Замимаи 1
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 марти соли 2024, № 798
Низомномаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ амалӣ менамояд.
2. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
3. Агентӣ барои иҷрои вазифаҳои худ ҳамкориро бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари дахлдор, новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, тибқи қонунгузорӣ, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида бо шарикони рушд ва мақомоти ваколатдори хориҷӣ ба роҳ мемонад.
2. ВАЗИФАҲО, ВАКОЛАТ ВА ҲУҚУҚҲОИ АГЕНТӢ
4. Агентӣ вазифаҳои асосии зеринро анҷом медиҳад:
- таҳия ва амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи инноватсия, технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла муомилоти дороиҳои рақамӣ;
- ташаккул, идоракунӣ ва пешбурди раванди фароҳамоварии шароити мусоид барои рушди рақамии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян ва роҳандозии низоми рақамии танзими муносибатҳои давлатӣ бо аҳолӣ ва бахши хусусӣ;
- мушаххас намудани зарурату имконияти ташаккул ва ҷорӣ намудани инфрасохтори таъмини рақамикунонӣ;
- идоракунӣ ва танзими раванди амалисозии ҳукумати электронӣ, аз ҷумла пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли рақамӣ, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи имзои электронӣ, савдои электронӣ, батанзимдарории зеҳни сунъӣ ва мукаммалнамоии равандҳои технологӣ;
- танзим ва пешбурди фаъолияти маркази ягонаи тамос оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ, маркази тасдиқкунандаи Агентӣ, марказҳои хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳиякунандаи барномаҳои рақамӣ;
- муайян намудани самтҳои рушди инноватсия ва заминаи дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташаккули механизми дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмию техникии дорои хусусияти инноватсионӣ;
- иштирок дар раванди рақамикунонии бақайдгирӣ ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмию техникӣ;
- идоракунӣ ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ вобаста ба инноватсия ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои феҳристи тақсимшуда ва технологияҳои нави дигар дар низоми идоракунии давлатӣ, соҳаҳои дигари иқтисодию иҷтимоӣ;
- дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалисозии назорат, санҷиш ва расмиёти додани ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта;
- фароҳам овардани шароит барои омода намудани кадрҳои соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ.
5. Агентӣ мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- таклифҳоро вобаста ба муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушд ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ дар соҳаи инноватсия, технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла муомилоти дороиҳои рақамӣ пешниҳод менамояд;
- дурнамо ва банақшагирии стратегии рушди соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамиро, аз ҷумла тавассути таҳияи консепсия, стратегия ва барномаҳои соҳавӣ ба амал мебарорад;
- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия карда, бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи инноватсия, технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла муомилоти дороиҳои рақамӣ таҳия ва қабул менамояд;
- таъмини иҷрои реҷаи махсуси батанзимдарорӣ дар соҳаи инноватсия, технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла муомилоти дороиҳои рақамиро ба роҳ мемонад;
- бо тартиби муқарраргардида стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳоро дар соҳаҳои инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;
- дар истифодаи технологияҳои рақамӣ ва технологияҳои нави дигар ба мақомоти давлатӣ ва кормандони он мусоидат менамояд;
- бо муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ оид ба масъалаҳои таълим ва бозомӯзии кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дигари дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамкорӣ мекунад;
- ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ амалӣ менамояд;
- риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии сармоягузорон дар соҳаи инноватсия ва технологияхои рақамӣ, аз ҷумла муомилоти дороиҳои рақамиро якҷо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин менамояд;
- татбиқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ташаккули ҳукумати электронӣ, аз ҷумла пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли рақамӣ, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи имзои электронӣ, инчунин савдои электронӣ, зеҳни сунъӣ, ҳифзи маълумоти дахлдор, паркҳои технологӣ, муомилоти дороиҳои рақамӣ, аз ҷумла крипто-дороиҳо амалӣ менамояд;
