Замимаи 4
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 марти соли 2024, № 798
Қоидаҳои реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои мазкур муқаррароти умумиро оид ба реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ (минбаъд - реҷаи махсус) муайян менамояд.
2. Зери мафҳуми "реҷаи махсус" фароҳам овардани шароити махсуси ташкиливу ҳуқуқӣ барои шахсони ҳуқуқие, ки технологияҳоро дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ, аз ҷумла муомилоти дороиҳои рақамӣ (минбаъд - лоиҳаҳои озмоишӣ), ҷорӣ менамояд, пешниҳоди имтиёзҳо дар муносибатҳое, ки дар ҷараёни озмоиш ва амалигардонии лоиҳаҳои озмоишӣ бармеоянд, фаҳмида мешаванд.
3. Дар чаҳорчӯбаи реҷаи махсус амалӣ намудани лоиҳаҳое, ки истифодаи дороиҳои рақамиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати воситаи пардохт ва ё қабули пардохт пешбинӣ менамоянд, манъ мебошанд.
4. Тартиби пешниҳод намудани реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо таклифи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ПЕШНИҲОДИ РЕҶАИ МАХСУС
5. Ҳадафҳои асосии пешниҳоди реҷаи махсус инҳо мебошанд:
- пешниҳоди майдонча барои озмоиш ва татбиқи намунавии технологияҳои нав дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ, аз ҷумла муомилоти дороиҳои рақамӣ;
- ташаккул ва озмоиши механизмҳои танзимнамоии нав, дар ҳолате ки агар меъёрҳои амалкунанда ба талаботи ҷорӣ ҷавобгӯй набошанд;
- мусоидат дар татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ, муомилоти дороиҳои рақамӣ, аз он ҷумла лоиҳаҳои озмоишӣ оид ба барориши дороиҳои рақамӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ;
- васеъ намудани намудҳои маҳсулот ва хизматрасониҳо дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ, муомилоти дороиҳои рақамӣ, аз ҷумла дар самти коркарди қарорҳои ба содирот нигаронидашуда;
- таъмини назорати дахлдор дар ҷараёни татбиқи технологияҳои нав дар соҳаи инноватсия ва рақамикунанонӣ, аз ҷумла дороиҳои рақамӣ;
- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин коркарди усулҳои нави танзим дар заминаи озмоишҳои дар доираи реҷаи махсус гузаронидашуда;
- ихтисори вақт ва хароҷоти баровардани технологияи нав дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ, аз ҷумла муомилоти дороиҳои рақамӣ;
- ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳо дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва омода намудани маводди таҳлилӣ.
3. ҲУҚУҚИ АГЕНТӢ ДАР ЧАҲОРЧӯБАИ РЕҶАИ МАХСУС
6. Агентӣ дар чаҳорчӯбаи реҷаи махсус дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- бақайдгирии иштирокдорони реҷаи махсус, талабот нисбат ба фаъолияти онҳо, чораҳо оид ба дастгирии онҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳои озмоиширо муайян менамоянд, аз ҷумла баъди гузаронидани машварат бо мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор таклифҳоро дар бораи маҳдуд намудани татбиқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар муҳлати амалишавии лоиҳаҳои озмоишӣ пешниҳод намояд;
- бақайдгирии иштирокдорони реҷаи махсусро амалӣ намояд;
- назорати низомнок оид ба ҷараёни иҷрои корҳоро аз ҷониби иштирокдорони реҷаи махсус амалӣ намояд;
- тартиб ва шартҳои аз ҷониби иштирокдорони реҷаи махсус коркард намудани маълумоти шахсии бехусусияткунонидашуда, инчунин талабот нисбат ба онҳоро дар асоси шартномаҳои бо мақоми ваколатдори давлатии дахлдор имзогардида муайян намояд;
- пешниҳод намудани дастгирии ташкилию ҳуқуқӣ ва машваратӣ ба иштирокдорони реҷаи махсус дар муҳлати амалишавии лоиҳаҳои озмоишӣ.
7. Фармоишҳои Агентӣ, ки дар доираи ваколатҳои он қабул карда шудаанд, барои тамоми мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ ҳатмӣ мебошанд.
4. ВАЗЪИ ИШТИРОКДОРОНИ РЕҶАИ МАХСУС
8. Иштирокдорони реҷаи махсус баъди бақайдгирии давлатӣ тибқи тартиби муқарраршуда барои амалӣ намудани лоиҳаҳои озмоишӣ бе гирифтани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ, аз ҷумла муомилоти дороиҳои рақамӣ, ҳуқуқ пайдо менамоянд.
9. Фаъолияти иштирокдорони реҷаи махсус, инчунин муносибатҳои шартномавӣ бо субъектҳои дигари дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ тибқи реҷаҳои ҳуқуқие, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентӣ муқаррар карда мешаванд, танзим карда мешаванд.
10. Арзиши баландтарини шартномаҳо (офертаҳо, созишномаҳо) барои пешниҳоди хизматрасониҳо, ки аз ҷониби иштирокдорони реҷаи махсус бо субъектон - резидентон ва ғайрирезидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, инчунин миқдори зиёдтарини мизоҷон дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ дар реҷаи махсус бояд ба таври ҳатмӣ дар мувофиқа бо Агентӣ муқаррар карда шаванд.
11. Дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ дар реҷаи махсус имтиёзҳо ва афзалиятҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, татбиқ мегарданд.
12. Муҳлати ниҳоии татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ дар чаҳорчӯбаи реҷаи махсус аз се сол зиёд буда наметавонад.
13. Бо гузаштани муҳлати дарҷгардида Агентӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз реҷаи махсус баровардани лоиҳаҳои озмоишӣ ва татбиқ шудани муқаррароти меъёрҳои дахлдор бо мақсади танзими муносибатҳои дахлдор дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳолати ноил шудани лоиҳаҳои озмоишӣ ба натиҷаҳои мусбат) ва ё қатъ намудани лоиҳаи озмоишӣ бо зикри асосҳои дахлдор пешниҳод менамояд.