоотию таҳлилӣ, табъу нашр, гузаронидани курсҳои таълимӣ, такмили ихтисос, ҳамчунин хизматрасониҳои пулакие мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

11. Номи расмии Донишгоҳ:

- бо забони тоҷикӣ - Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон";

- бо забони русӣ - Государственное учреждение "Международный университет туризма и предпринимательства Таджикистана";

- бо забони англисӣ - State Institution "International University of tourism and entrepreneurship of Tajikistan".

12. Суроғаи ҳуқуқии Донишгоҳ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5, телефон: (+992 37) 234-88-02, (+992-37) 234-88-03, факс: (+992-37) 234-88-02, почтаи электронӣ: info@ iutet.tj, website: www.iutet.tj.

2. САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ

13. Донишгоҳ барномаҳои таҳсилотиро мутобиқи стандартҳои давлатии муқарраргардида дар самтҳои илм, техника, фарҳанг ва хизматрасонӣ амалӣ мегардонад.

14. Фаъолияти Донишгоҳ ҳамчун муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои омода намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи равия ва самтҳои гуногун дар ҷумҳурӣ ва берун аз он равона карда мешавад. Донишгоҳ вобаста ба заминаи моддию техникӣ дар зерсохторҳои худ аз рӯйи равия, ихтисос ва самтҳои муайян дар зинаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, бакалавриат, мутахассис, таҳсилоти иловагӣ, махсус, магистратура, доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва аспирантура, доктор ҳабилитат ва докторантураи анъанавӣ мутахассисонро омода менамояд.

15. Донишгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оиннома корхонаҳо, коргоҳҳо ё cохторҳои дигари таълимӣ, илмию истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва филиалу намояндагии кафедраҳоро дар ташкилоту муассисаҳо ташкил намуда, таҳсилоти дуалиро ба роҳ мемонад ва талаботи истеъмолкунандагонро қонеъ мегардонад.

16. Самтҳои асосии афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳро корҳои таълимӣ ва таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, инноватсионӣ, амалию таҷрибавӣ, робитаҳои байналмилалӣ, иттилоотию таҳлилӣ, таҳририю интишорӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ташкил медиҳанд.

3. ҲУҚУҚ, УҲДАДОРИҲО ВА ВАЗИФАҲОИ ДОНИШГОҲ

17. Донишгоҳ барои амалӣ намудани мақсадҳои худ ҳуқуқ дорад:

- сохтори ташкилии идоракунӣ ва шакли таълиму тарбияро аз рӯйи равия ва ихтисос муайян намояд;

- ҷиҳати истифодаи мақсадноки неруи зеҳнии ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни худ сохтори ташкилӣ, шакли таҳсил ва тадбирҳои ҳавасмандгардонии меҳнатиро муқаррар намояд;

- омӯзгорону кормандонеро, ки дар давоми сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, дар ҳолати сарфаи музди меҳнат аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсус бо мукофотпулиҳо қадрдонӣ намояд;

- ба ҳайати профессорону омӯзгорон барои таҳияи монографияҳо, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва маводди дигари таълимию методӣ ҳаққи қалам муқаррар намояд;

- дар асоси қарори Шурои олимон ва талаботи Низомномаи ҳавасмандгардонии моддӣ ва муқаррар намудани имтиёзҳои дохилӣ барои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳавасмандкуниҳои молиявиро амалӣ намояд;

- ҷадвали басти вазифаҳои кормандони Донишгоҳ ва шахсони дигари ба фаъолият ҷалбшударо дар доираи фонди музди меҳнат муқаррар ва тасдиқ кунад;

- имтиёзҳои дохилиро тибқи низомномаи намунавӣ барои ишғоли вазифаҳои дотсент, профессор ва кормандони илмию педагогӣ, инчунин кормандони дигари Донишгоҳ муқаррар намояд;

- ба муассисаҳои илмию таълимӣ, ширкатҳо, корхонаҳо, иттиҳодияҳо, ташкилотҳо ё муассисаҳои байналмилалие, ки манфиатҳои умумиро ифода мекунанд (тайёр кардани мутахассисон, табодули омӯзгорону донишҷӯён, таҳқиқоти илмӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомузӣ ва шаклҳои дигари фаъолият) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шавад ва аз онҳо барояд;

- тибқи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ молу мулкеро, ки аз ҷониби Муассис вобаста карда шудааст, мувофиқи таъинот ва мақсадҳои пешбинигардида истифода намояд ва дар ҳолати фарсудашавӣ аз эътибор соқит кунад;

- молу мулкеро, ки дар натиҷаи фаъолияти таълимӣ, илмӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба даст меорад, мустақилона идора кунад;

- воҳидҳои иҷтимоӣ, табобатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, муассисаҳои фароғатӣ-фарҳангӣ ва хоҷагии ёрирасон дошта бошад;

- фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-инноватсионӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ, кадрӣ, коргузорӣ ва молиявию хоҷагидории зерсохторҳои худро назорат намояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар заминаи иқтидори илмӣ, таълимӣ ва хизматрасонии худ муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, филиалҳо, донишкадаҳо, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, институтҳои таълимӣ (дар заминаи факултетҳо), факултетҳои муштарак, марказ ва институтҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон, ҳамчунин марказҳои машваратии минтақавӣ ва байналмилалиро дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор ташкил ва барҳам диҳад;

- тартиби истифодаи маблағҳои аз сарчашмаҳои дигари буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба суратҳисоби Донишгоҳ воридшударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кунад;

- дар бонкҳо суратҳисоб дошта бошад;

- ҳангоми баргузории тендерҳо аз суратҳисоби иловагии бонкӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда хариди мол ва хизматрасониҳоро пардохт намояд;

- бо ҳадафи ҷалби омӯзгорони хориҷӣ ба корҳои таълимӣ, таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, инноватсионӣ ва машваратӣ музди меҳнати мутахассиони хориҷиро бо розигии мутақобила аз ҳисоби фонди музди меҳнат дар доираи харҷномаи ягонаи даромадҳо ва хароҷот пардохт намояд;

- барои таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ, сармоягузорӣ ва грантҳо дар асоси қарори Шурои олимон аз маблағҳои махсуси дар ихтиёрдоштаи худ истифода намояд;

- дар асоси қарори Шурои олимон барои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳавасмандкуниҳои гуногунро татбиқ намояд;

- дар лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, инноватсионӣ ва ғайраҳо иштирок намояд.

- бо ташкилотҳои молиявии маблағгузор мустақилона ҳамкориҳои дуҷонибаро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монад;

- таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории Донишгоҳ институтҳо, факултетҳо (аз ҷумла факултетҳои муштарак), кафедраҳо, коллеҷҳо, филиалҳо, донишкадаҳо, институтҳои илмию таҳқиқотӣ, шуъбаҳо, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, курсҳои такмили ихтисос, литсейҳо ва ғайраҳоро тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намояд.

18. Донишгоҳ бо ризоияти Муассис воҳиди сохторӣ (донишкада, академия, коллеҷ, литсей, лингвопарк ва ғайра) таъсис медиҳад, ки шахси ҳуқуқӣ буда, мустақилона самти мушаххаси фаъолияти онро амалӣ менамоянд.

19. Донишгоҳ уҳдадор аст:

- фаъолияти худро мутобиқи Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои дохилӣ ба роҳ монад;

- оид ба натиҷаи фаъолияти Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот диҳад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони худ риояи кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро, ки давлат муқаррар намудааст, таъмин намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида барои зарари ба саломатӣ ва қобилияти меҳнатии онҳо расонидашуда масъулият дошта бошад;

- амалӣ намудани уҳдадориҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муқаррар намудаанд.

20. Вазифаҳои асосии Донишгоҳ:

- қонеъ гардонидани талаботи таълимгирандагон барои инкишофи қобилияти зеҳнӣ, фарҳангӣ ва маънавии онҳо;

- рушди илм ва иқтидори зеҳниву эҷодӣ ба воситаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва фаъолияти эҷодии кормандони илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯён, истифодаи натиҷаҳои ҳосилшуда дар ҷараёни таълим ва истеҳсолот;

- омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои илмию омӯзгорӣ дар марказҳои такмили ихтисоси ватаниву хориҷӣ;

- инкишоф додани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва қобилияти кору зиндагии донишҷӯён дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ;

- расонидани хизмати маишӣ ва ташкили саёҳат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи зурурати фаъолияти Донишгоҳ;

- таъмини шароити мусоид барои таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ, пешаздипломӣ ва илмию омӯзгории донишҷӯён;

- таъмини шароити мусоид барои табодули академии донишҷӯёну мутахассисон дар хориҷи кишвар;

- ташкилу гузаронидани корҳои амалию таҷрибавӣ, илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию ихтироъкорӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиёти миллӣ равона карда мешаванд ва бо раванди таълим зич алоқаманд бошанд;

- таҳия ва амалисозии лоиҳаву грантҳои байналмилалӣ;

- амалисозии лоиҳаву барномаҳои сармоягузорӣ дар самти сайёҳӣ, соҳибкорӣ, иқтисоди "сабз", хизматрасонӣ ва масоили дигари мубрами иҷтимоӣ- иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ;

- васеъ намудани донишу малакаи муосир дар соҳаҳои иқтисодию ҳуқуқӣ, соҳибкорӣ, тиббӣ, сайёҳӣ, экологӣ ва соҳаҳои дигари илм, баланд бардоштани сифати таҳсилот, сиёсат ва тарбияи фарҳангӣ бо истифодаи тартиботи амалкунанда ва низоми таҳсилоти амалкунанда;

- амалӣ сохтани барномаҳои таҳсилотӣ (томактабӣ, миёнаи умумӣ (ҳамагонӣ), ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва баъд аз таҳсилоти олии касбӣ) дар зерсохторҳои худ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- таҳия ва нашри монографияҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, бадеӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ ва барномаҳои таълимӣ;

- омода намудани мутахассисони болаёқат, кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ (номзадҳо, докторҳои илм, доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва доктори ҳабилитат).

21. Донишгоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо (идоракунӣ, молиявию хоҷагидорӣ, кадрӣ ва ғайра) ба уҳдаи худ мегирад.

22. Дахолати мақомоти давлатӣ ба фаъолияти таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, тарбиявӣ, молиявию хоҷагидорӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва фаъолияти дигари Донишгоҳ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

4. ИДОРАКУНИИ ДОНИШГОҲ

23. Донишгоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳ ва шартномаи коллективӣ идора карда мешавад.

24. Донишгоҳ бо татбиқи усулҳои мувофиқати яккасардорӣ ва дастаҷамъӣ низоми мақоми идоракунанда таъсис медиҳад.

25. Низоми мақоми идоракунандаи Донишгоҳ:

- ректор;

- Шурои олимон;

- раёсати Донишгоҳ.

26. Ректори Донишгоҳ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

27. Ректор барои идоракунии дастаҷамъонаи Донишгоҳ раёсат (ректорат) ва Шурои олимонро таъсис медиҳад.

28. Вазифа ва ваколатҳои ректори Донишгоҳ:

- вобаста ба вазифаю мақсадҳои Донишгоҳ иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдорро таъмин менамояд;

- ба Шурои олимони Донишгоҳ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оиннома, инчунин таҷдиди назар намудани он таклифҳо пешниҳод менамояд;

- аз номи Донишгоҳ бе ваколатнома амал карда, манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муаррифи менамояд;

- маблағҳои пулии Донишгоҳро тибқи қонунгузорӣ истифода менамояд;

- қабул ба кор, ба кори дигар гузаронидан, аз мансаби ишғолнамуда озод кардан, муваққатан ба вазифа таъин намудан, бастан ва бекор кардани шартномаҳои меҳнатӣ, додани рухсатии меҳнатӣ, инчунин татбиқ намудани муҷозоти интизомӣ ба ҳайати омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад;

- ҷиҳати ҳавасманд ва сарфароз гардонидани ҳайати кормандон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ бо мукофотҳо ва ифтихорномаҳо чораҳои зарурӣ меандешад;

- дар доираи ваколати худ фармоишҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо барои ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ҳатмӣ мебошад;

- дар доираи шумораи кормандон сохтор, тартиби пардохти музди меҳнати кормандон, ҷадвали басти вазифаҳо, воҳидҳои корӣ, харҷномаи даромад ва хароҷоти Донишгоҳ ва муассисаҳои тобеи худро тасдиқ мекунад;

- оиннома, дастурамал, тартибҳо ва низомномаҳои сохторҳои таркибии Донишгоҳро тасдиқ менамояд;

- кори раёсатро ташкил намуда, онро роҳбарӣ менамояд;

- Шурои олимони Донишгоҳро таъсис дода, ба он роҳбарӣ мекунад;

- қабул, аз курс ба курс гузаронидан, хатм, хориҷ, барқарор, интиқол, додани рухсатии академӣ ва татбиқ намудани муҷозоти интизомӣ ба донишҷӯён, магистрантон, аспирантҳо ва докторантҳоро амалӣ мекунад;

- дар мувофиқа бо Муассис муовинони ректор, директорони институтҳо, филиалҳо, директори институтҳои илмию-таҳқиқотӣ, директорони коллеҷҳо ва литсейҳои касбии сохтори худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- деканҳои факултетҳо, мудирон ва сардорони воҳидҳои сохториро дар асоси озмун ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад;

- шаҳрвандон, донишҷӯён ва кормандонро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" қабул менамояд;

- аз номи Донишгоҳ мустақилона баромад намуда, бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷи кишвар дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ шартномаҳо ва ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо мерасонад.

29. Ректори Донишгоҳ ваколати ҳалли масъалаҳои вобаста ба самтҳои мувофиқи фаъолияташро тибқи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ ба зиммаи муовинонаш дар ҳолатҳои зерин вогузор карда метавонад:

- ба муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ (муовини аввал) дар ҳолати дар рухсатии меҳнатӣ, рухсатии эҷодӣ, сафари хизматӣ ё беморӣ қарор доштани роҳбари муассиса, ҳуқуқи имзо ба фармоишҳои ба кор қабул кардан, ба кори дигар гузаронидан, аз кор озод намудан, бастан ва қатъ кардани шартномаҳои меҳнатӣ бо кормандони Донишгоҳ, фармоишҳои барқарор, интиқол ва хориҷи донишҷӯён, таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои санҷиши фаъолияти раёсатҳо, бахшҳо ва сохторҳои дигари Донишгоҳ дода мешавад;