- низоми хизматрасониҳои давлатиро тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ таъсис медиҳад;
- аз ҷониби мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳо ҷамъоварӣ, коркард, истифода ва паҳн намудани маълумоти дахлдорро назорат мекунад;
- пешбурди феҳристҳои субъектҳои паркҳои технологӣ, маълумоти шахсӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва имзои рақамиро амалӣ менамояд;
- марҳилаҳои гузариш ба низоми рақамии танзими муносибатҳои давлатӣ бо аҳолӣ ва бахши хусусиро муайян ва идора менамояд;
- зарурату имконияти ташаккул ва ҷорӣ намудани инфрасохтори таъмини рақамикунониро меомӯзад ва роҳбарӣ менамояд;
- бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои феҳристи тақсимшуда ва технологияҳои нави дигар, ҳамкорӣ менамояд;
- барои ҷалби мутахассисони баландихтисос аз кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи инноватсия, инчунин таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои феҳристи тақсимшуда ва технологияҳои нави дигар, мусоидат менамояд;
- дар асоси омӯзиши таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар соҳаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ таҳияи лоиҳаҳоро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои феҳристи тақсимшуда ва технологияҳои нави дигар, таъмин менамояд;
- оид ба амалисозии лоиҳаҳо бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои феҳристи тақсимшуда ва технологияҳои нави дигар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, таклифҳо пешниҳод менамояд;
- фаъолияти маркази ягонаи тамос оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ, марказҳои тасдиқкунандаи Агентӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳиякунандаи барномаҳои рақамиро танзим ва пеш мебарад;
- оид ба муайян намудани соҳаҳои ба инноватсия нигаронидашуда ва методологияи арзёбии сатҳи ҷорӣ намудани инноватсия дар соҳаҳои мазкур таклифҳо пешниҳод намояд;
- ҳолати иҷрои раванди рақамикунонӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамиро дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор мавриди назорат қарор медиҳад ва ҳамасола аудити мутобиқати соҳавии ин мақомот ва ташкилотро мегузаронад;
- индикаторҳои калидии самаранокии тадбирҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари дахлдор, новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, ҷиҳати дар фаъолияташон истифода шудани инноватсия ва технологияҳои рақамӣ барои ҳар сол таҳия ва пешниҳод менамояд;
- дар доираи ваколати худ ва бо дарназардошти қонунгузорӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо санҷишҳо гузаронида, доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ пешниҳод ирсол менамояд;
- лоиҳаҳои сармоягузории давлатии қисман ё пурра ба соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тааллуқдоштаро ҳамоҳанг, самаранокии амалигардонии онҳоро таъмин, инчунин лоиҳаҳои навро дар ин соҳа тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ менамояд;
- дар доираи шаклҳои ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва соҳибкорон лоиҳаҳои марбут ба самти фаъолияти худро амалӣ менамояд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои соҳибкории соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамиро ба амал мебарорад ва барои беҳтар намудани фаъолият дар ин самт якҷо бо мақоми ваколатдори давлатии соҳа тадбирҳои амалиро меандешад;
- қонунгузории соҳавӣ, аз ҷумла дар доираи реҷаи махсуси танзимиро таҳия ва пешниҳод менамояд;
- дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва амалигардонии ҳамкориҳои байналмилалӣ марбут ба соҳаи фаъолият иштирок менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида созишномаҳои байналмилалӣ ва байниҳукуматиро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ба имзо мерасонад ва амалӣ менамояд;
- пешниҳодҳоро оид ба мукаммал намудани танзими ҳуқуқии муомилоти дороиҳои рақамӣ, аз ҷумла криптодороиҳоро таҳия менамояд;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар оид ба истифодаи дороиҳои рақамӣ машваратҳо медиҳад;
- ба мақомоти дахлдори давлатӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар самти муомилоти дороиҳои рақамӣ, аз ҷумла крипто-дороиҳо ҷиҳати беҳдошти соҳаи инноватсия ва технологияи рақамӣ таклифу пешниҳодҳо манзур менамояд;
- дар ҷараёни фаъолият ва истифодаи технологияҳои рақамӣ раванди истифодаи имзои электронии ҳифзшударо барои мақомоти давлатӣ ҷорӣ менамояд;
- ба амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ, аз ҷумла дорои хусусияти илмӣ, ихтироотӣ, навоварӣ, ноу-хау ва илмию техникӣ якҷо бо бахши давлатӣ ва хусусӣ мусоидат менамояд;