- ба муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат ваколати аз номи ректори Донишгоҳ баромад намудан, ҳуқуқи имзо ба ҳуҷҷатҳои вобаста ба самти рушди стратегӣ ва идоракунии сифат дода мешавад;

- ба муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ҳуқуқи имзо ба мактубҳои вобаста ба самти илм ва инноватсия, инчунин ваколати аз номи ректори Донишгоҳ баромад намудан дар конфронсҳои илмию назариявии дохил ва беруни муассиса дода мешавад;

- ба муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ваколати аз номи ректори Донишгоҳ баромад намудан, ҳуқуқи имзо ба шартномаҳо ва мактубҳо вобаста ба табодули донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар дода мешавад;

- ба муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ҳуқуқи имзо ба мактубҳои вобаста ба самти тарбия ва робита ҷомеа, инчунин ваколати аз номи ректори Донишгоҳ баромад намудан дар чорабиниҳои тарбиявӣ ва фарҳангию оммавии дохил ва беруни муассиса дода мешавад;

- муовини ректор оид ба корҳои хоҷагидорӣ ҳуқуқи имзо дар шартномаҳо оид ба хариди таҷҳизот, хизматрасониҳо, таъмир ва сохтмон дар донишгоҳро дорад. Инчунин ба ваколати ӯ баъди ба анҷом расидани корҳо (таъмирҳои ҷорӣ ва сохтмони асосие, ки аз озмун гузаштааст) ҳуқуқи қабули иҷрои корҳои анҷомшуда дода мешавад;

- ваколатҳои дигарро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

30. Шурои олимони Донишгоҳ дар ҳайати раис (ректор), муовинон, деканҳои факултетҳо, директорон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони дигари илмию педагогӣ ташкил карда мешавад. Ректори Донишгоҳ метавонад вобаста ба зарурат ва эҳтиёҷоти истеҳсолии Донишгоҳ ба ҳайат ва миқдори аъзои Шурои олимон тағйирот ворид намояд. Ташкили бевоситаи фаъолияти Шурои олимони Донишгоҳ ба зиммаи котиби илмии он гузошта мешавад. Раиси Шурои олимони Донишгоҳ котиби илмии Шурои олимони Донишгоҳро аз ҷумлаи аъзои Шурои олимон барои интихоб ба вазифа пешниҳод менамояд.

31. Тартиби кори Шурои олимон мувофиқи низомномаи шурои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад.

32. Шакли асосии фаъолияти Шурои олимон ҷаласа ба ҳисоб меравад. Ҷаласаи Шурои олимон ҳамон вақт салоҳиятнок дониста мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи аъзои он иштирок дошта бошанд. Қарори ҷаласаи Шурои олимон дар сурате қувваи ҳуқуқи пайдо мекунад, ки агар аз нисф зиёди аъзои иштирокдошта ба ҷонибдории он овоз дода бошанд.

33. Ваколатҳои аъзои Шурои олимон:

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо, инчунин таҷдиди назар кардани Оинномаи Донишгоҳ таклифҳо пешниҳод намуда, онҳоро барои тасдиқ ба Муассис пешниҳод менамояд;

- масъалаҳои асосии амалӣ намудани ташкили фаъолияти таълимӣ, таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, инноватсионӣ, тарбиявӣ, байналмилалӣ ва фаъолияти дигари Донишгоҳ, инчунин рушди стратегӣ ва идоракунии сифат ҷиҳати омода намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ муайян менамояд. Аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба номгӯйи ихтисосҳо, курсҳои омӯзишӣ ва самтҳои онҳо, шаклҳои назорати донишазхудкунии донишҷӯён, мониторинги сифати таҳсилот, тақвими академии таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва таътилро баррасӣ мекунад;

- масъалаҳои мукаммалгардонӣ ва идоракунии сохтори Донишгоҳ, аз ҷумла ташкили (барҳамдиҳии) институтҳо, филиалҳо, институтҳои илмию таҳқиқотӣ, марказҳо, раёсатҳо, шуъбаҳо, факултетҳо, кафедраҳо, бахшҳо, шуроҳо, озмоишгоҳҳо ва сохторҳои дигари таълимӣ, илмӣ, хизматрасонӣ ва ғайраро баррасӣ менамояд;

- самтҳои асосии рушди стратегии Донишгоҳро муайян менамояд;

- ҷадвали басти вазифаҳоро баррасӣ намуда, тартиби пардохти музди меҳнатро дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касабаи кормандон тасдиқ мекунад;

- талаботи дохилиро барои ишғоли вазифаҳои профессор, дотсент ва кормандони дигари илмию педагогӣ муайян менамояд;

- масъалаҳои таъсис ва барҳамдиҳии магистратура, аспирантура ва докторантураро баррасӣ менамояд;

- мувофиқи тартиби муқарраршуда ҷиҳати ташкили филиалҳо, донишкадаҳо, институтҳо, факултетҳо, намояндагиҳо, марказҳо ва воҳидҳои дигари сохторӣ, ҳамчунин ҷиҳати таъсиси ихтисосҳои нав тадбирҳо меандешад;

- нақшаҳои дурнамо ва мавзуъҳои таҳқиқоти илмиро баррасӣ намуда, тасдиқ менамояд;

- нақшаҳои рушди стратегии Донишгоҳро баррасӣ ва тасдиқ менамояд;

- бо пешниҳоди ректор масъалаи пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани муовинон, директорони филиалҳо, институтҳо, институтҳои илмию таҳқиқотӣ, деканҳо, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳо ва мудирони кафедраро баррасӣ менамояд;

- ҳайати комиссияи тафтишотиро интихоб намуда, низомнома ва ҳисоботи онро баррасӣ ва тасдиқ мекунад;

- интихоби довталабонро ба тариқи озмун барои ишғоли вазифаҳои холии ҳайати профессорону омӯзгорон амалӣ мекунад;

- масъалаи омодасозӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва ҳавасмандгардонии кормандонро баррасӣ менамояд;

- дар бораи дохил шудан ба магистратура, аспирантура, докторантура, тасдиқи мавзуъҳо ва роҳбарони илмӣ қарор қабул менамояд;

- ҳайати омӯзгорону кормандонро барои дарёфти унвонҳои фахрӣ, мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ пешбарӣ менамояд;

- номзадии олимони ватанӣ ва хориҷиро барои дарёфти унвони "Профессори фахрии Донишгоҳ" тасдиқ менамояд;

- ҳайат ва хулосаи комиссияҳо, шуроҳои доимӣ ва муваққатан амалкунандаи Донишгоҳро тасдиқ мекунад;

- барои донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва хонандагони болаёқат имтиёзҳо муқаррар менамояд;

- қоидаҳои тартиботи дохилии Донишгоҳ, низомнома ва нақшаҳои кории воҳидҳои сохторӣ, комиссияҳо ва шуроҳоро тасдиқ менамояд;

- оид ба амалисозии намудҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ ба омӯзгорону кормандон қарор қабул менамояд;

- масъалаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати он мансуб намудааст, ҳал менамояд.

34. Раёсати Донишгоҳ дар ҳайати ректор (раис), муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, роҳбарони воҳиди сохторӣ ва олимону мутахассисони даъватӣ аз рӯйи зарурат ташкил карда мешавад. Роҳбарии бевоситаи фаъолияти раёсат ба уҳдаи ректор вогузор карда мешавад. Шумораи аъзои раёсатро ректор муайян менамояд.

35. Раёсат тибқи нақшаи тасдиқшуда, инчунин масъалаҳои оперативии идоракунӣ, раванди таълим, ҷараёни корҳои илмӣ, татбиқи барномаҳои таҳсилотӣ, фаъолияти таълимӣ, таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, инноватсионӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва хоҷагидории Донишгоҳро баррасӣ намуда, назорати иҷрои қоидаҳои тартиботи дохилӣ, қарорҳои Шурои олимон, ҷаласаҳои коллективи меҳнатӣ, шартномаҳои коллективӣ, шартномаи меҳнатӣ, нақшаҳои таълимӣ ва илмии Донишгоҳро ба роҳ мемонад. Ҷаласаи раёсат аз рӯйи нақшаи тасдиқнамудаи ректор дар як моҳ на камтар аз як маротиба даъват карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурати истеҳсолӣ ректор метавонад ҷаласаи ғайринавбатии раёсатро даъват намояд.

36. Ҷаласаҳои раёсатро ректор раисӣ менамояд. Ҳангоми набудани ректор бо супориши ӯ дар ҷаласа муовини аввал, муовин оид ба корҳои таълимӣ раисӣ мекунад.

37. Қарорҳои раёсати Донишгоҳ барои иҷро аз ҷониби воҳидҳои сохтории Донишгоҳ ҳатмӣ мебошад. Назорати иҷрои қарорҳои раёсатро, ки тавассути дастури ректори Донишгоҳ ба расмият дароварда шудааст, шахси аз ҷониби ректор ваколатдоршуда амалӣ менамояд.

5. ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР ДОНИШГОҲ

38. Дар Донишгоҳ омодасозии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии мутахассисон ба роҳ монда мешавад. Раванди таълим мутобиқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар амалӣ карда мешавад.