- марҳила ба марҳила раванди идоракунии рақамии амалишавии лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ ҷорӣ менамояд ва индикатори муайянкунандаи таъминоти дастрасии баробар ба технологияҳои рақамӣ ва алоқаи барқиро мавриди амал қарор медиҳад;
- низоми ягонаи таъсис ва истифодаи мунтазами сомонаҳои мақомоти давлатиро мавриди мониторинг қарор медиҳад ва вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта таклифҳо манзур менамояд;
- аз мақомоти давлатӣ таъсис додани платформаҳои соҳавиро талаб менамояд ва ин равандро мавриди пайгирии мунтазам қарор медиҳад;
- паркҳои технологӣ, минтақаҳои инноватсиониро таъсис медиҳад ва онҳоро идора менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида бо мақсади таъминоти кадрии соҳа бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии техникии дахлдор ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати таъсиси муассисаҳои дахлдори таълимиро дар самти омода кардани кадрҳои соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таклиф пешниҳод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои таъсиси фондҳои венчурӣ таклиф пешниҳод менамояд;
- такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи инноватсия, технологияҳои рақамӣ ва хизматрасониҳои давлатиро муайян ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳавӣ амалӣ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида озмунҳои соҳавӣ мегузаронад ва ҷиҳати гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи танзимкунанда тадбирҳои дахлдор меандешад;
- инфрасохтори технологияи баланди иттилоотӣ ва коммуникатсиониро дар доираи ваколат рушд ва таъмин менамояд;
- механизмҳои рақамии пешбурди мониторинги муттасили иҷрои вазифаҳои гузошташуда, қабул ва коркарди тамоси мутақобила, механизмҳои санҷиш ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин баҳодиҳии истифодабарандагони рақамӣ ва аҳолӣ аз сифати хизматрасониро коркард ва ҷорӣ менамояд;
- сатҳи истифодаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсияро дар бахши давлатӣ ва бахши хусусӣ, аҳолӣ, инчунин сатҳи рушди бахши рақамии иқтисодиёт арзёбӣ менамояд;
- ташаббусҳо оид ба таъсиси экосистемаи рақамӣ бо ҷалби намояндагони бахши хусусӣ, аз ҷумла бахшҳои пешбарандаи он, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, муассисаҳои таълимӣ, касбию илмӣ ва соҳибкорон, сармоягузорон, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд коркард ва пешниҳод менамояд;
- дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ оид ба таҳким ва рушди алоқаи рақамӣ барои таъмини дастрасии фарохмавҷӣ ва мобилӣ ба шабакаи интернет дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва маҳалҳои аҳолинишини дурдаст иштирок менамояд;
- якҷо бо мақомоти дахлдор механизмҳои самаранок барои сари вақт муайян ва пешгирӣ намудани хавфҳои эҳтимолии марбут ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва инноватсиониро коркард ва пешниҳод менамояд;
- якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ стандартҳои амнияти иттилоотӣ дар "низомҳои абрӣ", технологияҳои квантӣ, низомҳои воқеияти виртуалӣ ва афзоишёфта, технологияҳои зеҳни сунъӣ ва таъмини назорати риояи онҳоро таҳия менамояд;
- низоми миллии савдои электронӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор бобати таъмини фаъолияти босамари савдои электрониро ташаккул ва рушд медиҳад, лоиҳаҳо ҷиҳати рақамикунонии бақайдгирии натиҷаҳои илмию техникиро омода ва амалӣ менамояд;
- ҷиҳати васеъкунии истифодаи технологияҳо дар ҷараёни истеҳсолӣ ва нақлиётию логистикӣ бо истифодаи усулҳои криптографӣ тадбирҳо меандешад;
- барои пурра рақамӣ кардани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ чораҳои зарурӣ меандешад;
- бо мақомоти дахлдори танзимкунанда маҷмуи тадбирҳоро оид ба ҳавасмандгардонии гардиши ғайринақдӣ таҳия ва амалӣ менамояд;
- дар таҳия ва татбиқи тадбирҳо оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом иштирок менамояд;
- барои пешгирии қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар соҳаи рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳамкориро ба роҳ мемонад;
- қоидаҳои назорати дохилиро нисбат ба шахсоне, ки дар соҳаи муомилот бо дороиҳои рақамӣ машғуланд, бо тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ менамояд, инчунин риояи онҳоро назорат мекунад;
- назорати пурра ва эътимоднокии маълумот ва ҳисобот оид ба амалиётҳо бо дороиҳои рақамиро анҷом медиҳад;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои хизматрасонии давлатӣ, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имзои электронӣ, ҳифзи маълумоти дахлдор, иқтисоди рақамӣ ва савдои электронӣ дар доираи салоҳияти худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ ва ҷазои маъмурӣ таъин менамояд;
- ваколатҳои дигари марбут ба самти фаъолиятро анҷом медиҳад.
6. Агентӣ мувофиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузошташуда ҳуқуқҳои зерин дорад:
- дар доираи ваколати худ ва тибқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумотеро, ки барои қабули қарорҳо доир ба масъалаҳои ба ваколати Агентӣ дохиланд, талаб кунад ва ройгон дастрас намояд;
- намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқиро барои иштирок ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳое, ки ба ваколати Агентӣ дохиланд, ҷалб намояд ва иҷрои қарорҳои дар доираи ваколат қаблушударо талаб намояд;
- бо мақсади ташаккул ва татбиқи сиёсати ба ваколати Агентӣ тааллуқдошта мушовирони сатҳи байналмилалӣ ва маҳаллиро ҷалб намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида шартнома ба имзо расонад;
- барои иҷрои фаъолият тибқи ваколати Агентӣ бо мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони хориҷӣ, шартнома ба имзо расонад;
- санадҳои ҳуқуқиро дар доираи ваколатҳои худ таҳия ва қабул намояд;
- дар доираи ваколати худ семинарҳо, ҷаласаҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои дигарро гузаронад ва дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намояд;
- тайёр намудан, таҷрибаомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро дар соҳаи инноватсия, технологияҳои рақамӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла бо ҷалби шарикони рушд, ташкил ва баргузор намояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ намояд;
- фаъолияти хизматрасониро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ амалӣ намояд;
- омодагии касбии кормандони Агентӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва тарҷрибаомӯзии онҳоро ташкил намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро амалӣ намояд;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари давлатӣ чорабиниҳо оид ба муаррифӣ ва тарғиби дастовардҳои рақамикунонӣ ва инноватсияи кишварро ташкил намояд;
- ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар ҳалли мушкилоти соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мусоидати амалӣ ва методӣ намояд;
- фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоҳанг карда, бо бахши хусусӣ, аҳолӣ ва шарикони рушд дар ин самт ҳамкорӣ намояд;
- нишонҳои соҳавии хизматӣ ва ба онҳо сарфароз гардонидани кормандон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои дастовардҳо ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамиро муқаррар намояд;
- мақомоти ҳамоҳангсозӣ ва экспертӣ (шуроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла бо ҷалби шарикони рушд ва бахши хусусӣ бо мақсади амалигардонии самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис диҳад, низомномаҳои онҳоро тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқ намояд;
- барои интишори маводди методӣ ва иттилоот дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ нашрияҳо ва воситаҳои ахбори оммаро таъсис диҳад;
- ҳисоботи даврӣ оид ба амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, ошкор намудани мушкилоти мавҷуда ва пешниҳод барои бартараф намудани онҳо, инчунин татбиқи ташаббусҳо оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамиро омода намояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ назорат ва санҷиши марбут ба самти фаъолиятро дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо гузаронад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта диҳад;
- маълумот ва ҳисоботи солона оид ба соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамиро дар сомонаи расмии Агентӣ ҷойгир намояд;
- ҳуқуқҳои дигарро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.
3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТӢ
7. Агентиро директор роҳбарӣ менамояд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
8. Директор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.