39. Донишгоҳ омодасозии касбиро дар зинаҳои бакалавриат, мутахассис, магистратура, доктор аз рӯйи ихтисос (PhD), аспирантура, унвонҷӯ (шаклҳои рӯзона, ғоибона, фосилавӣ ва таҳсилоти дуюм) ва доктори ҳабилитат ба роҳ мемонад. Тартиби ташкил ва таҳсил дар зинаҳои болозикр мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

40. Қабул ва омодасозии мутахассисон дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, доктор аз рӯйи ихтисос (PhD), аспирантура, унвонҷӯ, доктори ҳабилитат ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар Донишгоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

41. Донишгоҳ барои таъмини раванди таълими донишҷӯён барномаҳои таҳсилотӣ, нақшаи таълимӣ, тақвими академӣ, ҷадвали дарсҳо ва маводди таълимию методӣ таҳия менамояд.

42. Нақшаҳои таълимӣ, ҷадвали дарсҳо ва барномаҳои таҳсилотӣ дар Донишгоҳ мувофиқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва стандартҳои дигари соҳавӣ таҳия ва амалӣ гардонида мешавад.

43. Донишгоҳ усулҳои муосир ва фаъоли раванди таълимро аз рӯйи самтҳо, равияҳо ва ихтисосҳо дар асоси барнома ва нақшаҳои таълимии тасдиқшуда муайян мекунад.

44. Соли таҳсил дар Донишгоҳ барои шакли таҳсили рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ тибқи тақвими академӣ сурат мегирад.

45. Дар Донишгоҳ барномаҳои таълимӣ метавонанд дар шакли таҳсили рӯзона, ғоибона, фосилавӣ ва шабона аз худ карда шаванд.

46. Муҳлати таҳсил тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Донишгоҳ амал карда мешавад.

47. Раванди таълим дар Донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва забонҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, сурат мегирад.

48. Тақвими академии донишҷӯён тибқи нақшаҳои таълимии Донишгоҳ муайян карда мешаванд.

49. Донишгоҳ қабули довталабонро ба факултетҳои муштарак ба роҳ мемонад.

50. Ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилотии довталабони хориҷие, ки ба Донишгоҳ барои қабул муроҷиат менамоянд, тибқи муқаррароти созишномаҳои байниҳукуматии эътирофшуда баробарарзиш ҳисобида мешавад.

51. Донишгоҳ ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатм бомуваффақият гузаштаанд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ, диплом ва нишони Донишгоҳ медиҳад.

52. Ба донишҷӯе, ки барномаи таҳсилоти олии касбиро пурра аз худ накардааст, маълумотномаи академӣ тибқи қоидаҳои тасдиқшуда дода мешавад.

6. СОХТОР ВА ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲ

53. Ба сохтори Донишгоҳ, роҳбарият, Шурои олимон, филиалҳо, институтҳо, институтҳои илмию таҳқиқотӣ, раёсатҳо, шуъбаҳо, марказҳо, бахшҳо, факултетҳо, кафедраҳо, коллеҷҳо, литсейҳо, литсейҳои касбӣ-техникӣ, парки технологӣ, озмоишгоҳҳо, варзишгоҳҳо, фароғатгоҳҳо, ошхонаҳо, осорхонанамоишгоҳ, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, матбаа дохил мешаванд.

54. Донишгоҳ дар ихтиёри худ муассисаҳои давлатии «Донишкадаи байналмилалии Данғара», «Донишкадаи байналмилалии Левакант» ва «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд» дорад, ки фаъолияти онҳо тибқи оиннома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.06.2024 № 380).

55. Дар Донишгоҳ институтиҳо, марказҳо, коллеҷҳо ва литсейҳо амал мекунанд, ки самти фаъолияти онҳо бо ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо танзим карда мешавад.

56. Дар сохтори Донишгоҳ созмон додани ҳизбҳои сиёсӣ манъ аст.

7. ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ, ИЛМИЮ МЕТОДӢ ВА ТАҲРИРИЮ ИНТИШОРИИ ДОНИШГОҲ

57. Донишгоҳ таҳқиқоти илмӣ ва илмию методӣ мегузаронад.

58. Омӯзгорон ва кормандони илмии Донишгоҳ дар мувофиқа бо ректори Донишгоҳ дар симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои дигари илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок менамоянд.

59. Донишгоҳ фаъолияти таҳририю интишорӣ, аз ҷумла нашри рӯзнома, маҷалла, маводди таълимӣ, илмӣ ва методиро амалӣ менамояд. Фаъолияти таҳририю интишорӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

60. Донишгоҳ дорои сомонаи расмии худ буда, дар он мунтазам иттилооти зарурӣ нашр карда мешавад (www.iutet.tj).

8. ОМОДАСОЗИИ КАДРҲОИ ИЛМӢ, ИЛМИЮ ПЕДАГОГӢ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

61. Ҳайати кормандони илмӣ-педагогии Донишгоҳ тавассути таҳсил дар аспирантура ва доктор (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, коромӯзӣ ва унвонҷӯӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии касбӣ, илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он тайёр карда мешаванд. Пешниҳоди рухсатиҳои эҷодӣ ба кадрҳои илмӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

62. Бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ дар Донишгоҳ шуроҳои диссертатсионӣ ташкил карда мешавад.

63. Такмили ихтисоси кормандони Донишгоҳ дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:

- омӯзиш ва табодули таҷриба дар дохил ва хориҷи кишвар;

- фаъолияти эҷодӣ аз рӯи нақшаҳои тасдиқгардидаи илмии Донишгоҳ ва нақшаҳои инфиродии ҳайати профессорону омӯзгорон, унвонҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳо.

9. ҚАБУЛИ ДОНИШҶӯЁН, МАГИСТРАНТОН, КОРОМӯЗОН, АСПИРАНТОН ВА УНВОНҶӯЁН ДАР ДОНИШГОҲ

64. Қабули донишҷӯён, магистрантон, коромӯзон, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантон дар Донишгоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

65. Қабули донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантон дар факултетҳои муштараки Донишгоҳ тибқи шартнома ва созишномаҳои байнимуассисавӣ амалӣ карда мешавад.

10. РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ

66. Донишгоҳ робитаҳои байналмилалии худро дар доираи сиёсати байналмилалии давлат, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома ва созишномаҳои дигар амалӣ менамояд.

67. Донишгоҳ робитаҳои байналмилалиро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, баъд аз таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии иловагӣ, фаъолияти илмӣ ва фаъолияти дигар дар шаклҳои зайл амалӣ мегардонад:

- даъват намудани омӯзгорон ва мутахассисони варзидаи хориҷӣ барои фаъолияти педагогӣ ва илмӣ;

- сафарбар намудани омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, докторантон ва унвонҷӯёни Донишгоҳ барои табодули академӣ, таҷрибаомӯзӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, такмили ихтисос, инчунин ба аспирантура ва докторантура ба муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии олии касбии давлатҳои хориҷӣ;

- иштирок дар барномаҳои дутарафа ва бисёртарафаи табодули донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳ бо давлатҳои дигар дар асоси шартнома (2+2 барои зинаи бакалавриат ва 1+1 барои зинаи магистратура);

- амалӣ намудани лоиҳаҳои таҳқиқотии муштарак;

- таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар Донишгоҳ;

- амалӣ намудани хизматрасониҳои таълимӣ, таълимӣметодӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, инноватсионӣ ва машваратӣ бо ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ;

- гузаронидани ҳамоишҳо, конференсияҳо, семинарҳо, машваратҳо ва намоишҳои байналмилалӣ;

- таҳкими заминаи муосири таълимию методӣ ва илмии Донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ;

- шомил гаштан ба иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо ва созмонҳои дигари касбии байналмилалӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъсиси шуроҳои диссертатсионии муштарак бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷи кишвар;

- ҳамкорӣ дар шаклҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

11. МОЛУ МУЛК ВА ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРИИ ДОНИШГОҲ

68. Донишгоҳ ба молу мулки дар истифодааш буда (биною иншоот, маҷмааҳои таълимӣ, таҷҳизот ва ашёи дигари зарурии таълимӣ, техникӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва ғайра) тибқи қонунгузорӣ, ҳадафҳои фаъолияти хеш, супоришҳои Муассис ва таъиноти молу мулк ҳуқуқи идоракунии оперативӣ дорад.

69. Сарчашмаҳои ташаккули молу мулки Донишгоҳ ва маблағгузории фаъолият аз инҳо иборат аст:

- моликияти давлатие, ки ба Донишгоҳ дода шудааст;

- маблағҳои буҷетии дахлдор, ки барои Донишгоҳ ҷудо гардидааст;

- даромад аз ҳиссаи Донишгоҳ дар воҳиди сохторие, ки шахси ҳуқуқӣ мебошанд;

- даромадҳое, ки аз амалӣ намудани шаклҳои гуногуни хизматрасониҳои муздноки Донишгоҳ ба даст меоянд;

- ҳадя, хайрияҳои ихтиёрӣ ва мероси шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- даромад аз истифодаи объектҳои алоҳидаи моликияти зеҳнии Донишгоҳ;

- даромади дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оиннома манъ нашудааст.

70. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад, дар мувофиқа бо Муассис, ба ғайр аз нақшаи қабули донишҷӯён, аспирантону докторантон, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, донишҷӯёну коромӯзон, аспирантону унвонҷӯён, муҳаққиқону докторантонро ба тариқи шартномавӣ бо пардохти ҳаққи таҳсил ба тариқи инфиродӣ ва аз ҳисоби маблағҳои шахсони дигар қабул намояд.

71. Донишгоҳ дар пешбурди корҳои шартномавӣ, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, мустақил мебошад.