9. Директори Агентӣ дорои се муовин, аз ҷумла як муовини якум мебошад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
10. Директор дар доираи ваколати худ:
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мувофиқи қарорҳои ҳайати мушовара, ҳар сол харитаи роҳи вусъат додани инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- аз номи Агентӣ амал мекунад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар манфиатҳои онро муаррифӣ менамояд, аз рӯйи масъалаҳои фаъолияти Агентӣ қарор қабул карда, роҳбарии умумии фаъолияти Агентиро амалӣ менамояд;
- байни муовинони худ уҳдадориҳоро тақсим мекунад;
- бо тартиби муқарраргардида роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, дигар кормандони Агентӣ, роҳбар, муовинони роҳбар, инчунин роҳбарони бахши молиявии ташкилотҳои низоми Агентиро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад ва нисбати онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ҷавобгарии интизомиро меандешад;
- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории ташкилотҳои низоми Агентӣ ва дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии Агентиро тасдиқ менамояд;
- дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯйи масъалаҳои мансуб ба ваколатҳои Агентӣ иштирок менамояд;
- харҷнома ва ҷадвали воҳидҳои кории Агентиро дар доираи фонди пардохти музди меҳнат ва шумораи кормандони аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, харҷномаи нигаҳдории онро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор тасдиқгардида, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд, тасдиқ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои марбут ба ваколатҳои Агентӣ қабул менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ оид ба масъалаҳои фаъолияти Агентӣ фармоиш қабул менамояд ва дар ҳолати зарурӣ якҷо бо роҳбарони мақомоти давлатӣ ҳуҷҷатҳои якҷояи меъёрии ҳуқуқиро ба имзо мерасонад;
- қарорҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи воҳидҳои сохтории Агентиро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани онҳо муқаррар нашуда бошад;
- барои гузаронидани санҷиши мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба масъалаҳои марбут ба самти фаъолият фармоиш қабул менамояд;
- дар доираи ваколати худ кормандони Агентиро, ки дар рушди соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ саҳм гузоштаанд, ҳавасманд мегардонад ва ба онҳо рутбаҳои тахассусӣ медиҳад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти фаъолият бо мақомоти давлати хориҷӣ ва шарикони рушд гуфтушунид анҷом медиҳад ва ба шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ имзо мегузорад;
- назорати дохилиро дар Агентӣ ташкил ва таъмин менамояд;
- фаъолияти молиявию хоҷагидории Агентиро назорат намояд;
- дар доираи вазифа, ваколат ва ҳуқуқҳои Агентӣ тадбирҳои дигарро амалӣ менамояд.
11. Муовинони директори Агентӣ бевосита ба директор тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.
12. Дар ҳолати набудани директор уҳдадории ӯро муовини якуми директор иҷро менамояд.
13. Директори Агентӣ ва кормандони он мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, инчунин Низомномаи мазкур фаъолият менамоянд.
14. Дар Агентӣ таҳти роҳбарии директори Агентӣ ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он муовинони директори Агентӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара, ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯйи мансаб дохил мешаванд, бо пешниҳоди директори Агентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
15. Ҳайати мушовараи Агентӣ дар ҷаласҳои худ масъалаҳои муҳимми соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамиро баррасӣ менамояд.
16. Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида ва аксарияти овози аъзои он қабул ва бо фармоиши директори Агентӣ ба расмият дароварда шуда, дар ҳолати зарурӣ барои иҷро ба мақомоти дахлдор ирсол мегарданд.
4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
17. Нигоҳдории Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсуси Агентӣ ва манбаъҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба роҳ монда мешавад.
18. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, муҳру штампҳои дахлдор, рамзи Агентӣ, бланкҳои намуди муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
19. Ҳуқуқи истифодабарӣ ва идоракунии моликияти давлатие, ки ба Агентӣ супорида ё вобаста шудааст, мувофиқи қонунгузории амалкунанда амалӣ карда мешавад.
20. Маҳалли ҷойгиршавии дастгоҳи марказии Агентӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 23.
21. Номи пурраи Агентӣ:
- бо забони давлатӣ: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо забони русӣ: Агентство инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан;
- бо забони англисӣ: Agency of Innovation and Digital Technologies under the President of the Republic of Tajikistan.
Замимаи 2
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27" марти соли 2024, № 798
Сохтори дастгоҳи марказии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати гузариш ба низоми рақамӣ
Раёсати танзими ҳукумати электронӣ
Раёсати рушди инноватсия ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмию техникӣ
Раёсати танзими гардиши ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ
Раёсати танзими савдои электронӣ
Раёсати таъмини амнияти иттилоотӣ
Раёсати банақшагирӣ ва котибот
Раёсати ҳуқуқ
Шуъбаи таҳия ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо
Шуъбаи кадрҳо
Шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ
Замимаи 3
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27" марти соли 2024, № 798
Номгӯйи ташкилотҳои низоми Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ"
Муассисаи давлатии "Маркази ҳифзи маълумот"