72. Амалиёти молиявӣ тибқи супориши Донишгоҳ ва баҳисобгирии он аз ҷониби мақоми хазинадорӣ ба воситаи суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ва суратҳисоби асъории хазинадорӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

73. Воҳидҳои сохтории Донишгоҳ, ки шахси ҳуқуқӣ мебошанд, барои кушодани суратҳисоби бонкии алоҳида ҳуқуқ доранд.

74. Маблағгузории корҳои таълимӣ, таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ, инноватсионӣ ва хоҷагидорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсуси Донишгоҳ амалӣ карда мешавад.

75. Донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои махсус метавонад ба маоши вазифавии кормандон иловапулӣ муқаррар намояд. Ҳаҷми иловапулӣ ва пардохтҳои дигарро Шурои олимон ва ректори Донишгоҳ бо дарназардошти самаранокии фаъолияти корманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

76. Донишгоҳ бо мақсади ҷалби мутахассисиони соҳибтаҷриба ва омӯзгорони унвондори дохилию хориҷӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар асоси сметаи ягонаи даромаду хароҷот музди меҳнати тафриқавӣ муайян менамояд.

12. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲИИ ДОНИШГОҲ

77. Донишгоҳ дар назди Муассис ҳисоботдиҳанда мебошад.

78. Донишгоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти кории худ ҳисоботи муҳосибиро омода мекунад ва дар муҳлати муқарраргардида ба Муассис пешниҳод менамояд.

79. Вазифаҳои асосии баҳисобгирии муҳосибӣ инҳо мебошанд:

- гирифтани иттилооти дақиқ оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ, натиҷаҳои фаъолият ва идоракунии оперативӣ;

- таъмини назорат оид ба мавҷудият ва гардиши пули нақд, амалиётҳои муҳосибии бонкӣ, воситаҳои молиявӣ, меҳнатӣ ва воситаҳои дигар мувофиқи меъёр, ченакҳо ва харҷномаҳо;

- огоҳонидани саривақтӣ аз зуҳуроти номатлуб дар фаъолияти молиявию хоҷагии Донишгоҳ.

13. ҚАТЪ ШУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ

80. Қатъ шудани фаъолияти Донишгоҳ тариқи барҳам додан ва ё азнавташкилдиҳӣ (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо шудан, табдил ёфтан) - и он амалӣ карда мешавад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 марти соли 2024, № 199

Сохтори Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон"

1. Роҳбарият

2. Шурои олимон

3. Раёсати таълим

4. Раёсати илм ва инноватсия

5. Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

6. Раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти сифат

7. Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа

8. Раёсати маъмурӣ-хоҷагидорӣ

9. Раёсати ҳисобдорӣ ва молия

10. Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус

11. Шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

12. Шуъбаи барномаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо

13. Шуъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ

14. Шуъбаи банақшагирии стратегӣ ва барномаҳои рушд

15. Шуъбаи менеҷменти сифат

16. Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ

17. Шуъбаи робита бо ҷомеа

18. Шуъбаи кор бо ҷавонон

19. Шуъбаи амнияти дохилӣ

20. Шуъбаи банақшагирии молиявӣ

21. Шуъбаи умумӣ

22. Шуъбаи назорат

23. Шуъбаи табъу нашр

24. Бахши таъминоти ҳуқуқӣ

25. Бахши дуюм ва бақайдгирии донишҷӯён

26. Бахши ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ

27. Бахши мудофиаи гражданӣ ва сафарбаркунӣ

28. Бахши хобгоҳ

29. Бунгоҳи тиббӣ

30. Бахши фарҳанг

31. Бахши омор

32. Бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон

33. Институти илмию таҳқиқотии "Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ"

34. Институти илмию таҳқиқотии "Иқтисоди сабз"

35. Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормадони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ

36. Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ

37. Маркази таҳсилоти фосилавӣ ва муттасил

38. Маркази таълимӣ-таҷрибаомӯзии сайёҳӣ ва меҳмондорӣ (н. Варзоб)

39. Маркази барномаҳои таҳсилотии муштарак

40. Маркази таҳқиқоти инноватсионӣ

41. Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо

42. Маркази идораи лоиҳаҳо

43. Маркази робита бо ҷомеа

44. Маркази идоракунии стратегӣ

45. Парки инноватсионию технологӣ

46. IT - парк

47. Ширкати сайёҳӣ

48. Осорхона-намоишгоҳ

49. Китобхонаи илмию электронӣ

50. Институти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ

51. Институти сайёҳӣ

52. Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

53. Факултети молия ва қарз

54. Факултети ҳуқуқ ва гумрук

55. Факултети гуманитарию педагогӣ

56. Кафедраҳо

57. Факултети муштараки сайёҳии байналмилалӣ (ДБССТ ва ДДССР)

58. Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Данғара» (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.06.2024 № 380)

59. Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Левакант»

60. Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.06.2024 № 380)

61. Муассисаи давлатии "Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Левакант"

62. Муассисаи давлатии "Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд"

63. Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант

64. Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд

65. Литсейи Донишгоҳ